Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯ бо довталаби рекорди Гиннес – аз занҷабил то андоз (5 АКС)


Надежда Сайфуллоева
Надежда Сайфуллоева

​Хабарнигори Озодӣ ин дафъа ба суроғи модари 13 фарзанд рафт, ки довталаби китоби рекордҳои Гиннес аст. Ӯ иддао дорад, занҷабили булғории парвардааш рекорди ҳозираи Гиннесро хоҳад шикаст.

Номи Надежда Сайфуллоева – сокини ноҳияи Файзобод ва модари 13 фарзанду 35 набера танҳо баъд аз он ки гуфт, занҷабили булғорӣ (болгарский)-и парвардааш барои шомил шудан ба китоби рекордҳои Гиннес муносиб асту дар ин замина аз раиси ҷумҳур кумак хост, расонаӣ гардид. Ӯ иддао дорад, занҷабили булғорияш 60 грамм вазнинтар аз булғориест, ки ҳоло дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шуда. Баъд аз Аслимо Имомёрбекова, сокини кӯҳансоли Хоруғ, ин дувумин зани тоҷик аст, ки мехоҳад, номашро ба китоби рекордҳо ворид намояд. Ҳоло аз Тоҷикистон танҳо милаи баландтарини парчамаш бо 165 метр, ки он ҳам ахиран аз сӯи Арабистони Саудӣ шикаста шуд, вориди китоби рекордҳои Гиннес шудасту бас.

-Шомил кардани занҷабили ман дар китоби рекордҳои Гиннес ҷанбаи сиёсӣ дорад. Тоҷикистон муаррифӣ хоҳад шуд. Баъдан, мехоҳам ба ҷаҳониён Файзободро нишон диҳам. Агар деҳқонони мо сидқан заҳмат кашанд, сабзавотро аз хориҷ нахарида, баръакс, ба хориҷ содирот кардан мумкин аст.

Надежда Сайфуллоева дар меҳмонии Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:27 0:00
Линки мустақим

-Бубахшед, аммо аз вазни булғории дар китоби рекордҳои Гиннес сабтшуда чӣ гуна огоҳӣ ёфтед?

-Агарчӣ зани деҳотиям, зани таҳсилдидаам. 37 сол собиқаи корӣ дорам. Дар бораи китоби рекордҳои Писарону духтаронам бо Интернет зиёд сари кор мегиранд. Баъд, вақте булғории мо бузург шуд, як рӯз аз духтарам хоҳиш кардам, то бубинад булғории рекордӣ ҳаст, ё не. Даромада китоби рекордҳои Гиннесро диданд, ки дар Исроил булғорие парвариш кардаанд, ки наздики 500 грамм вазн дорад. Ман ҳам шавқманд шуда, булғории худамро парвариш кардам. Ҳангоме даъватнома оварданд барои мулоқот бо президент, фикр кардам, ин як шансе барои муаррифии маҳсулотам ҳаст. Булғориро чида баркашидам, 560 грамм баромад.

-Вокунишҳо чӣ гуна аст ба ин пешниҳоди Шумо?

-Раиси ноҳияамон гуфт, занҷабилро ба вазири кишоварзӣ бурда месупорем ва кӯшиш мекунем, онро ба китоби Гиннес дохил кунем.

-Вақте президент гуфт, булғориро диҳед, гуфтед: не, онро ба касе намедиҳам. Ҳоло чӣ гуна шуд, ки булғориятонро додед?

-Дар мулоқоти президент ман худамро гум кардам. Дар ин хел толори бузург бори аввал баромад мекардам. Ҳангоме ба ноҳия омадам, аз ҳукумат омада булғориро гирифта ваъда доданд, ки онро ба Вазорати кишоварзӣ месупоранд. Бовар дорам, дар сурати пешниҳод, пазируфта хоҳад шуд. Зеро қаламфури парваришкардаи ман аз қаламфури рекордӣ 60 грамм вазни бештар дорад. Ҳамчунин ягон навъи нуриҳои минералӣ низ дар таркибашон нест. Аз ҳар куҷое комиссия меояд, марҳамат. Дар кадом лабораторияе бурда санҷанд, ишкол надорад.

-Боғи Шумо дар баландии 1 ҳазору 200 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Заминатон лалмист. Ба шумо чӣ гуна муяссар шуд, ин қадар маҳсулоти хуб парвариш кунед?

-Мо ҳамагӣ 2 гектар замини обӣ дорем. 38 гектари дигари заминҳоямон лалмӣ аст. Дар ҳамин боғе, ки ҳоло Шумо қарор доред, меваву сабзавотро бо “шланг” об медиҳем. Дар баландии болои боғ ҳавз сохтаем. Писаронам дастӣ ҷӯйбор канда, тариқи “шланг” заминҳоро об медиҳанд. Дар ҳавз моҳӣ парвариш мекунем ва ҳам барои зироат обашро истифода мебарем. Яке аз мушкили асосиямон набудани техника ҳаст. Агар техника бошад, фарзандонам ҳадди ақал ҷӯйборро бо даст намеканданд. Ҳавзҳоро бо даст намесохтанд.

-Ба назари Шумо ҳамчун як зани соҳибкор, соҳибкори тоҷик чӣ мушкил дорад?

-Мушкилҳо хеле зиёданд. Ҳам гаронии андоз, ҳам зиёд будани фоизҳои қарзӣ дар бонкҳо ва ҳам набудани техника. Масалан, мо барои заминҳои лалмӣ баробари заминҳои обӣ андоз месупорем. Дар мулоқоти президент ҳам мехостам гӯям ба мо кумак кунанд. Мо бо қарз кор мекунем. Фоизи солонаи бонк 34 дарсад аст. Ин хеле гарон аст. Баъдан мехостам технологияи нав дошта бошем, ки коррамро боз ҳам беҳтар анҷом диҳам. Аз сабаби набудани техника ҳангоми обёрӣ кардани заминҳо фарзандонам зиёд азоб мекашанд. Ҳама корро бо даст анҷом медиҳанд. Аз он қадар баландӣ об мебарояд ё не маълум набуд, аммо писаронам ин корро карданд. Писаронам мисли геологҳо зиёд омӯхтанду баъд ба кор сар карданд. Илмӣ амал намуданд.

-Боз чӣ барномаҳо доред?

-Яке аз нақша ва орзуҳоям он аст, ки мехоҳам дар 5 гектар замини дигар боғе бо номи “Надежда” бунёд кунам. Дуюм нақшаам ин аст, ки дар ҳамин боғ мехоҳам гармхона созам. Замоне ки тоҷирон аз Самарқанду Покистон помидор оварда, 15-20 сомонӣ мефурӯшанд, ман бо нархи арзонтар фурӯшам. Нақшаи сеюмамон он аст, ки техника ворид кунем. Аниқтараш мехоҳем кумакамон кунанд. Зеро пеш бурдани кор бидуни техника хеле мушкил аст.

Зиндагинома:

Надежда Сайфуллоева, сокини деҳаи Арзановаи ноҳияи Файзобод, 27 июли соли 1953 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1960 ба синфи якум дар мактаби рақами 1-и ноҳияи Файзобод рафта, соли 1970 онро хатм намудааст. Хонум Сайфуллоева пас аз хатми мактаб соли 1970 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи русии собиқ Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко супурда, онро соли 1977 ба итмом мерасонад. 37 сол собиқаи кории омӯзгорӣ дорад. Дар мактаби шумораи 7-уми деҳаи Саричанори ноҳияи Файзобод ба ҳайси муаллимаи забони русӣ кор кардааст. Ҳоло раҳбарии хоҷагии деҳқонии “Суғуртаи наҷот”-и ноҳияи Файзободро бар дӯш дорад. Ӯ соҳиби 13 фарзанд ва 35 набера мебошад.

XS
SM
MD
LG