Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи сокинон аз эҳтимоли лағви виза миёни Тоҷикистону Узбекистон


Хабари ба тавофуқ расидани мақомоти Тоҷикистону Узбекистон барои имзои созишномаи сафарҳои бидуни раводид ба кишварҳои якдигар аз ҷониби бисёре аз сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла узбактаборон гарм истиқбол шуд. Онҳо низоми виза миёни ду кишварро ҳамчун як "садди искандарӣ" арзёбӣ мекунанд, ки намегузорад зуд-зуд ба дидорбинии наздиконашон бираванд ва ё хешовандони онҳо ба Тоҷикистон биёянд.​

Пайвандонам дар Узбекистон зиндагӣ мекунанд. Хоҳарам вафот кард, ҳоло ҷиянҳоям онҷо ҳастанд. Вале ба наздашон рафта наметавонам.

“Орзу дорам, дар сари мазори хоҳарам дуо хонам”

Холида Муъминова, як сокини узбактабори Душанбе, худро аз нафароне медонад, ки аз ҳама зиёд ҷабри визаи миёни Узбекистон ва Тоҷикистонро кашидааст. Ӯ рӯзи 12-уми январ гуфт, маҳз раводид нагузошт, ки хоҳарашро дар зиндагӣ бубинад ва қариб 20 сол мешавад, бо пайвандонаш танҳо телефонӣ суҳбат мекунад. Холида Муъминова, ки дар як бозори Душанбе фурӯшандагӣ мекунад, фарзандони хоҳарашро танҳо дар хурдсолӣ дидааст.

“Пайвандонам дар Узбекистон зиндагӣ мекунанд. Хоҳарам вафот кард, ҳоло ҷиянҳоям онҷо ҳастанд. Вале ба наздашон рафта наметавонам. Вақте бори охир онҳоро дида будам, хурдсол буданд. Ҳоло 18-20 сола шудаанд, аммо боре аз наздик надидаам,” – мегӯяд Холида Муъминова. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, орзуи ягонааш ин аст, ки ба сари қабри хоҳараш рафта, дар онҷо дуо хонад. Орзуе, ки Холида Муъминова бовар дорад, дар соли равон амалӣ хоҳад шуд.

Видео: Тоҷикон аз нахуствазири Узбекистон чӣ хостанд?

Тоҷикҳо аз сарвазири Ӯзбекистон чӣ хостанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Иттилоъ дар бораи нияти имзои созишномаи сафарҳои якмоҳаи бидуни раводид ба Тоҷикистону Узбекистон ҳафтаи равон пахш шуд. Ин тавофуқ дар пайи сафари Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон ба Душанбе мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ҳосил шудааст. Як манбаи хабаргузории "Азия-Плюс" дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ гуфт, ба зудӣ санад "Дар бораи равуои шаҳрвандон" имзо хоҳад шуд, ки бар асоси он сокинони ду кишвар ҳақ доранд бе виза як моҳ дар қаламрави якдигар бигарданд.

Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода
Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода

Тибқи муқаррароти феълӣ, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон барои сафар ба кишварҳои якдигар бояд танҳо бо раводид сафар кунанд. Гирифтани раводид ҳам шартҳои худро дорад, ки таҳияи он на ба ҳар як шаҳрванд осону роҳат даст медиҳад.

Иттилоъ дар бораи нияти имзои созишномаи сафарҳои якмоҳаи бидуни раводид ба Тоҷикистону Узбекистон ҳафтаи равон пахш шуд. Ин тавофуқ дар пайи сафари Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон ба Душанбе мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ҳосил шудааст. Як манбаи хабаргузории "Азия-Плюс" дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ гуфт, ба зудӣ санад "Дар бораи равуои шаҳрвандон" имзо хоҳад шуд, ки бар асоси он сокинони ду кишвар ҳақ доранд бе виза як моҳ дар қаламрави якдигар бигарданд.

Фарзандонамро сахт пазмон шудам, бисёр мехоҳам ба назди онҳо биравам. Миёни кишварҳои мо дӯстӣ бошад ва ҳама мисли бародар зиндагӣ кунем

Тибқи муқаррароти феълӣ, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон барои сафар ба кишварҳои якдигар бояд танҳо бо раводид сафар кунанд. Гирифтани раводид ҳам шартҳои худро дорад, ки таҳияи он на ба ҳар як шаҳрванд осону роҳат даст медиҳад.

"Фарзандонамро пазмон шудам, онҳоро дидан мехоҳам"

Зуҳрохонум Каримова, сокини дигари Душанбе, мегӯяд, равобити сарди Тоҷикистону Узбекистон, ӯро аз дидори фарзандонаш маҳрум кардааст. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, фарзандон ва хешовандонаш дар вилояти Сурхандарё ва шаҳрҳои Тирмизу Деҳнав зиндагӣ мекунанд, вале роҳи ӯ феълан ба Узбекистон баста аст.

Зуҳрохонум Каримоваро, ба гуфтаи худаш, аз Узбекистон ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд ва ӯ мегӯяд, умедвор аст бо беҳтар шудани равуо роҳи ӯ низ ба назди фарзандону пайвандонаш боз мешавад. “Раҳмат ба президентҳои ду кишвар. Фарзандонамро сахт пазмон шудам, бисёр мехоҳам ба назди онҳо биравам. Миёни кишварҳои мо дӯстӣ бошад ва ҳама мисли бародар зиндагӣ кунем”, - афзуд Зуҳрохонум.

Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон миллионҳо нафар намояндагони миллати тоҷик ва узбак зиндагӣ мекунанд ва робитаҳои хешутабории онҳо замони Шӯравӣ хеле қавиву наздик буд. Онҳое, ки даврони Шӯравиро ба некӣ ёд мекунанд, мегӯянд, бо билети 14 ё 17-сӯма як мусофир метавонист бидуни мушкил ба Самарқанд ё Тошканд аз 45 дақиқа то 1 соат парвоз кунад. Бархе дар фурсати як рӯз метавонистанд ба ҷумҳурии ҳамсоя рафта биоянд.

Вале дар пайи касби истиқлоли ин кишварҳо, шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ва тағйирёбии батадриҷи равобити сиёсӣ, Тошканд тасмим гирифт соли 1992 хатти парвози миёни ду кишварро қатъ ва соли 1999 бо Тоҷикистон виза ҷорӣ кунад. Ин ҳама таҳаввулот ба зиндагии маишии мардуми ҳамсоя осеб расонд. Ҳоло бо ёди даврони пеш аз маҳдудиятҳо бисёр сокинони ду кишвар умедвор ҳастанд, ки давлатмардори ду кишвар робитаҳои сатҳи мардумиро осону роҳат хоҳанд кард.

"Гузаргоҳҳоро барои равуо омода мекунанд"

Сокинони узбактабори Тоҷикистон дар ҳоле аз беҳ шудани равобит бо Узбекистон истиқбол мекунанд, ки тибқи иттилои дарёфтӣ, ҳайатҳои ду кишвар ҳамчунин барои ҳаракати қатору мусофирбарҳо ба тавофуқ расидаанд. Аз ҳоло терминалҳои гумрукӣ ё худ гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон барои равуо омода карда мешаванд. Аз ҷумла, гузаргоҳи марзии “Саразм Ҷартеппа” омода шуда, мақомоти Тоҷикистон мунтазири ба таври расмӣ мавриди истифода қарор додани он мебошанд.

Гузаргоҳи “Ҷартеппа-Саразм” дар ҷамоати Саразми Панҷакент -- яке аз 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Узбекистон аст, ки то соли 2010 боз буд. Моҳи ноябри соли 2010 дар аҳди президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов ин гузаргоҳи пурравуои Тоҷикистон бо ҳамсоякишвараш баста шуд.

Муҳаммад Содиқ Сафарзода, муовини раиси шаҳри Панҷакент, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, терминал аз нигоҳи қабулу гусели шаҳрвандон омода аст ва танҳо баъди боз намудани он ба фаъолият шуруъ хоҳад кард. Сокинони шаҳри Панҷакент мегӯянд, бо масдуд шудани ин гузаргоҳ роҳи равуои онҳо бо Узбекистон, ки дар онҷо хешу ақрабоашон ба сар мебаранд, баста шуд. Онҳо мегӯянд, бо банд шудани гузаргоҳ, аёдати наздикон барояшон бисёр душвор шуд ва тақрибан 600 километр роҳро тай карда, тариқи гузаргоҳи Ойбек аз ноҳияи Мастчоҳ ба аёдати наздиконаш мераванд, дар ҳоле ки аз гузаргоҳи “Ҷартеппа” то хонаи хешовандонашон ҳамагӣ 80 километр роҳ аст.

Тоҷикистону Узбекистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, каме об шуд. Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, дар кишварҳои ҳамдигар намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.

Охири ҳафтаи гузашта Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон дар ҳузури вакилони маҷлиси вилояти Тошканд хабар дод, ки "барои об кардани яхи 20-сола" дар равобит бо Тоҷикистон озими ин кишвар мешавад. Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш дар ҳузури вакилони маҷлиси вилоятӣ гуфт, базудӣ бо як сафар ба Тоҷикистон меояд, аммо дар бораи таърихи дақиқи сафараш ба Тоҷикистон ҳарфе нагуфт. Расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки ин боздид мумкин аст, аввали баҳори имсол сурат бигирад.

Шавкат Мирзиёев гуфт, Тоҷикистону Узбакистон дӯсти хуб мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Вобаста

XS
SM
MD
LG