Пайвандҳои дастрасӣ

Нотаи Тоҷикистон ба Русия – “Латту кӯби Наврӯз одилона таҳқиқ шавад” САДО


Тоҷикистон бо ирсоли нота ё ёддошт аз Русия талаб кард, ки қазияи латту кӯби Наврӯз Зикиров, аробкаши тоҷики 27-солаи бозори “Москва” дар ноҳияи Люблиноро ҷиддан ва одилона баррасӣ кунад. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, рӯзи 3-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин нота рӯзи душанбе ба мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия супурда шуд.”

  • Наврӯз Зикиров, ки дар маркази савдои “Москва” аробакашӣ мекард, шаби 20-уми сентябр мавриди латту кӯб қарор гирифт. Дар пайи ин, даҳҳо муҳоҷири тоҷик бо тақозои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони латту кӯби Зикиров даст ба эътироз заданд.

Як бори латту кӯбаш ин қадар иғво барпо кард. Мо сӯҳбат кардем, гуфтанд, ки барои ҳамин як муддат дар ватан бимонад, то ягон иғвои дигар нашавад

Сарвар Бахтӣ гуфт, дар ин қазия Наврӯз Зикиров ҷиддан латту кӯб шудааст ва бояд масъулони ин қазия ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ӯ гуфт, “қотеъона талаб кардем, он гунаҳкороне, ки шаҳрванди моро латту кӯб карданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мо талаб кардем, ки аз ҷараён ва натиҷаҳои тафтишот пурра ба сафорат маълумот пешниҳод шавад. Ин таҳти назорати ҷидди мо ҳаст. Ҷаноби сафир дар мулоқот гуфтанд, бояд онҳое, ки шаҳрванди моро латту кӯб карданд, аз рӯи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ёддошт зикр шудааст, ки ин шаҳрванд латту кӯби сахт шудааст, яъне ёддошт бо талаби қотеъона навишта шудааст.”

"Муҳоҷирон террорист нестанд". Намояндаи Путин қазияи Люблиноро шарҳ дод

Наврӯз Зикиров ҳангоми табобат дар бемористони Маскав
Наврӯз Зикиров ҳангоми табобат дар бемористони Маскав

Талаби сафорат аз тафтиши ҷиддии латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 2-юми октябр Наврӯз Зикиров ба ватан баргаштааст. Шариф Ғуломов, амаки Наврӯз, рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони бозор бидуни машварат ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд. “То ман бохабар шудам, ки аллакай ба Тоҷикистон рафтааст. Гуфта будам, ки маро бин, баъд рав, вале бидуни огоҳии ман ӯро равон карданд”, - афзуд ӯ.

Мақомоти ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, зодгоҳи Наврӯз Зикиров гуфтанд, ки дирӯз аз фурудгоҳ ин муҳоҷирро пешвоз гирифта, ӯро дар деҳаи Узнохур ба дасти хонаводааш супурданд. Абдуғаффор Қодиров, раиси ҷамоати Дектури ноҳияи Балҷувон, рӯзи 3-юми окятбр гуфт, пас аз сӯҳбат маълум карданд, Наврӯзро ба хотири рух надодани ягон иғвою дасиса ба ватан фиристодаанд.

“Як бори латту кӯбаш ин қадар иғво барпо кард. Мо сӯҳбат кардем, гуфтанд, ки барои ҳамин як муддат дар ватан бимонад, то ягон иғвои дигар нашавад”, - афзуд Қодиров.

Наврӯз Зикиров шаби 20-уми сентябр дар маркази тиҷоратии “Москва” мавриди латту кӯб қарор гирифта, сипас чанд рӯз дар бемористон буд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, ки баҳси ӯ бо ду муҳофизи маркази тиҷоратӣ сари пардохти пул бархост ва онҳо ӯро канор бурда, ба ноҳияи сараш заданд.

Ойниҳол Бобоназарова: "Ман ҳаққи хомӯш буданро надорам"

​Пулиси Маскав қаблан гуфта буд, ки нисбат ба ҳодисаи латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон тибқи моддаи 116-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз кардааст. Ҳадди аксари ҷазо тибқи ин модда ду соли зиндон муайян шудааст. Аммо бо гузашти ду ҳафта аз ин қазия ҳанӯз масъулони ин қазия боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Ҳарчанд дар пайи эътироз ба ин латту кӯби муҳоҷири тоҷик чанде аз коркунони тоҷики бозори “Москва” ба далели нақзи қоидаи будубош ба Тоҷикистон ихроҷ ва бархеи дигар аз кор маҳрум шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG