Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон Русияро барои музокирот ба Душанбе даъват кард


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҷониби Русия пешниҳод кардааст, ки музокироти навбатӣ барои ҳалли мушкили танзими парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия, дар Душанбе баргузор шавад.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 10 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол вазорати нақлиёти Русия ба ин пешниҳод посухе надодааст. Вай гуфт: “Дар аввали моҳи ҷорӣ дар Русия таътил буд. Шояд ба ҳамин далел, барои баррасии пешниҳоди мо фурсат нарасидааст. Бовар дорем, ки ин музокирот дар ояндаи наздик баргузор шуда ва масоили мавриди баҳси ҷонибҳо баррасӣ ва ҳал хоҳад шуд.”

Ҳамзамон, ҷаноби Ганҷалзода таъкид кард, ки мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар заминаи анҷоми парвозҳои ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд побарҷо буда ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон пойфишорӣ мекунад, то ин парвозҳо бар асоси усули паритет ё баробарӣ сурат бигирад.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Рӯзи 20 декабр Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷоза надод. Ҷониби Тоҷикистон таъкид дошт, ки дар протоколи танзими парвозҳое, ки рӯзи 7 ноябри соли гузашта дар шаҳри Маскав миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Русия имзо шуда буд, парвози ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст. Аммо Вазорати нақлиёти Русия инро рад карда ва рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро истиснои Маскаву Санкт-Петербург ба 4 шаҳри минтақавии Русия қатъ кард.

Дар ҳоле, ки то ҳанӯз дар мавриди таърихи баргузории музокироти ҳайатҳои Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тавофуқи усулӣ ба даст наомадааст, Андрей Дубров, мудири тиҷоратии ширкати “Ямал” ба ожонси иттилоотии РИА Новости гуфтааст, бовар дорад то 15 январи соли ҷорӣ парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд шурӯъ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъхир дар оғози парвозҳо миёни шаҳрҳои Тошканд ва Душанберо ба иллати фаннӣ рабт доданд. Интизор мерафт аз аввалҳои моҳи ҷорӣ парвозҳо дар ин масир шурӯъ шавад. Шералӣ Ганҷалзода гуфт, ки омодагиҳо дар ин замина идома дошта ва мумкин аст, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои Тошканду Душанбе сурат бигирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG