Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши шиносномаи Тоҷикистон дар "The Nomad Passport Index 2017"


Тибқи натиҷаҳои эътиборсанҷии Муассисаи таҳқиқоти байналмилалии "Nomad Capitalist", арзиш ё эътибори шиносномаи Тоҷикистон дар байни 199 кишвари ҷаҳон дар раддаи 140 қарор дорад. Бар пояи ин эътиборсанҷӣ, шиносномаи Шведсия дар мақоми аввал қарор гирифтааст.

Шохисҳое чун шумораи кишварҳое, ки ба шаҳрвандони ин 199 кишвар бидуни виза иҷозаи вуруд медиҳанд, имкони доштани тобеияти дугона ё душаҳрвандӣ, хушномӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон, мизони эҳтиром ба озодиҳои фардиву умумӣ ва ҳаҷми молиёте, ки ҳукумат аз шаҳрвандони муқими хориҷ аз кишвар дарёфт мекунад, дар ин раддабандии Муассисаи таҳқиқоти байналмилалии "Nomad Capitalist" ба назар гирифта шудаанд.

Бар асоси ин эътиборсанҷӣ, гузарномаи Тоҷикистон нисбат ба гузарномаҳои 58 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон дорои эътибори бештаре аст. Гузарномаи Афғонистон -- ҳамсояи Тоҷикистон ҳамчун беэътибортарин гузарномаи ҷаҳон дар қаъри ин феҳрист -- дар ҷои 199-ум қарор дорад. Чин -- ҳамсояи дигари Тоҷикистон дар ин эътиборсанҷӣ дар мақоми 164-уми қарор гирифтааст.

Тибқи ин пажӯҳиш, гузарномаи Тоҷикистон нисбат ба гузарномаҳои 58 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон дорои эътибори бештаре аст.

Дар ин раддабандии Муассисаи таҳқиқоти байналмилалии "Nomad Capitalist" Шведсия, Белгия, Италия, Испания ба тартиб дар раддаҳои аввал то панҷум ва Амрико дар рутбаи 35-ум қарор доранд. Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Шведсия, ки дорои мӯътабартарин гузарномаи дунё муаррифӣ шуда ва метавонанд бидуни дарёфти виза ба 176 кишвар ва ё қаламрав сафар ва ё зиндагӣ кунанд, дорандагони шиносномаҳои Тоҷикистон бидуни гирифтани виза танҳо ба чанд кишвари маъдуд, аз ҷумла Туркия, Қирғизистон, Русия, Қазоқистон ва бархе дигар аз кишварҳо метавонанд сафар кунанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, маҳдуд будани ингуна имтиёз сабаб шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон хеле кам ба сафарҳои сайёҳӣ мераванд. Низоми раводид ҳатто боис шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд сари вақт ба дидорбинии хешу табори худ ба кишварҳои ҳамсоя, хусусан Узбакистону Афғонистон раванд. Ахиран сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳислом Шоҳқосимов изҳори умедворӣ кард, ки виза барои сокинони наздимарзӣ бардошта мешавад.

Далели дигар, мушкил будани худи гирифтани виза аст, зеро бисёре аз кишварҳои дунё дар Душанбе сафорату консулгарӣ надоранд ва мардум дар ин сурат маҷбур аст ба наздиктарин сафорати он кишвар муроҷиат кунад. Вале маъмулан ин сафоратҳо дар Тошканд, пойтахти Узбакистон ҷойгир шудаанд ва гирифтани виза барои сафар ба Узбакистон худ як мушкил аст, ки бисёре аз атбоъи тоҷикро аз азми сафар мегардонад.

Таҳлилгарон мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон аз имконияти низоми бе раводид бештар барои сафар ба Русияву Туркия ва Қазоқистон истифода мекунанд. Маҳз ба далели низоми бидуни раводид аксари аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Аммо ба Туркия аз Тоҷикистон бештар барои истироҳату тамошо ё тиҷорат сафар мекунанд.

Аз сӯи дигар, Тоҷикистон ахиран барои шаҳрвандони хориҷӣ судури раводид ё виза тариқи Интернетро ба роҳ монд ва акнун шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз тариқи Интернет ва бе муроҷиати мустақим ба консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа, визаи кишварро дастрас кунанд.

Мақомоти тоҷик таъмини сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистонро яке аз ҳадафҳои ҳукумат барои гарм кардани бозори туризм ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон дар тамоми солҳои истиқлолият унвон мекунанд. Бино ба омори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар тӯли соли 2015 аз ин кишвар қариб 420 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан кардаанд.

Аз ҳисоби сайёҳон дар соли 2015 ба будҷаи Тоҷикистон ҳудуди 207 миллион доллар ворид шудааст. Аксари сайёҳон ба Тоҷикистон барои тамошои кӯҳистони Бадахшону Зарафшон меоянд, вале дар солҳои охир шумори онҳое, ки иштиёқи тамошои маконҳои таърихиву зиёратии Тоҷикистон ба тамошои ин кишварашон меорад, низ рӯ ба афзоиш овардааст.

XS
SM
MD
LG