Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёҳу сари забҳи ҷонвари нодир дар Гулбоғ. ВИДЕО


Бузи осиёмиёнагӣ дар саросари Тоҷикистон дида мешавад.
Бузи осиёмиёнагӣ дар саросари Тоҷикистон дида мешавад.

Рӯзи 21-уми ноябр ба дасти Радиои Озодӣ як видеое расид, ки нишон медиҳад, чӣ гуна сокинони яке аз рустоҳои ноҳияи Ашт бузи бузургшохеро, ки дар ҳоли ҷон кандан аст, забҳ мекунанд.

Маълум нест, ин бузи кӯҳии осиёимиёнагиро шикор кардаанд ва ё худаш бар асари беморӣ афтодааст ва ҷон медиҳад. Аммо дар атрофи он мардуми зиёде, бахусус ҷавонон, ҷамъ омада, забҳи онро тамошо мекунанд.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Ҳаёҳу сари забҳи ҷонвари нодир дар Гулбоғ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Видеоро яке аз сокинони ноҳияи Ашт рӯзи 21-уми ноябр фиристод ва гуфт, ки наворро рӯзи 19-уми ноябр дар мавзеи Гулбоғи деҳаи Понғоз бардоштаанд. Ба қавли ӯ, бузро мардуми маҳал шикор кардаанд, вале Радиои Озодӣ дурустии ин иддаоро собит карда наметавонад.

Абдуқодир Маскаев
Абдуқодир Маскаев

Дар ин видео дида мешавад, ки гурӯҳи зиёде аз ҷавонон сари бузи бузурге ҷамъ омадаанд ва ғавғо доранд, ки бояд бузи афтода ҳарчӣ зудтар забҳ карда шавад. Дар бадани ҷонвар, ки шикамаш дамида аст, нишонае аз тири туфанг ё захми дигаре дида намешавад.

Як қисме аз мардум мегӯянд, ки ҷонвар бояд ҳарчӣ зудтар забҳ шавад, гурӯҳи дигар мегӯянд, ки бузро набояд кушанд, зеро он ҳанӯз ҳаракат мекунад ва мумкин аст, зинда монад. Дар ин миён як садое ҳам баланд мешавад, ки ҳодисаро сабт накунанд. Дар ниҳоят, як ҷавоне бузро забҳ мекунад ва баъд аз он баҳс идома меёбад, ки оё дар воқеъ бузи осиёиро ҳалол карданд, ё не.

Ҳар навъи ҳайвони ваҳшӣ моликияти давлат ҳисоб мешавад ва гирифтани он аз табиат қонуншиканӣ аст ва ҷарима дорад.

Абдуқодир Маскаев, табиатшиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷонвар дар илм бо номи "сибирский козерог" шинохта мешавад. Ба гуфтаи донишманди тоҷик, бузи осиёимиёнагӣ дар воқеъ дар Ашт, Панҷакент, Айнӣ ва дигар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон сукунат дорад, ҳарчанд шумораи онҳо дар ин минтақаҳо зиёд нест.

Ба қавли ӯ, бар тибқи ҳисобҳои пешина, дар кишвар саршумори ин ҷонвар аз 17 то 20 ҳазор адад мерасад. "Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон вомехӯрад дар манотиқи кӯҳӣ, фақат дар Бадахшон мумкин 10 000 сар сукунат дорад", - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Бузи осиёимиёнагиро дар Китоби сурхи Тоҷикистон шомил накардаанд, вале бо вуҷуди ин ба гуфтаи Абдуқодир Маскаев, шикори ғайриқонунии ҳаргуна ҷонвар дар Тоҷикистон мамнӯъ аст ва ҷазо дорад.

"Ҳар навъи ҳайвони ваҳшӣ моликияти давлат ҳисоб мешавад ва гирифтани он аз табиат қонуншиканӣ аст ва ҷарима дорад", - гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ. Корбари Радиои Озодӣ, ки видеоро ба мо фиристод, гуфт, ки сокинон гӯшти ин бузро хӯрдаанд.

XS
SM
MD
LG