Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То Афғонистон нарасид. Ҳукми як шаҳрванди Фаронса дар Тоҷикистон


Бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди Фаронсаро бо иттиҳоми кӯшиши убури марзи Тоҷикистону Афғонистон ва пайвастан ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳукми додгоҳ охири моҳи ноябри имсол содир шуда, рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ маълум гардид.

Дар мурофиаҳои аввали додгоҳӣ намояндаҳои сафорати Фаронса иштирок доштанд. Маҳкумшуда талаби истирдод ба Фаронсаро рад карда, розӣ шуд, дар Тоҷикистон адои ҷазо намояд

Айни замон исм ва синни ин марди фаронсавӣ ифшо намешавад. Аммо тибқи иттилои манобеи интизомии наздик ба парванда, шаҳрванди Фаронса моҳи июл боздошт шудааст. Ин шахсро марзбонҳои тоҷик дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ҳангоми кӯшиши убури марзи Тоҷикистону Афғонистон, боздошт кардаанд. Парвандаи ӯ аз рӯи ду банди қонун – кӯшиши убури марз ва пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон – баррасӣ шуд.

"Гуфт, ки аз мусалмонҳои Фаронса аст"

Ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, шаҳрванди Фаронса дар яке аз рӯзҳои моҳи июл аз хоки Қирғизистон бо раводиди сайёҳӣ вориди Тоҷикистон шуда, ба самти марзи Афғонистон ҳаракат кардааст. Мушаххас шудааст, ки ӯ аз мусалмонтаборҳои Фаронса буда, ба тафтишот гуфтааст, нафаре бо номи Муҳаммад аз Қирғизистон ӯро ташвиқ кард, ба Афғонистон биравад.

“Дар мурофиаҳои аввали додгоҳӣ намояндаҳои сафорати Фаронса иштирок доштанд. Маҳкумшуда талаби истирдод ба Фаронсаро рад карда, розӣ шуд, дар Тоҷикистон адои ҷазо намояд”, - гуфт мусоҳиби мо.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Аз рӯи қонунҳои байналмилалӣ, дар сурати набуди хоҳиши маҳкумшуда, ин шахс метавонад ба кишвараш истирдод нашавад. Дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасдиқ карданд, ки чунин парвандае баррасӣ шудааст, вале аз шарҳи бештари он худдорӣ карданд.

Сафорат шарҳ надод

Муҳиба Шарифова, сухангӯи сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат ин мавзӯъро шарҳ намедиҳад. Рӯзи 10-уми декабр хабаргузории “Франс Пресс” бо такя ба гуфтаҳои мақомоти Афғонистон ва нерӯҳои байналмилалӣ навишт, ҷангҷӯёни фаронсавӣ ва алҷазоирӣ, ки аз Сурия гурехтаанд, ба шимоли Афғонистон рафта, ба сафи аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва дар ин қисмати кишвар урдугоҳ сохтаанд. Ин расона аз қавли мақомоти афғон навиштааст, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ба сафи худ аъзои навро ҷалб кунанд.

Бо шикасти ДИИШ дар Сурияву Ироқ акнун бисёре аз коршиносон ҳаракати ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ аз Ховари Миёна ба Афғонистони ҷангзадаро пешгӯӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар, дар як соли ахир мақомоти Тоҷикистон чанд шаҳрванди кишварҳои хориҷиро боздошт карданд, ки мехостанд, бо ҳадафи пайвастан ба гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” марзи ин кишварро убур кунанд ва ба Афғонистон гузаранд. Ҳодисаи боздошти шаҳрвандони хориҷӣ дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон ҳодисаи беназир нест. Дар гузашта низ ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз боздошти “ҷиҳодиҳо эҳтимолӣ” дар марз хабар дода буданд.

Аз ин пеш: Ҳафт бангладешӣ боздошт шуд

Моҳи апрели соли равон дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳафт шаҳрванди Бангладеш боздошт шуд. Тоҷикистон онҳоро ба талоши убури ғайриқонунии марз ва ҳамоиш бо гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон муттаҳам кард ва додгоҳ ҳар яке аз онҳоро ба муҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар манотиқи марзӣ, ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷи наздик – Қирғизистон ва Русия – низ боздошт шудаанд.

Бо шикасти ДИИШ дар Сурияву Ироқ акнун бисёре аз коршиносон ҳаракати ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ аз Ховари Миёна ба Афғонистони ҷангзадаро пешгӯӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, эҳтимол бархеи ҷангҷӯён қаламрави кишварҳои Осиёи Марказиро барои убури марзи Афғонистон истифода кунанд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба таҳдидҳое, ки аз ҷониби Афғонистон меоянд, Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус медиҳад”.

"Постҳои иловагӣ гузошта шуд"

“Бо дарназардошти ҳифзи боэътимоди хатти сарҳад дар самтҳои осебпазир ва мустаҳкамгардонии зичии муҳофизати сарҳади давлатӣ дар самти вилояти Хатлон ва вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби сохторҳои қудратии мамлакат постҳои иловагӣ гузошта шуд”, - афзуд ӯ.

Ин мақоми марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, сарбозону афсарони тоҷик тавони ҳифзи марзи давлатиро доранд ва талош мекунанд, аз марзшиканӣ ҷилавгирӣ кунанд. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр хатти марзи назораташ душвор дорад.

Рӯйрӯиҳо дар марз бо Афғонистон

Хайриддин Аҳтамов
Хайриддин Аҳтамов

Оморе вуҷуд надорад, ки чанд нафар тариқи марзи Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон пайвастаанд. Дар чанд ҳодисаи соли ҷорӣ чанд тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Афғонистон боздошт шуданд, эътироф кардааанд, ки тариқи Зоҳидони Эрон вориди Афғонистон шудаанд.

Аммо марзшиканӣ дар хати сарҳад миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша ба назар мерасад ва ба гуфтаи мақомот бештар кочоқбарон талоши марзшиканӣ мекунанд. Дар чунин ҳодисаҳо афсарони тоҷик низ кушта мешаванд. Аз ҷумла, рӯзи 2-юми декабр Хайриддин Аҳтамов, сардори Идораи марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар хоки Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои кочоқбар кушта шуд ва чаҳор тан аз сарбозону афсарон ҷароҳат бардоштанд. Бо дарназардошти чунин ҳодисаҳо таҳлилгарон мегӯянд, марзи Тоҷикистону Афғонистон заъфпазир ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG