Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нонгазон ва гусели 1500 ҷавон ба сафи артиши Тоҷикистон. ВИДЕО


Мақомоти вилояти Суғд бо баргузории маросими "Нонгазон" бештар аз якуним ҳазор сарбозро ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карданд. Ин маърака 10 октябр дар "Қасри Арбоб"-и Хуҷанд, дар ҳузури ҳазорон тамошобин, роҳбарони ҳукумат ва комиссариати ҳарбии Суғд сурат гирифт.

Хабарҳо дар бораи вуҷуди "дедовшина" дар қисмҳои ҳарбӣ ва озору латту кӯби сарбозон аз сӯи собиқадорон боис ба дилсардӣ ва сарпечии бархе даъватшавандаҳо шуда буд.

Волидони наваскарон ба онҳо нон газонданд, ки то замони баргаштан дар як гӯшаи хона овезон монад. Онҳо гуфтанд, фарзандашон ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ мераванд ва мақомот низ хидмати бидуни осеби онҳоро кафолат додаанд.

Худи ҷавонон гуфтанд, онҳо дилпуранд, ки хидмати дусоларо дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ сарбаландона адо хоҳанд кард. Камол Ҳомидов, яке аз даъватшавандаҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар бораи шароити хидмат ҳар кас ҳар гап мегӯяд. Вале хидмати ҳарбӣ мояи шарафи ҳар як ҷавон бояд бошад." Саид, ҷавони дигар аз ноҳияи Деваштич гуфт, "хидмати ҳарбии Ватан барои ҳар ҷавони тоҷикистонӣ қарз аст. Ин масъулият водор мекунад, ки ҳар ҷавон хидмати ҳарбиро адо кунад."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Нонгазон ва гусели 1500 ҷавон ба сафи артиши Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Ин соли дувум аст, ки маросими гусели ҷавонони суғдӣ ба хидмати ҳарбӣ дар амфитеатри "Қасри Арбоб"-и Хуҷанд ба маросими бошукӯҳ табдил меёбад ва масъулони даъват аз ихтиёран ҳозир шудани бахши умдаи ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбӣ гузориш медиҳанд. Вале то ду соли пеш даъват ба хидмати ҳарбӣ умдатан бо мушкил мепечид ва сокинон аз мавридҳои зиёди аз кӯчаву хиёбонҳо дошта, ба таври иҷборӣ ба ҷузъу томҳои ҳарбӣ фиристодани даъватшавандаҳо суҳбат мекарданд.

Хабарҳо дар бораи вуҷуди "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва озору латту кӯби сарбозон аз сӯи собиқадорон боис ба дилсардӣ ва сарпечии бархе даъватшавандагон аз адои хидмати ҳатмии ҳарбии дусола мегардид. Масъулони комиссариатҳои низомӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ мегӯянд, барои рафъи бадгумонии волидон сафари онҳоро ба қисмҳои ҳарбӣ ба роҳ монданд.

Пурсиш: Ихтиёрӣ ба артиш меравед?

Ихтиёрӣ ба артиш меравед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Ботур Шарифов, сокини ноҳияи Спитамен, ки писари дувумашро ба хидмати ҳарбӣ гусел мекард, яке аз онҳоест, ки ба қисми ҳарбии писари аввалаш рафтааст. Ӯ гуфт, "писари якумам дар ҷануби Тоҷикистон хидмат карда омад. Ҳозир писари дуюмамро гусел мекунам. Ман ба қисми ҳарбии писари калониам ду – се бор рафта омадам."

Ҳамин тавр, дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Зафарободи вилояти Суғд нақшаи даъват ба иҷро расида, ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов низ ба иҷро наздик шудаанд. Мақомоти Суғд мегӯянд, ки то кунун 70 дарсади нақшаи даъват дар шимоли Тоҷикистон иҷро шудааст.

Баъди ду соли хидмат. "Кумакпулиро намедиҳанд"

Баъди ду соли хидмат: "Кумакпулиро намедиҳанд"

Бархе аз ҷавонон шикоят доранд, ки баъди адои хидмати ҳарбӣ натавонистаанд кумакпулии семоҳаро аз идораи шуғли аҳолии ҷои иқоматашон дастрас кунанд. Ин кумакпулӣ дар як моҳ 250 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон мавсими нави даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷараён дорад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, сарбозоне, ки мӯҳлати муқарраршудаи хидмати ҳарбиро то моҳҳои октябр ва ё ноябри имсол ба поён расондаанд, рухсат дода шаванд ва ба ҷойи онҳо ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки ҳаққи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбиро надоранд, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб карда шаванд.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи сарбозон ва ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ба мисли Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯянд, шеваи даъват ба хидмати ҳарбӣ ниёз ба тағйир дорад ва дар ҳамин ҳол тарҳи нави қонуни хидмати низомӣ ба порлумони Тоҷикистон низ фиристода шудааст. То ба ним сол кам кардани мӯҳлати хидмати сарбозӣ аз муҳимтарин нукоти тарҳи нави қонуни "Ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати низомӣ" аст, ки аз сӯи намояндагони ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон таҳия шудааст. Агар ин лоиҳа аз сӯи Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии порлумон дастгирӣ ёбад, сарбозони тоҷик дар артиши миллӣ на 2, балки 1,5 сол хидмат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG