Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хазинадорони хона" барои кор дар бонкҳо ҷалб мешаванд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки Миллии Тоҷикистон ба бонку созмонҳои қарздиҳӣ маслиҳат додааст, ки дар вазифаҳои хазинадорӣ, ҳисобчӣ ва мудирони анбор бештар занҳоро ба кор бигиранд. Ин бонк чунин ибтикорро аз худ шурӯъ карда, дар Шӯъбаи хазинавии муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ тамоми кормандони мардро ба зан иваз намудааст.

Дар солҳои аввали зиндагии якҷоя кӯшиш мекардам, ки сарфу харҷро бар ӯҳда бигирам, вале ҳамеша хато мекардам. Ҳоло маошро мегирам ва якҷоя бо ҳар даромаде, ки ҳаст, ба дасти ҳамсарам месупорам.

Занҳои тоҷикро аксаран сариштакор ва хазинадори хона унвон мекунанд. "Хазинадор"-ҳое, ки ҳоло Бонки Миллӣ шумораи онҳоро дар бонк ва созмонҳои қарздиҳӣ дар саросари Тоҷикистон афзоиш доданист.

Ин тавсияи Бонки Миллии Тоҷикистон, ки нусхааш рӯзи 8-уми октябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, фаъолияти занҳоро дар низоми бонкӣ бисёр муаасир дониста, онҳоро боҳушу бомасъулият унвон кардааст. Дар Бонки Миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар низоми бонкии кишвар наздики 6 ҳазор зан кор мекунад ва ин 32 дарсади кормандони бонкҳоро ташкил медиҳад. Аммо бо ин ҳол, ҳанӯз шумораи занони раҳбар дар бонкҳо, ба гуфтаи мақомот Бонкии Миллӣ, қонеъкунанда нест.

“Занам бонкири ман аст”

Аксари мардони тоҷик низ мегӯянд, сарфу харҷи даромад дар хонавода ба дасти зан супурда шудааст. Тағоймурод Раҳимов, омӯзгори 53-сола аз шаҳри Душанбе гуфт, 25 соли зиндагии муштарак нишон дод, ки ҳамсараш аз ӯ дида сарфакортар аст. Ҳамсари ин мард низ ихтисоси омӯзгорӣ дорад, вале бинобар ба тарбияи фарзандон банд будан ҳоло хонашин аст.

Дар солҳои аввали зиндагии якҷоя кӯшиш мекардам, ки сарфу харҷро бар ӯҳда бигирам, вале ҳамеша хато мекардам. Ҳоло маошро мегирам ва бо ҳар даромаде, ки ҳаст, ба дасти ҳамсарам месупорам. Худаш ҳамаро ҷо ба ҷо мекунад. Ҳозир банкири хонаи мо занам ҳаст”, - нақл кард ӯ.

Пулро ба кӣ бовар кунем?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Ин мард мегӯяд, бо вуҷуди онки дар ҷомеаи Тоҷикистон бо истилоҳе, ки мардон сариштаи хонаро ба дасти ҳамсаронашон супурдаанд, “занкалон” унвон мекунанд, вале мантиқан хонаводае нест, ки онҷо ин масъулиятро зан бар дӯш надошта бошад.

“Дар миёни даҳҳо бонкири боздоштшуда занҳо нестанд”

Дар ду соли ахир даҳҳо корманди бонкҳои Тоҷикистон бо гумони дуздии маблағ ва ё аз худ намудани амонати сокинон боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта Додгоҳи ноҳияи Сино шаш корманди “Тоҷпромбонк”-ро аз 8 то 13 сол зиндонӣ кард. Далелҳое, ки то кунун дастраси мо шудаанд, нишон медиҳад, ки дар миёни боздоштшудаҳо занон нестанд.

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ҷалби занон ба низоми бонкдорӣ кори дурусту мантиқист. Ӯ гуфт, “инстинкт ё ғаризаи модарии зан бисёр шадид аст ва ин боис ба он мешавад, ки зан нисбат ба масъалаҳои иҷтимоӣ ботаваҷҷӯҳ бошад.”

“Дар масъалаи сарфа, дар масъалаи ҳифзи хонадон зан сариштакор аст. Аз тарафи дигар, зан аз нигоҳи гармонҳо ҳам ангезааш бештар аст. Масалан, мардҳо дар масъалаи эҳтиёт дигаранд. Гармони мардона, аз сабаби онки инсонро ба шуҷоат даъват мекунад, ин эҳтиётро аз байн мебарад. Дар масъалаи хазинадорӣ ва кор бо маблағ аз нигоҳи табиати инсонӣ бигирем, занҳо метавонанд, беҳтар кор кунанд. Шуҷоат агар нодуруст истифода шавад, ба ғорат мебарад. Шуҷоати занон дар ин масъала, аз нигоҳи шикастани қонун камтар аст. Риояи қонун аз ҷониби занҳо бештар ба назар мерасад. Ангезаи занона дар мавриди хароҷот хеле хуб кор мекунад”, - гуфт ӯ.

Марям Давлатова
Марям Давлатова

“На ҳама занҳо намунаанд”

Коршиносон мегӯянд, ҷалби занон дар низоми бонкӣ ба маъное нест. ки ҳар занеро сари кор орӣ, бе хато фаъолият кунад. Дилафрӯз Комилова, корманди собиқи яке аз бонкҳои кишвар мегӯяд, на ҳамаи занҳо дар кори бонк намунаи ибратанд. Ӯ гуфт, ин иқдоми Бонки Миллӣ дуруст аст, ба шарте ки воқеан занҳои мутахассисро ҷалб кунанд.

“Ҳамроҳи мо зане бо воситаи наздиконаш кор мекард, ки ҳамеша сари моро дар бало мемонд. Ҳангоми пардохти маблағҳо ба муштарӣ ё пули кам медод, ё зиёд. Одитарин ҳисобро намедонист. Гоҳе мешуд, ки камбуди ӯро мо пул ҷамъ карда мепӯшондем. Агар занҳои мутахассисро ҷалб кунанд, ин гапи дигар аст”, - афзуд ӯ.

Дар низоми бонкии Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор нафар кор мекунад, ки танҳо ҳудуди 6 ҳазорашро занҳо ташкил медиҳанд. Бонки Миллӣ талош дорад, то дар ин низом баробарии ҷинсиро таъмин кунад ва ҳам сифати корро беҳтар намояд.

Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дар соҳаи маориф ва тандурустӣ занҳо кор мекунанд. Ду сол мақомот гуфта буданд, ки дар Тоҷикистон шумораи занҳо нисбат ба мардҳо камтар аст. Аз тақрибан ҳаштуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон 49 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG