Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе розӣ нашуд, барқашро 2-сентӣ ба Бишкек диҳад


Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта қимати ҳар киловатт-соат нерӯи барқи фурӯшияш ба Қирғизистонро якуним сент гарон кардааст. Аммо Бишкек пойфишорӣ дорад, ки нархи пешина боқӣ монад.

Тоҷикистон пешниҳоди Қирғизистон дар масъалаи харидории ҳар киловатт-соат нерӯи барқи кишвар ба қимати 2 сенти амрикоиро рад кардааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ -- сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" 27 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти кишвари ҳамсоя хостааст, ба ҳар киловатт-соат нерӯи барқаш севуним сентӣ пардохт намояд. Оқои Ёдгорӣ мегӯяд, музокироти ҷонибҳо моҳи апрел дар Душанбе сурат гирифта, Қирғизистон гуфтааст, нархномаи нави Тоҷикистонро, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1.5 сент гаронтар аст, баррасӣ хоҳад кард.

Сухангӯи ширкати Барқи тоҷик афзуд, "онҳо хуб медонанд, ки дар фасли тобистон мо барқи зиёдатӣ дорем, аз ин рӯ нархро арзон карданӣ шуданд. Вале мо ризоят надодем. Гуфтем, агар бихоҳанд севуним сентӣ пардохт кунанд. Онҳо дар посух гуфтанд, фикр мекунем ва рафтанд."

Нозирҷон Ёдгорӣ
Нозирҷон Ёдгорӣ

Ҳоло ки Тоҷикистону Қирғизистон сари нархи фурӯши барқ ба тавофуқ нарасидаанд, масъалаи интиқоли нерӯи барқ дар фасли тобистони имсол ба ин кишвари ҳамсоя низ ҳанӯз номаълум аст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар Вазоарти энержӣ ва хоҷагии оби Тоҷикистон ҳам гуфт, ҳайати қирғизистонӣ ду бор ба Душанбе омада, вариантҳои гуногуни содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Аммо дар ду маврид, ба қавли манбаъ, ҷонибҳо сари арзиши як киловатт-соат нерӯи барқ ба тавофуқ нарасидаанд.

Соли гузашта Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба Қирғизистону Афғонистон 1,3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ фурӯхта буд. Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро бештар кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энержӣ дар фасли тобистон маҷрои дарёи Вахш ба 2 ҳазор метри мукааб об дар як сония мерасад. Аммо барои тавлиди нерӯ танҳо 700 кубометри он сарф мешаваду бас. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар фасли тобистон аз обанборҳояш баробари 4,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ обро бидуни тавлиди он партоб мекунад.

XS
SM
MD
LG