Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Фаластин


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи “Е” бо тими Фаластин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Ин бозӣ шаби чоршанбеи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор шуд.

Ҳисобро мизбонон дар дақиқаи 18-ум боз карданд. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ Моҳанад Фанноун ба ҳадаф расонд. Баъди 15 дақиқа ҳуҷуми меҳмонон бо гол анҷомид. Фирдавс Чақалов аз масофаи наздик тӯбро бо зарбаи сар ба тӯри дарвоза зада, ҳисобро баробар намуд.

Ду голи дигар дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Дар дақиқаи 51-ум баъди он ки бозигари фаластиниҳо аз бурҷи майдон тӯбро ба ҷаримагоҳи меҳмонон зад, ғайричашмдошт онро Зоир Ҷӯрабоев ба дарвозаи дастааш равон кард. Дар дақиқаи 75-ум ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Амирҷон Сафаров бо дарвозабони фаластиниҳо як ба як баромад, вале ӯро дар ҷаримагоҳ зада аз по афтонданд. Сардовари бозӣ Маҳмуд Салим Саид Ал-Маҷорафӣ аз Умон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро капитани мунтахаби Тоҷикистон Нозим Бобоҷонов аз пеналтӣ ба ҳадаф расонда, ҳисобро баробар намуд – 2:2.

Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” дастаи мунтахаби ҷавонони Урдун ба дарвозаи тими Бангладеш ҳафт голи беҷавоб зад.

Дар шаҳри Ҳеврони Фаластин мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи “Е” бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони футболи Бангладеш, Тоҷикистон, Урдун ва Фаластин то рӯзи якшанбеи 23-юми июл идома меёбад.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқа рӯзи ҷумъаи 21-уми июл баргузор мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар вазишгоҳи «Дура»-и Ҳеврон бо дастаи Бангладеш рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (18:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бозии дигар миёни дастаҳои мунтахаби Фаластин ва Урдун соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар ҳамин ҳол мусобиқаи гурӯҳи «D» бо пирӯзии мунтахаби ҷавонони Узбакистон, ки ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат гирифт, ба анҷом расидааст.

Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23), ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир хоҳад шуд, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи ҷойҳои дувумро ишғолкарда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Чин дар мусобиқаи интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Чин дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум қарор бигирад, онгоҳ дастаи шашум,ки дар мусобиқаи интихобӣ ҷойи дувумро мегирад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23)

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «Е». Даври 1-ум

ТОҶИКИСТОНФАЛАСТИН – 2:2

Голҳо: Моҳанад Фанноун, 18 – аз пеналтӣ (0:1). Фирдавс Чақалов, 33 (1:1). Зоир Ҷӯрабоев, 51 – ба дарвозаи худ (1:2). Нозим Бобоҷонов, 75 – аз пеналтӣ (2:2).

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Ойбек Абдуғаффоров, Азимҷон Раҳмонов, Фирдавс Чақалов (Ваҳдат Ханонов, 90), Зоир Ҷӯрабоев, Вайсиддин Сафаров, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан, Нозим Бобоҷонов, Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 57).

Фаластин: Наим Абубакир, Муҳаммад Рашид, Абдулкарим Абушанаб (Абдулло Абурашид, 84), Аҳмад Зрайк, Моҳанад Фанноун (Муҳаммад Убайд, 69), Маҳмуд Абуварда, Умар Сандука (Баҳаа Вридат, 46), Маҳмуд Юсуф, Юсуф Ал-Ашҳаб, Одай Иброҳим Муҳаммад Даббагҳ, Намир Агҳа.

Огоҳонида шуданд: Беҳрӯз Хайриев, Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), Абдулкарим Абушанаб, Умар Сандука, Намир Агҳа (Фаластин).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Фирдавс Чақалов (Тоҷикистон).

Сардовар: Маҳмуд Салим Саид Ал-Маҷорафӣ (Умон).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Ҷаясурия Де Силва (Шри-Ланка).

19 июл. Ҳеврон. Варзишгоҳи «Дура». 800 тамошогар.

УРДУН – БАНГЛАДЕШ – 7:0

Голҳо: Мӯсо Муҳаммад Мӯсо, 17 (1:0). Нур Ал-Дин Маҳмуд, 37 (2:0). Мӯсо Муҳаммад Мӯсо, 50 (3:0). Аҳмад Фавзӣ Маҳмуд, 55 (4:0). Баҳа Файсал Муҳаммад, 58 (5:0). Нур Ал-Дин Маҳмуд, 63 (6:0). Аҳмад Фавзӣ Маҳмуд, 78 – аз пеналтӣ (7:0).

19 июл. Ҳеврон. Варзишгоҳи «Дура». 50 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

1

1

0

0

7-0

3

2

Тоҷикистон

1

0

1

0

2-2

1

3

Фаластин

1

0

1

0

2-2

1

4

Бангладеш

1

0

0

1

0-7

0

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23)

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

19 июл (чоршанбе)

Урдун – Бангладеш – 7:0

Тоҷикистон – Фаластин – 2:2

Даври 2-юм

21 июл (ҷумъа)

18:30 – Бангладеш – Тоҷикистон

21:30 – Фаластин – Урдун

Даври 3-юм

23 июл (якшанбе)

18:30 – Урдун – Тоҷикистон

21:30 – Фаластин – Бангладеш

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG