Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Аз мансаб рондани нафақахӯрон ба хотири ҷавонон аст


Гурез Қосимзода
Гурез Қосимзода

​Мақомоти тоҷик мегӯянд, дастури аз вазифа озод кардани мансабдороне, ки нафақаи маъюбӣ ва пиронсолӣ мегиранд, барои ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ ва беҳтар кардани сифати кор аст.

Гурез Қосимзода -- мувоини аввали раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон 26 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз барканор кардани мақомдороне, ки нафақаи маъюбӣ ва пиронсолӣ мегиранд, аз як сӯ беҳтар кардани сифати хизмати давлатӣ ва аз сӯи дигар роҳ кушодан ба ҷавонон дар идораҳои давлатист.

Ӯ афзуд, "ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, аммо мониторинги охири мо, ки сифати кори хизматчиёни давлатиро санҷид, муайян кард, бисёре аз хизматчиёни давлатӣ бинобар маъюбӣ ва ё пиронсолиашон аз ӯҳдаи иҷрои вазифашон дуруст намебароянд." Оқои Қосимзода гуфт, баъд аз он тасмим гирифта шудааст, ин қабил хизматчиёни давлатӣ бояд аз вазифа сабукдӯш шаванд.

Ҳоло дар сафи хизматчиёни давлатии мулкӣ ҳудуди 400 мақомдоре кор мекардаанд, ки бар иловаи маошашон аз тарафи давлат нафақа дарёфт менамудаанд. Гурез Қосимзода мегӯяд, аз ин 400 нафар беш аз 100 танашон мансабдороне ҳастанд, ки нафақаи пиронсолӣ ва афроди

Акс аз "Азия-Плюс"
Акс аз "Азия-Плюс"

боқимонда нафақаи маъюбӣ мегиранд. Ба қавли ӯ, бисёре аз ин мансабдороне, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, дар ҳуҷҷатҳои тиббиашон шахси корношоям эътироф шудаанд ва имкони кор кардан дар муассисаи давлатиро надоранд.

Инчунин, ба таъкиди муовини раиси Оҷонсии хизмати давлатӣ, мансабдороне низ ҳастанд, ки бемориҳои зиёд доранд ва мувофиқи санадҳои ҷорӣ хизматчии давлатӣ бо ин қабил бемориҳо ҳаққи кор кардан дар идораи давлатиро надорад.

Дастури аз вазифа озод кардани афроди нафақагир (нафақаи пиронсолӣ, маъюбӣ ва ҳарбӣ)-ро аз мақомоти давлатӣ, Асадулло Раҳмон -- ёрдамчии нави раисиҷумҳур дар умури кадрҳо содир карда, ба унвонии Оҷонсии суғуртаи давлатӣ ва нафақа барои иҷро фиристодааст. Аммо ин дастури Асадулло Раҳмон дарҳол нигаронии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва маъюбонро ба бор овард.

Рӯзи 24 апрел созмонҳои ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва маъюбон бо нашри як изҳорот хостори лағви ин дастури Асадулло Раҳмон шуданд. Дар ин изҳорот, ки зери он 11 созмон имзо гузоштаанд,

Асадулло Раҳмон
Асадулло Раҳмон

омадааст, "дастури Асадулло Раҳмон ва талаби иҷрои он табъизомез буда, банди 17 ва 35-и талаботи қонуни Тоҷикистон Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбонро нақз мекунад." Ин ташкилот гуфтаанд, рӯзҳои охир аз маъюбон шикоятҳое дарёфт кардаанд, ки кордеҳон онҳоро маҷбур мекунанд бо хоҳиши худ аз кор бираванд.

Дилрабо Самадова -- масъули созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ин дастур ба он хотир табъизбарангез аст, ки одамонро маҳз ба хотири маъюб буданашон аз кор маҳрум месозад. Яъне, аз рӯи ҳамин принсип одамонро ҷудо мекунад, ки мухолифи ҳам қонунҳои Тоҷикистон ва ҳам байналмилалист."

Иддаои ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва афроди маълул дар ҳолест, ки назари сокинон ва коршиносон дар мавриди аз вазифа сабукдӯш кардани мансабдороне, ки нафақаи пиронсолӣ ва ё маъюбӣ мегиранд, низ яксон нест. Коршиносон мегӯянд, ихтисори мансабдорони нафақахӯр кори дуруст аст, ба ҷуз аз соҳаи тандурустӣ ва маориф.

Солеҳ Ҳикматов, масъули ширкати интихоби кадрҳо дар Душанбе бо номи “Карйера” мегӯяд, соҳаи тандурустиву маъориф вежагиҳои худро дорад ва мутахассисони ин соҳа умдатан дар пиронсолӣ ба авҷи камолоти касбии худ мерасанд. Ӯ мегӯяд: “Муаллиме, ки 70-сола шудааст ва таҷрибаи хуби корӣ ҳосил кардааст, ҳанӯз кори хуб мекунад, чаро мо ӯро аз кор барканор ва ба ҷояш як ҷавонеро орем, ки ҳеҷ коре карда наметавонад?”

Тоҷикистон, ки аҳолиаш соли равон аз марзи 8 миллион убур кард, беш аз 600 ҳазор нафақахӯр дорад. Нафақаи миёна дар Тоҷикистон беш аз 200 сомониро ташкил медиҳад ва солона барои таъмини нафақаи бознишастагон аз буҷаи давлати Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллиард сомонӣ, ё қариб 300 миллион доллар сарф мешавад. Масъалаи нафақаи маъюбӣ ва ҳангуфти мансабдорони тоҷик баъд аз як ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон ба миён омада, Оҷонсии нафақа ва Вазорати тандурустӣ ба санҷиши санади маъюбии мансабдорон пардохтаанд.

XS
SM
MD
LG