Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи андоз ба соҳибкорон: Нозирони "қонуншикан"-ро наворбардорӣ кунед


Кумитаи андози Тоҷикистон аз соҳибкорон дархост кардааст, ҳангоми мушоҳидаи қонуншиканӣ ва ё тафтиши ғайримақсадноки нозирони ин ниҳод, онҳоро наворбардорӣ кунанд ва тариқи телефони боварӣ хабар диҳанд.

Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки дар моҳҳои охир шикояти ширкатҳои тиҷоратӣ ва дипломатҳои хориҷӣ аз баланд будани мизони андоз ва ҳам санҷишҳои барзиёду гоҳо ғайриқонуни фаъолияташон афзоиш ёфт. Дар изҳороти ахири сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидоят Бишчевич ин амали мақомот “зиёновар дар муҳити сармоягузории Тоҷикистон”, унвон шудааст.

Масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, иқдоми санҷиши кори ходимони онҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа, ба хотири ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо рӯи даст гирифта шудааст.

Масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, иқдоми санҷиши кори ходимони онҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа ба хотири ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо рӯи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи ин масъулон, ба хотири шиносии афроде, ки худро корманди Кумитаи андоз ҳисоб мекунанд, наворбардорӣ шуданашон аз ҷониби соҳибкорон, ба онҳо ҷиҳати шиносоӣ кӯмак мекунад. Ҳоло қисме аз ин эълон тариқи расонаҳои давлатӣ як ҳафта боз пахш мешавад ва як гурӯҳӣ корӣ низ ба соҳибкорон роҳҳои ба истилоҳ ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ бо роҳи сабти навор ва пешкаш кардани он ба Кумитаи андозро мефаҳмонанд.

Хуршед Исмоилзода, масъули Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз 16 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бархе аз нозирон аз ҳади ваколатҳои худ берун пой мениҳанд ва дар бархе ҳолатҳои дигар, афроди ношинос худро корманди Кумитаи андоз мурарифӣ намуда, сари соҳибкор фишор меоранд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.

Вай афзуд: “Мақсади мо пешгирӣ аз қонуншиканиҳо аст. Сафи кормандони андозро бояд тоза кунем. Вақти он расидааст, ки мо хизматчиёни давлатӣ ҳаракат кунем, то софдилона ба ватану давлат хизмат расонем. Ҳастанд, ҳолатҳое, ки кормандоне бо як хато обрӯи як мақомотро коста мекунад. Бояд мо аз ин корҳо пешгирӣ кунем.”

Ҷаноби Исмоилзода афзуд, ин эълон дар пасманзари даъватҳои президенти кишвар барои дастгирии соҳибкорон роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло низоми андозсупорӣ содда шудааст ва аксаран ниёзе барои рафтан ба Идораи андоз ба соҳибкорон ва рафтани нозирон ба назди соҳибкор боқӣ намондааст. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд, ҳоло соҳибкорон тариқи интернет метавонанд, ҳисоботи худро ба сомонаи Кумитаи аноз ирсол кунанд.

Шикояти ширкатҳои хориҷӣ аз молиёти зиёд

Эълони назорати кори нозирони андоз ва хабар додан аз қонуншикании онҳо дар ҳолест, ки чанде пеш Ҳидоят Бишкевич, раиси дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе гуфт,

Ҳидоят Бишчевич, раиси дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе
Ҳидоят Бишчевич, раиси дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе

даҳҳо ширкати хурду бузург дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки аз тафтишҳои пайваста ва молиёти зиёд безор шудаанд ва баъзеашон дар Тоҷикистон мондан намехоҳанд.

"Ба мо тақрибан 35 ширкату муассисаҳои аврупоӣ муроҷиат карданд. Онҳо аз тафтишҳои ниҳодҳои молӣ, ва бахусус молиёти зиёд шикоят доштанд ва ҳатто баъзеашон ният доранд, ки аз Тоҷикистон бираванд", –гуфтааст, ин дипломати аврупоӣ. Айни чунин шикоят аз забони тирамоҳи соли 2016 сафири Русия Игор Лякин-Фролов ҳамсадо додааст.

Шикояти пинҳону ошкори соҳибкорон аз нозирони андоз

Соҳибкорони тоҷик низ ошкору ниҳон аз фаъолияти нозирони андоз ва тафтишҳои баҳудаву беҳудаи он пайваста шикоят мекунанд. Фирӯз Юсуфов, як соҳибкори ҷавон дар Душанбе мегӯяд, иқдоми Кумитаи андоз ҷиҳати ошкор кардани нозироне, ки аз доираи қонун берун фаъолият мекунанд, хуб аст, аммо ба гуфтаи ӯ, чунин шикоят на ҳамеша ба фоидаи соҳибкорон анҷом меёбад. Ӯ гуфт, тоза нозирони андоз ба мағозаи тиҷоратиаш омада ӯро наздик ба 2 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.

“Гуфтанд, ки ту чаро ин қадар маҳсулоти зиёд дорӣ, аммо андози кам месупорӣ. Гуфтам, охир бояд аз фоида андоз супорам. Савдо кам аст ва фоида кам аст. Дар қонун ҳам бояд аз фоидаи бадастоварда андоз супорӣ. Аммо инҳо ҳоло аз моли нофурӯхта мехоҳанд андоз бигиранд”, - гуфт ӯ. Ин соҳибкор мегӯяд, тоза аз иқдоми Кумитаи андоз ҷиҳати ошкор кардани нозироне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, огоҳ шудааст ва тасмим дорад, аз болои онҳо шикоят барад.

"Нозир маро чап гирифт"

Аммо Диловар Талбаков, як соҳибкори дигари тоҷик мегӯяд, ба самимияти даъвати “санҷишу шикояти кори нозири андоз” эътимод надорад. Вай мегӯяд, дар ниҳояти амр, шикоят аз болои нозирони андоз бар зарари соҳибкор анҷом меёбад. Ӯ гуфт, боре чунин таҷрибаро пушти сар кардааст. “Ман барои гирифтани як ҳуҷҷат, ки имкон медиҳад дар ду ноҳия фаъолияти соҳибкорӣ карда, аммо дар як ҷо андоз супорам, муроҷиат кардам. Инро бояд то 15 рӯз ба ман медоданд, вале як моҳ гузашт, надоданд. Ба рақами 151 занг задам. Гуфтанд, чора мебинем, вале он нозир баръакс, маро чап гирифт ва то ҳол бо роҳҳои қонунӣ ва ғайриқонунӣ халал мерасонд”, - гуфт ӯ.

Дасти "кӯтоҳ"-и соҳибкорон

Фирдавс Пулодӣ, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар аксар мавридҳо соҳибкорон бинобар гарон будани андоз ба пинҳонкорӣ даст мезананд ва аз ин рӯ, барои шикоят зидди нозирони дасти кутоҳ доранд: “Соҳибкорони мо, мутаассифона, ҳуқуқи худро намедонанд. Бархе ҳам бинобар гарон будани андоз талош мекунад, то ҷое пинҳонкорӣ кунад. Аз ин рӯ метарсанд, то алайҳи нозирони андоз шикоят кунанд. Аз ин нигоҳ, бархе нозирони андоз низ сӯиистифода мекунанд”, - гуфт ӯ.

Оҷонсии фасод чанде қабл як корманди раёсати андоз дар шаҳри Душанберо боздошт кард.
Оҷонсии фасод чанде қабл як корманди раёсати андоз дар шаҳри Душанберо боздошт кард.

Соли гузашта Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро дар миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3-юм ҷой дода буд. Гузоришгарони ин анҷуман гуфта буданд, сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,8 фоизро ташкил медиҳад, ки танҳо аз Аргентина (137,4%) ва Боливия (83,7) пешсаф аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соҳибкорони тоҷик ва хориҷӣ пайваста аз тафтишу тамаъҷӯии нозирон шиква мекунанд.

Ахиран, Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Файзиддин Мирзоев, як корманди Идораи андози Душанберо бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва талаби 40 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан панҷ ҳазор доллар, ришва боздошт карданд. Тибқи иттилои расмӣ, ин масъули Кумитаи андоз аз як соҳибкор ба хотири пинҳон доштани камбуидиҳо дар фаъолияти кориаш ришва талаб кардааст. Ҳоло Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон мехоҳад, ки аз чунин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG