Пайвандҳои дастрасӣ

ҲХДТ Аскар Нурализодаро аз сафҳояш ихроҷ кард


Аскар Нурализода.

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон Аскар Нурализода, як масъули раёсати Вазорати рушди иқтисодро, ки бо иттиҳоми гирифтани 500 ҳазор доллар пора боздошт шуд, аз узвияти ин ҳизби ҳоким хориҷ кард.

Масъулини ҳизби ҳоким мегӯянд, вакилии Нурализода низ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ соқит шуда, рӯзҳои наздик ҲХДТ ба ҷойи ӯ номзади навро пешниҳод мекунад. Нурализода дар ҳоле узвияташ дар ҲХДТ-ро аз даст медиҳад, ки коршиносон мегӯянд, ин ҳизб дар аксар ҳолат талош мекунад, узвияти аъзоёнаш ҳангоми боздошт расонаӣ нашавад.

“Нурализода ба обрӯи ҳизб халал расонд”

Як масъули Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, рӯзи 9-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҲХДТ Нурализодаро баъди боздошт аз узвияти худ хориҷ кард. Ин масъули ҲХДТ гуфт, Нурализода бо ин рафтори худ ба обрӯи ҳизб латма зад.

Аскар Нурализода чанд рӯз қабл бо иттиҳоми гирифтани 500 ҳазор доллар пора аз ҷониби маъмурини Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, боздошт шуд.

"Рӯзҳои наздик номзади нав ба ҷойи Аскар Нурализода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод мешавад. Дигар ҳизбҳо ҳам номзадҳои худро пешниҳод мекунанд ва интихобот баргузор мешавад", - гуфт ин мақомдори Ҳизби халқии демократӣ бидуни бурдани номаш.

Мавқеи пурраи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар робита ба боздошти узваш бо иттиҳоми порагирӣ расман пахш нашудааст. Дар назар аст, ки ҳафтаи равон ин ҳизб дар як ҷамъомад номзади нави худ барои ишғоли курсии Нурализода дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомониро эълон кунад. Дар ин чорабинӣ ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, мавқеи ҳизб оиди боздошти Аскар Нурализода шарҳ дода мешавад.

Аскар Нурализода, масъули раёсати Вазорати рушди иқтисод ва узви Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми гирифтани 500 ҳазор доллар пора аз ҷониби маъмурини Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд. Мақомоти Оҷонсӣ гуфтанд, ки Аскар Нурализода барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти давлатӣ, аз як шаҳрванд 1 миллион доллар хоста буд.

Мақомоти Оҷонсӣ мегӯянд, ин мақоми Вазорати рушди иқтисод ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар назди тарабхонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Баъдан ҳангоми тафтиши манзили зисти Нурализода 10 ҳазор доллари дигар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, ёфт шудааст. Мақомот мегӯянд, Нурализода барои иҷрои ин ваъдааш ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ талаб намуда, дар чанд ҳолати дигар овардани пули нақдро низ тақозо кардааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба ин мақомдори Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои “в” ва “г”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Оҷонсии зиддифасод ин ҳолатро талоше барои латма задан ба рушди иқтисоди кишвар ва роҳандозии барномаҳои муҳими давлатӣ дониста буданд.

Бо гузашти беш аз як ҳафта аз боздошт ва иттиҳоми Нурализода, на мавқеи худи ӯ ва на ҳомиёнаш ба ин қазия маълум нест. Аз ҷумла, мушаххас нест, ки то куҷо худи ӯ иттиҳомоти тафтишоти пешакиро эътироф мекунад ё на. Мақомот то ҳол барои ӯ адвокати давлатӣ таъин накардаанд ва маълум нест, ки худи ӯ вакили дифоъ гирифтааст ё не. Талошҳои мо барои гирифтани назари наздикони ӯ бенатиҷа анҷом ёфт.

"Узвият дар ҲХДТ-роҳи осони ба боло баромадан"

Дар Тоҷикистон барои расидан ба мақому қудрат, аксари афрод ба ҷуз аз мақомоти қудратӣ, ба узвияти ҳизби ҳокими халқии демократӣ шомил мешаванд. Ҳамасола чандин тан аз мансабдорони ҳукуматӣ бо ҷурмҳои гуногун боздошт мешавад, вале дар аксари ҳолатҳо, узвияти онҳо дар ин ҳизб зикр намешавад. Ин яке аз камтарин ҳодисаҳоест, ки ҲХДТ ба матбуот дар бораи аз узвияи ҳизби ҳоким ихроҷ шудани як узви мақомдорашро баъди пахши хабари эҳтимоли порагирии ӯ ошкор мекунад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Масъулини Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ироаи омори аъзои боздошшудаашон худдорӣ мекунанд. Вале дар гузашта ҳам чандин вакил дар маҷлисҳои маҳаллӣ, ки аз ҲХДТ намояндагӣ мекарданд, бо ҷурмҳои гуногун боздошт шуданд. Аксарияти вакилон аз маҷлисҳои маҳаллӣ то палатаҳои болоии порлумон, аъзои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ мебошанд.

Ҳафтаи гузашта Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки дар кирдорҳои Хисрави Абдуназар, собиқ раиси шаҳри Панҷент ва ҳоло вакили порлумон, аломатҳои ҷиноят ошкор карда, ба Додситонии кулл ирсол кардааст. Хисрави Абдуназар ҳам дар порлумон аз ҳизби ҳоким намояндагӣ мекунад.

"Коршинос: Бояд ин бозиҳо аз оғоз намешуданд"

Коршиносон мегӯянд, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҳоким дар аксар ҳолат талош мекунад дар сурати боздошти аъзояш ҷомеа аз ҳизбияти онҳо огоҳ нашавад. Далер Шарипов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, боздошти як вакили ҲХДТ дар умум ба ин ҳизб бетаъсир нахоҳад буд, чун дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷинояти як нафар ба обрӯи волидайн ва гурӯҳу ҳизбаш зарба мезанад. Аммо ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, рафтори ҳар кас бояд марбут ба худаш бошад ва аз аввал чунин бозиҳо бояд амалӣ намешуданд.

Далер Шарифов.
Далер Шарифов.

"Ҳар шахс бояд ба ҷинояти худ, худаш бояд посух диҳад. Ҳамингуна муносибат аввал зидди ҳизби мамнуи наҳзати ислом истифода мешуд. Агар ягон аъзои ин ҳизб боздошт мешуд, мақомот ба узвияти ҳизбии ӯ ишора мекарданд. Аммо ҲХДТ дар аксар ҳолат намехоҳад, ки чунин масоил расонаӣ шавад ва ҷомеа огоҳ шавад, ки боздоштшуда узви ин ҳизб аст. Вақте ашхоси баландмақоми ҳизбие чун Аскар Нурализода боздошт мешавад, ин бисёр ҳарфи калон аст,"-мегӯяд ҷаноби Шарипов.

Бо ин ҳама ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, ҳирси ба мансабҳои баланд даст ёфтан, шахсони зиёди тасодуфиро ба ҳизби ҳоким овардааст ва вақте онҳо ҷиноят содир мекунанд, он ба ҳизб таъсири калон мерасонад.

Коршиносон дигар мегӯянд, боздошти Нурализода ва ё қазияҳои ба ин монанд ба обрӯи ҳизби ҳоким ва Ҳукумат зарбаи сахт намерасонад. Ба қавли таҳлилгарони тоҷик, системаи ҳизбӣ дар майдони сиёсии Тоҷикистон таъсири бузург надорад ва интихоботҳо ҳам ба рейтинги ҳизбҳо бастагии зиёд надорад. Ба ин хотир, ба қавли ҳамсӯҳбатони мо аз доираҳои коршиносӣ, ҳизбҳо зиёд сари обрӯи сиёсии худ андеша намекунанд.

Аҳмадшоҳ Комилзода.
Аҳмадшоҳ Комилзода.

Аҳмадшоҳ Комилзода, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, зиндонӣ шудани чунин нафарон ҳатто метавонад ба обрӯи ҳизби ҳоким ва ҳукумат биафзояд, "чун мардум инро интизор ҳастанд."

Ба қавли ҷаноби Комилзода, “"мардум вақте мебинанд, ки ягон одами қаллоб, дузд, порахӯр аз номи ҳизб ва аз номи ягон ҳукумат ба қаллобӣ даст мезаданд ва дастгиру муҷозот мешавад, хуб аст. Мардум хуб қабул мекунанд, ки як ҳизб ё ҳукумат чунин одамонро аз сафи худ хориҷ мекунад."

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, ҳоло роҳбарии онро президент Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад. Аксари курсиҳои порлумонӣ дар Маҷлиси намояндагонро ин ҳизб дар ихтиёр қарор доранд ва коршиносон онро ҳизби яккатоз дар майдони сиёсии Тоҷикистон медонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG