Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе: "Иддаои волии пешини Кундуз дасисае беш нест". ВИДЕО


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иддаои раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон дар мавриди тармим ва бозсозии танкҳо ва васоили ҷангии гурӯҳи Толибон дар қаламрави Тоҷикистонро радд кард ва онро "дасиса" хонд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иддаои раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон дар мавриди тармим ва бозсозии танкҳо ва васоили ҷангии гурӯҳи Толибон дар қаламрави Тоҷикистонро радд кард ва онро "дасиса" хонд.

Раиси пешини вилояти Кундуз Умар Софӣ авоили моҳи моҳи ҷорӣ дар як сӯҳбат ба радиои паштузабони "Spogmai" иддао карда буд, ки танкҳо ва васоили вазнини ҷангии гурӯҳи Толибон, аз тарафи муҳандисони рус дар хоки Тоҷикистон таъмир мешаванд.

Душанбеи расмӣ баёнияи раиси собиқи вилояти Кундузи Афғонистон Умар Софӣ роҷеъ ба тармими танкҳои Толибон дар ҳудуди Тоҷикистонро, “дасиса” хонд.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон омадааст, ки "чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд."

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кардааст, ки "ба ҷои таҳлили амиқи мушкилоте, ки Афғонистон аз сари худ мегузаронад, омилҳои таъсиромез ба вазъият дар ин кишвар ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли ин мушкилот, намояндагони расмии Кобул масири номуайянеро пеша кардаанд”.

Аз ин қабл низ мақомоти дигари Тоҷикистон ин иддаои раиси пешини вилояти Кундузро радд карда буданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 2 январ дар сӯҳбат ба Радио Озодӣ ин хабарро "беасос" хонда ба гуфта буд, ки онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Раиси вилояти Хатлони ҳаммарз бо Кундузи Афғонистон Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода низ ду рӯзи пеш зимни нишасти хабарӣ ба ин иддаои волии пешини Кундуз вокуниш нишон дода ва гуфта буд, "танк чизе нест, ки дар киса гузошта гузаронӣ."

"Тонк чизе нест, ки дар киса гузошта гузаронӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Дар авохири моҳи гузашта Умар Софӣ, волӣ ё раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон, зимни сӯҳбат бо радиои паштузабони “Spogmai” гуфта буд, ки кӯмаки Русия ба Толибон сабаби афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Кундуз ва ду бор суқути ин вилоят шудааст.

Дар ин хабар, ки шуморе аз расонаҳои Афғонистон онро бознашр кардаанд, Умар Софӣ гуфта буд, ки муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои нақлиёт, ки дар ҷараёни ҷанг аз нерӯҳои амниятии афғон ба дасти Толибон меафтанд, ба Тоҷикистон интиқол ёфта ва аз сӯи муҳандисони рус барои Толибон тармим мешаванд.

Умар Софӣ, раиси пешини вилояти Кундуз.
Умар Софӣ, раиси пешини вилояти Кундуз.

Иддаои раиси пешини вилояти Кундуз дар мавриди тармиму бозсозӣ шудани васоили ҷангии Толибон дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ хабарҳо дар мавриди ҳимояти русҳо аз гурӯҳи Толибон бештар шудааст. Дар рӯзҳои гузашта гузоришҳое аз фиристодани силоҳ аз Русия ба гурӯҳи Толибон нашр шуда буд. Дар ҳамин бора як мақоми амниятии Афғонистон ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфта буд, ки силоҳҳое дар нуқтаҳои марзии Афғонистон ва Тоҷикистон аз гурӯҳи Толибон кашф шудааст, ки сохти Русия ҳастанд.

Як фармондеҳи Толибон низ ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ҳимояи аслиҳавии Русия аз Толибон ва дар ҳамлаи ин гурӯҳ ба Кундуз ва тасарруфи чандрӯзаи ин шаҳр аз сӯи Толибон, таъсир доштааст. Русия бо онки аз сӯи бархе манбаъҳои амниятии Афғонистон муттаҳам ба фиристодани силоҳ ба Толибон шудааст, аммо ба таври расмӣ аз пуштибонони артиши Афғонистон ба шумор меравад.

ВИДЕО: "Тоҷикистон бо Толибон музокирот намекунад"

"Тоҷикистон бо Толибон музокирот намекунад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Авоили соли гузашта як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба агентии Associated Press гуфта буд, ки Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.

XS
SM
MD
LG