Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз воридоти семент ба содирот гузашт


Дар соли гузашта истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфта ва ба кишварҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор тонна содир шудааст. Қаблан Тоҷикистон аз Покистон, Эрон ва Қазоқистон ҳамасола ҳудуди 2 миллион тонна семент ворид мекард. Афзоиши исеҳсол тадриҷан шонси ин кишварро барои содир кардани семент ба хориҷа бештар мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, дар соли гузашта 12 корхонаи сементбарорбарии кишвар беш аз 1 миллиону 900 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондодҳои соли 2015 ним миллион тонна бештар будааст.

Шамсиддин Иброҳимов, сардори Раёсати маҳсулоти сохтмонии ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши умдаи маҳсулоти семент дар иншоотҳои дохили кишвар, назири сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, биноҳои бисёрошёна, роҳу пулҳои иртиботӣ ва дигар иншоотҳо истифода мешавад.

Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта ҳудуди 260 ҳазор тонна семент ба кишварҳои хориҷӣ низ содир шудааст. Вай гуфт: “Корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр Семент” ва “Чжунгсай Моҳир Семент” дар ноҳияи Ёвон ба Афғонистон ва “Хуаксин Ғаюр Семент Суғд” ба Узбакистону Қирғизистон семент содир карданд. Маблағи умумии содироти семент ба хориҷи кишвар ҳудуди 14 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бад-ин тартиб, Тоҷикистон аз воридкунандаи семент ба содиркунандаи он табдил шуд”.

Як масъули ширкати муштараки “Хуаксин Ғаюр Семент” бидуни ифшои номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат аз соли 2013 содироти сементро ба Афғонистон шурӯъ карда ва ҳамасола мизони содироти ин маҳсулот бештар мешавад. Ба гуфтаи вай, пас аз ифтитоҳи корхонаи“Хуаксин Ғаюр Семент Суғд” дар моҳи марти соли гузашта, бахше аз маҳсулоти сементи ин корхона ба Узбакистон ва Қирғизистон содир шудааст. Ин корхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафури вилояти Суғд дар як шабонарӯз иқтидори тавлиди 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна сементро дорад.

Ин корхона филиали корхонаи муштараки Чин ва Тоҷикистон "Ҳуаксин Ғайр семент" мебошад ва ба Акбар Ғуломов, писари шодравон Асадуллоҳ Ғуломов, муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон тааллуқ дорад. Корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фаъол шуд.

То соли 2014 Тоҷикистон сементро асосан аз Покистон, Эрон ва Қазоқистон ворид мекард. Масалан, тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2013 аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ ҳудуди 900 ҳазор тонна семент бо арзиши 80 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Як соле қабл, танҳо аз Покистон ба Тоҷикистон ба миқдори 1,7 миллион тонна семент ворид шуда буд.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологи нави Тоҷикистон, ҳоло дар Тоҷикистон 12 корхонаи тавлиди семент фаъолият карда ва солона ҳудуди 2 миллион тонна маҳсулот истеҳсол мешавад. Ба гуфтаи масъулони ин вазорат, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарорӣ 4 миллион тонна буда ва дар сурати мавҷуд будани талабот истеҳсоли ин навъи маҳсулот, дар соли ҷорӣ боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Ин амр имкон медиҳад, мизони воридоти семент аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфта ва бозори дохилӣ бо сементи ватанӣ таъмин хоҳад шуд.

Як тонна сементи ватанӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон то 800 сомонӣ ё ҳудуди 100 доллари амрикоӣ арзиш дошта ва нисбат ба сементи хориҷӣ арзонтар будааст. Як тоҷир дар бозори маҳсулоти сохтмонии “Ҷал-Ҷам”-и Душанбе гуфт, дар Тоҷикистон афзудани мизони истеҳсоли семент падидаи хуб аст, вале хатари ба вуҷуд омадани монополияи ин маҳсулот вуҷуд дорад, ки метавонад ба болоравии нарх сабаб шавад. Набуди рақобат аз ҳисоби сементи воридотӣ ва ё кам будани ҳаҷми воридот аз Покистон, нархи як халта семент аз 37-38 сомонӣ то ба 48 сомонӣ боло рафтааст.

Ниёзи Тоҷикистон ба семент солона 3 миллион тоннаро ташкил медиҳад, вале ба гуфтаи коршиносон, дар пайи буҳрони иқтисодӣ сохтмони биноҳои бисёрошёна ва иншоотҳои дигар коҳиш ёфта ва ин вазъ имкон дорад ба мизони тавлиди семент дар корхонаҳои Тоҷикистон таъсир гузорад.

XS
SM
MD
LG