Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истгоҳи Турсунзода Тошканду Душанберо наздиктар месозад


Робитаҳои миёни Узбакистон ва Тоҷикистон соли 2017 наздиктар шуданд. Номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро гирифтани яке аз истгоҳҳои нави метрои Тошканд, ки қарор аст ба наздикӣ ба истифода дода шавад, робитаҳои рӯ ба беҳбудӣ гузоштаро боз ҳам тақвият хоҳад дод.

Номгузории истгоҳи метрои самти ноҳияи Сергелии вилояти Тошканд ба исми шоири машҳури тоҷик рӯйдоди рамзӣ хоҳад буд. Сохтмони ин масири нави метрои пойтахти Узбакистон дар охири соли гузашта ба ибтикори президент Шавкат Мирзиёев оғоз шуд. Тарҳи сохтмони ин масири метро аз шаш истгоҳ иборат буда, аз истгоҳи “Олмазор” то маҳаллаи Сергелӣ тӯл мекашад ва роҳи оҳани он дар баландии шаш метр аз рӯи замин насб шудааст.

Соли 2017 соли нармшавии робитаҳои миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дониста мешавад. Бори нахуст дар 25 соли ахир парвози ҳавопаймо миёни Тошканд ва Душанбе барқарор карда шуд.

Интихоби исми истгоҳ, ки тақвияти робитаҳои Узбакистону Тоҷикистонро ҳадаф дорад, барои дастандаркорон чандон мушкилӣ надошт. Ин истгоҳи метро дар канори хиёбони ба номи Мирзои Турсунзодаи шаҳри Тошканд воқеъ аст. Чунин хиёбонҳои “бародарона”, ки ба таъкиди дӯстиву эҳтироми кишвари ҳамсоя равона шудааст, дар шаҳри Душанбе низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар пойтахти Тоҷикистон хиёбони ба номи шоир ва мутаффакири узбак Алишер Навоӣ, шоир Ғафур Ғулом ва кӯчаи Тошкандӣ мавҷуданд. Аммо, дар солҳои мухолифати сиёсии миёни ин ду кишвар ин нишонаҳои дӯстӣ чандон назаррас набуданд.

“Ин хабари хеле хушҳолкунанда барои ҳамаи мост! – гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева. – Устод Мирзо Турсунзода воқеан ноқили ақидаҳои дӯстии халқҳо ва муҳаббату таҳаммулпазирии миёни одамон буданд. Ҳама мисраҳои машҳури устодро медонанд, ки навиштаанд, “То тавони дӯстонро гум макун...”

Гулрухсор Сафиева.
Гулрухсор Сафиева.

Гулрухсор Сафиева зикр кард, ки оилаҳои зиёде дар ин ду ҷумҳурӣ хешовандони миллаташон тоҷику узбакро доранд ва исмгузории истгоҳи метрои шаҳри Тошканд ба номи Мирзо Турсунзода мояи ифтихори мардуми ин ду кишвар аст.

“Ҳар боре, ки дар маркази Душанбе дар хиёбони ба номи Ғафур Ғулом қадам мезанам, ба ёдам дӯстии ин шоир бо Мирзо Турсунзода меояд. Ин ду шоири бузург ҳамеша дӯстии ин ду халқро тараннум мекарданд. Хушҳолам, ки ҳамакнун метавонам озодона барои дидорбинии дӯстони зиёди шоирони узбакистон сафар кунам”, - афзуд хонум Сафиева.

Улуғбек Бобоқулов, хабарнигори Оҷонсии байналмиллалии “Фергана.ру” низ ба ин назар аст, ки номгузории истгоҳи метро ба исми Мирзо Турсунзода нишони талошҳои ҷонибҳо ба ҳамгироӣ аст.

“Ин иқдом далели он аст, ки Узбакистон ҳадаф дорад робитаҳояш бо Тоҷикистонро беҳбуд бахшад. Зеро, дар ғайри ин сурат, на танҳо робитаҳои байнидавлатӣ, балкӣ шаҳрвандони оддӣ низ зарар мебинанд. Ҳар навъи беҳбуди робитаҳо ба суди мардум мебошад. Чунин номгузории истгоҳи метро ба фоидаи худи Шавкат Мирзиёев низ аст. Агар вай талаботи гирифтани визаро бекор кунад, шояд мардум ӯро болои даст мебардоронд. Акнун бояд иқдоми ҷавобии Раҳмонро интизор шуд”, - гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Улуғбек Бобоқулов.

Маркази савдои Узбакистон дар Хуҷанд.
Маркази савдои Узбакистон дар Хуҷанд.

Соли 2017 соли нармшавии робитаҳои миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дониста мешавад. Бори нахуст дар 25 соли ахир парвози ҳавопаймо миёни Тошканд ва Душанбе барқарор карда шуд. Нахуст ширкати ҳавоии “Узбакистон ҳаво йулларӣ” дар ин масир парвоз анҷом дод ва сипас ширкати ҳавоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон низ ба ин кор пайваст.

Ҳайатҳои бозаргонони ду кишвар назди ҳамдигар барои тавсеи тиҷорат рафтанд ва табодули фарҳангии миёни Тоҷикистону Узбакистон рушд кард. Дар Душанбе ва Тошканд Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон ва Тоҷикистон баргузор шуданд. Гурӯҳҳои ҳунарии ситораҳои эстрадаи Узбакистон дар Душанбе барномаҳои худро пешкаши тамошобинон карданд. Дар моҳи октябр дар Душанбе сафари ҳунарии театри лӯхтаки кӯдаконаи Узбакистон сурат гирифт ва ҳоло Сирки Тошканд меҳмони пойтахти Тоҷикистон шудааст.

Дар Душанбе намояндагии ширкати “Ҷенерал Моторс Узбакистон” (мошинҳои тамғаи Ravon) боз шуд ва фурӯшандаи маҳсулоти тамғаи Artel тиҷорати худ дар Тоҷикистинро пеш мебарад. Дар навбати худ 120 ширкат аз Тоҷикистон тирамоҳи соли ҷорӣ дар намоишгоҳи тиҷоратӣ дар Тошканд ширкат карданд.

Ҳатто дар сатҳи ғайрирасмӣ робитаҳои муфиде роҳандозӣ мешаванд. Аз ҷумла, қаҳрамони футболи Узбакистон – дастаи “Локомотив” расман футболбозони дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистонро барои роҳ ёфтан ба финали Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё табрик кард.

Консерти ҳунармандони Узбакистон дар Душанбе.
Консерти ҳунармандони Узбакистон дар Душанбе.

Солҳои 90-уми қарни гузашта замони сардии робитаҳои миёни Тошканд ва Душанбе буд. Узбакистон мақомоти тоҷикро айбдор кард, ки наметавонад аз фаъолияти ҷангиёни Ҷунбиши Исломии Узбакистон ҷилавгирӣ кунад. Гӯё, ин ҷангиён қаламрави Тоҷикистонро барои ҳамла ба ҳудуди Узбакистон истифода кардаанд. Тоҷикистон дар навбати худ иддао дошт, ки Тошканд ба сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиев паноҳгаҳ додаву вай аз қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон ҳамла мекунад.

Дар ниҳоят, Узбакистон якҷониба марзҳояш бо Тоҷикистонро минкорӣ кард ва аз интиқоли маҳсулоти кишварҳои дигар ба Тоҷикистон монеъ шуд. Ҳамчунин интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон қатъ шуда, Узбакистон аз ҳалқаи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Миёна берун шуд. Дар пайи ин амр Тоҷикистон аз воридоти нерӯи барқи хориҷӣ дар фасли зимистон маҳрум гардид.

Душанбеи расмӣ дар навбати худ бо вуҷуди зиддиятҳои Тошканд сохтмони нерӯгоҳи Роғунро идома дод, ки калиди мушкилоти оби Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ҳамзамон Тоҷикистон бо истифода аз ҳар имконоти байналмиллалӣ президент Ислом Каримовро мавриди интиқод қарор медод.

Оғози соли 2018 интизор меравад, ки Шавкат Мирзиёев барои нахустин бор ба ҳайси президенти Узбакистон аз Душанбе дидан мекунад.

XS
SM
MD
LG