Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Туркия: Тоҷикистон 6 мактаби Гуленро бо дархости мо баст. ВИДЕО, САДО


Фотеҳ Қаҳрамон, котиби аввали сафорати Туркия дар Тоҷикистон
Фотеҳ Қаҳрамон, котиби аввали сафорати Туркия дар Тоҷикистон

Як дипломати Туркия аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ситоиш карда, баста шудани шаш мактаби марбут ба Фатҳулло Гулен, рӯҳонии мухолифи ҳукумати Туркияро намунаи барҷастаи ин ҳамкорӣ номид. Фотеҳ Қаҳрамон, котиби аввали сафорати Туркия дар Душанбе, рӯзи 14-уми июл дар солгарди кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар кишвараш гуфт, "ҳоло ин мактабҳо дар ихтиёри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор доранд".

Тоҷикистон шаш литсейи туркиро бастааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00
Линки мустақим

"Шумори тарафдорони Гулен дар Тоҷикистон кам шуд"

Тоҷикистон то порсол бахше аз 150 кишвари дунё буд, ки дар қаламраваш таълимгоҳҳои Фатҳуллоҳ Гулен, маъруф бо номи “литсейҳои туркӣ” амал мекард.

Моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон фаъолияти созмони “Диалог”-и мутааллиқ ба Фатҳуллоҳ Гулен низ баста шуд. Ин дипломати турк гуфт, баъди баста шудани мактабу созмонҳои марбут ба рӯҳонии мухолифи ҳукумати Туркия, шумори тарафдорони ӯ дар Тоҷикистон шадидан коҳиш ёфтааст.

Дипломати сафорати Туркия гуфт, ҳаводиси 15-уми июли соли 2016 аз назари Анкара як табаддулоти нофарҷоми давлатӣ буд, ки аз ҷониби Фатҳуллоҳ Гулен ва тарафдоронаш ташкил шуд. Дар ҷараёни кӯшиши табаддулот дар Туркия 250 нафар кушта ва беш аз 2000 нафар захмӣ гардиданд. То имрӯз дар даҳҳо додгоҳҳои Туркия муҳокимаи ширкатдорон ва омилони эҳтимолии ин ҳодисаҳо идома дорад.

Гулени 75-сола ва ошӯби номуваффақ дар Туркия

Фатҳуллоҳ Гулен
Фатҳуллоҳ Гулен

Мақомоти Туркия дар паи ошӯби номуваффақи соли гузашта ҳазорҳо кормандони риштаҳои маорифу адлия, ҳукумат ва низомиёнро аз кор барканор карда, нисбат ба садҳо нафар парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Худи Фатҳуллоҳ Гулени 75-сола, ки дар Амрико ба сар мебарад, ҳеҷ гоҳ иттиҳомоти ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро эътироф накарда гуфтааст, ки ҳадафи аслӣ аз байн бурдани нирӯҳои мухолифин ва тақвияти қудрат ва нуфузи президент мебошад. Тарзи бархӯрди ҳукумати Эрдуғон бо омилони эҳтимолии рӯйдодҳои сиёсии соли гузашта мавриди интиқоди созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон ва ҳукуматҳои Ғарбу Аврупо шуд. Ҳоло мақомоти Туркия мегӯянд, ки баъд аз тафтишу санҷишҳо 300 ташкилот ва 30 ҳазор корманди ин ва дигар сохторҳо дар мақомҳои худ барқарор шудаанд.

Сафорати Туркия: Тоҷикистон 6 мактаби Гуленро бо дархости мо баст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Тоҷикистон то порсол бахше аз 150 кишвари дунё буд, ки дар қаламраваш таълимгоҳҳои Фатҳуллоҳ Гулен, маъруф бо номи “литсейҳои туркӣ” амал мекард.

"Як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда буд"

Фотеҳ Қаҳрамон дар нишасти хабарии 14-уми июл. Шаҳри Душанбе
Фотеҳ Қаҳрамон дар нишасти хабарии 14-уми июл. Шаҳри Душанбе

Фотеҳ Қаҳрамон гуфт, ки бо талошҳои муштараки ниҳодҳои амниятии Туркия ва Тоҷикистон тарафдорони Гулен ҷиддан коҳиш ёфтанд, аммо ин созмони ба гуфтаи вай “террористӣ” комилан аз миён нарафтааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мустақим иштирок надоштанд, вале як нафар барои пуштибонӣ аз ин ҳодиса боздошт ва зиндонӣ шуд. Ба эҳтимоли ғолиб, манзури дипломати турк қазияи Тоҳир Саидзода, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон аст, ки дар қатори ҳазорон сокини Туркия бо иттиҳоми иштирок дар табаддулоти нофарҷоми он кишвар боздошт шуд ва баъди 8,5 моҳ озод гардида, дар моҳи гузашта ба ватан баргашт.

Тоҳир Саидзода фориғуттаҳсили яке аз литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон, ки устоди донишгоҳи байналмилалии Анталия буд, моҳе пеш дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, тасодуфан боздошт шуд ва дар давоми қариб як сол барои исботи бегуноҳиаш аз дохили боздоштгоҳ мубориза бурд. Саидзода гуфт, дар боздоштгоҳ зиёиёни зиёдеро дид, ки худро бегуноҳ ва қурбони тавтеаву ноадолатиҳои сиёсӣ меномиданд.

Чолишҳои тоза

Вале зоҳиран бо назардошти чолишҳои тоза ва афзоянда, ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар масоили амниятиву ҷилавгирӣ аз вуруди афроди машкук афзоиш меёбад. Фотеҳ Қаҳрамон бо ишора ба шикасти гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дар қаламравҳои Сурияву Ироқ гуфт, аъзои ин созмони террористӣ аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, аз Осиёи Марказӣ ҳоло талош мекунанд аз тариқи Туркия ба ватани худ ё кишварҳои севум роҳ ёбанд. Ӯ гуфт, бар асоси гузоришҳои расида дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки бархе аз онҳо бо хонаводаҳояшон буданд.

Ин дипломати турк дар бораи афроди боздоштшуда, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҷузъиёт надод.

Ҷангҷӯёни тоҷик, Раққа ва Мавсил

Бино ба иттилои бархе аз расонаҳои Русия ниҳодҳои амниятиву марзбонии Туркия садҳо шаҳрванди кишварҳои пасошӯравиро боздошт кардаанд, ки аз манотиқи ҷангзадаи Ироқу Сурия фирор ва марзи Туркия убур карданд. Ин манобеъ мегӯянд, ки дар миёни онҳо 308 шаҳрванди Тоҷикистон низ буд. Аммо манобеи расмӣ дар Тоҷикистон хабари боздошти тоҷикҳо дар марзи Туркияро тасдиқ ё инкор накарданд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки дар се-чаҳор соли охир беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ асосан тавассути Туркия рафта, ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастанд. Шумори кушташудаҳо 300 нафар гуфта мешуд, аммо маълум нест, ки баъди даргириҳои шадид дар Раққа ва саркӯб шудани ДИИШ дар Мавсил чӣ теъдоди дигар қурбон шудаанд.

XS
SM
MD
LG