Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои тармафароӣ кӯмак хост


Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост кардааст, ки барои рафъи оқибатҳои табиӣ ба ин кишвар кӯмак кунад. Дар пайи боришоти зиёд ва ҳам тармафароӣ, ҳадди аққал дар панҷ рӯзи охир дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва дар ҳудуди Бадахшон 8 нафар ҷони худро аз даст дода, се нафар нопадид шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, то рӯзи 1 феврал ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дубора барқарор шудааст, вале дар маҷмӯъ корҳои безараргардонии роҳҳо, поккории барфҳо ва ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии дигари табиӣ идома дорад.

Вазорати умури хориҷӣ бо такя ба омори Маркази ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки дар пайи боришоти шадиди рӯзҳои ахир, меъёри боридани барф дар минтақаҳои кӯҳииТоҷикистон то 170 дарсад бештар аз нишондодҳои солҳои гузашта будааст. Захираи қабатҳои барфӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 168 дарсад, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Зарафшон 322 дарсад, Вахш 148 % ва дар саргаҳи рӯдхонаи Панҷ 156 фисадро ташкил додааст.

Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои вазорати умури хориҷӣ, ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои ин ҳодисаи табиӣ чораандешӣ карда, якҷо бо ширкати IRS роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқро боз кардааст. Вале бо ин вуҷуд, барои ёрӣ ба мардуми офатзада ва рафъи комили оқибатҳои ин барфрезии шадид, кӯмакҳои башарии назири техникаи махсуси барфтозакунӣ, маводи сӯхт, ғизову дорувор ва дигар маводи дар муҳим барои кӯмаки изтирорӣ ба мардум лозим аст.

Ҳаҷми умумии кӯмакҳо ва ё ҳаҷми маблағҳои зарурӣ зикр намешавад, танҳо аз сохторҳои дипломатӣ ва созмонҳои ёрирасони изтирорӣ дархост шудааст, ки мисли гузаштаҳо дар шароити баамаломада ба Тоҷикистон ҳаддалимкон дасти ёрӣ дароз кунанд.

Дар пайи боришоти зиёди барф ва ҳам тармафароӣ дар панҷ рӯзи охир, 8 нафар ҷони худро аз даст дода ва се нафари дигар нопадид шудаанд.

Умеда Юсупова, масъули маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзи 1 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ниҳод дар рӯзҳои ахир дар робита ба барфрезӣ ва тармафароии шадид дар минтақаҳои мухталифи кишвар вазифаи ҳамоҳангкунонии фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатиро ба зимма дошт.

Вай дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки оё маблағе, ки будҷаи Тоҷикистон барои бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ ихтисос медиҳад, кофӣ аст ё на, гуфт, ки наметавонад ба ин дархост посух диҳад.

Вай афзуд: "Ба ин саволи шумо наметавонам посух диҳам. Аммо бо истифода аз маблағҳо ва мутахассисоне, ки дорем, мо тавонистем якҷо бо ширкати IRS дар тӯли ду рӯз ин роҳро аз тарма тоза кунем. Шоми дирӯз раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва вазорати корҳои дохилӣ аз маҳалли офатзада дидан карда, ба хулосае омаданд, ки ҳаракати нақлиёт дар ду самт азсар гирифта шавад. Ҳоло дар ду маҳалл постгоҳҳои муштарак бо шумули табибон фаъол карда шуданд ва то ҷое мушоҳида мекунам, дар ҳаракати нақлиёт ҳеҷ мушкилие дида намешавад."

Маълумот оид ба хароҷоти будҷаи Тоҷикистон барои рафъи офатҳои табиӣ, аз ҷумлаи маълумоти сиррӣ маҳсуб меёбад ва ҳаҷми умумии пулҳое, ки ҳукумат барои ин ҳадафҳо ҷудо мекунад, мушаххас нест. Танҳо гуфта мешавад, ки хароҷот барои рафъи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон аз фонди захиравии президент ва фонди хароҷоти пешбининашуда масраф мешаванд, ки дар навбати худ аз ҳисоби 0,5 % в 2 % ҳаҷми умумии бахши даромади буҷаи давлатӣ ташаккул меёбанд.

Мутахассисон мегӯянд, ки масрафҳои марбут ба муқобила бо офатҳои табиӣ дар бахши «хароҷоти дигар»-и будҷаи давлатӣ ворид шуда, барои соли 2017 ин бахш наздики 2 миллион сомонӣ (1977525 ҳазор сомонӣ ё муодили 250 ҳазор доллар) ва барои "нақлиёт ва коммуникатсия" - беш аз 1,3 (1399626 ҳазор сомонӣ ё 175 ҳазор доллар)-ро ташкил додааст. Мутахассисон мегӯянд, ки ин маблағҳо воқеан ҳам барои муқобила бо офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон кифоят намекунанд.

Навори аз зери тарма берун овардани як ҷавон дар Варзоб:

Видеои аз зери тарма зинда берун кашидани ҷавони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Танҳо дар соли 2015 бар асари гармшавии иқлими сайёра ва офатҳои табиӣ иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар дид. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо зикри ин матлаб дар ҳамоиши байналмилалии об, ки охири моҳи ноябр дар Будапешти Венгрия баргузор шуд, гуфт, дар шароити гармшавии иқлими сайёра ва офатҳои табиӣ вазъи дастрасӣ ба об дучанд печидатар мешавад ва аҳли сайёраро ба мудирияти ҳамоҳангшуда ва сармоягузории бештар дар умури об даъват кард.

Як коршиноси масоили иҷтимоиву иқтисодӣ дар яке аз бонки байналмилалӣ гуфт, дар 15 соли ахир ҳамасола хисорот аз ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон баробари 5% тавлидоти нохолиси миллии кишвар (ВВП) аст.

Тибқи иттилои расмӣ, муҳимтарин кишварҳои ироакунандаи ёриҳои башарӣ ба Тоҷикистон Русия ва Чин мебошанд.

Дар ҳоле, ки муроҷиати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарёфти кӯмаки башарӣ дар амри муқобила бо офатҳои табиии зимистони имсола тоза нашр шуда, ҳанӯз вокунише аз кишвар ё созмонҳои ёрирасон дар даст нест. Тибқи гузоришҳои расмӣ, муҳимтарин кишварҳои ироакунандаи ёриҳои башарӣ ба Тоҷикистон Русия ва Чин мебошанд.

Вазорати молия дар пахши арзёбиҳои пешакии омори соли 2016 рӯзи 1 феврал навиштааст, ки дар соли гузашта ба Тоҷикистон 55 давлати хориҷӣ ба маблағи 55804,7 ҳазор доллар ё 17648,7 тонна ёрии башардӯстона ироа кардаанд. Дар миёни кишварҳои кӯмаккунандаи аслии Тоҷикистон Русия (25,9 %) ва Чин (24 %) зикр мешаванд.

Боқӣ кишварҳо дар ҳаҷми камтар аз 8 дар сади кулли кӯмакҳои башариро ба Тоҷикистон ихтисос додаанд. Ёварони дигари муҳими Тоҷикистон дар бахши кӯмакҳои башарӣ – созмонҳои байналмилалии назири СММ ҳастанд, ки ҳамасола садҳо ҳазор доллар кӯмакҳоро вориди Тоҷикистон мекунанд.

Хуршеди Атовулло.
Хуршеди Атовулло.

Сардабири нашрияи “Фараж” Хуршеди Атовулло мегӯяд, вазъи Тоҷикистони кӯҳӣ, ки ҳамасола ба сараш даҳҳо офати табиӣ меояд, воқеан ҳам нигаронкунанда аст ва такрори ин ҳодисаҳо аз эҳтимол дур нест.

Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, "таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳодисаҳои нохуши табиӣ пайиҳам рух медиҳанд. Фикр мекунам, тасмими муроҷиати вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти эҳтимоли такрори чунин фалокатҳо дар ояндаи наздик гирифта шудааст. Набояд фаромӯш кард, ки тармафароӣ на танҳо дар ҷодаи Душанбе-Чаноқ рух додааст, балкӣ бештаре аз қаламрави Тоҷикистон бо тармафароӣ рӯбарӯ аст.»

Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки яке аз мавсимҳои хатарнок аз назари таҳдиди офатҳои табиии мисли селу обхезиҳо баҳорон аст, ки пайваста рух медиҳанд ва рӯи зиндагии садҳо ҳазор сокини ин кишвар таъсиргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG