Пайвандҳои дастрасӣ

24 соат бидуни виза. Девори байни Тоҷикистону Узбакистонро барчиданд


Акс аз бойгонӣ

Девори гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистон бо Узбакистон дар ноҳияи Панҷакент барчида шуд ва дар назди гузаргоҳи “Ҷартеппа”, ки 7 сол боз баста буд, сохтмони терминали нави гумрукӣ дар ҳоли анҷомёбист. Барчида шудани девор ва сохтмони терминали нави гумрукӣ дар назди ин гузаргоҳ сокинонро ба оғози тиҷорату равуо дар байни ду кишвар хушбин кардааст. Зеро инҳо то километри мушаххас ҳақ доранд, ба кишварҳои якдигар бе виза ворид шаванд.

Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар ҷамоати Саразми Панҷакент яке аз 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Узбакистон аст, ки то соли 2010 боз буд. Моҳи ноябри соли 2010 бо ибтикори ҷониби Узбакистон ин гузаргоҳи пурравуои Тоҷикистон бо ҳамсоякишвараш баста шуд.

“Сохтмони терминали нави гумрукӣ қариб ба анҷом расид”

Тайманов Б, раиси ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент, ки гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар қаламрави он қарор дорад, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин девор дар марзи ду кишвар соли 2010 бунёд шуд ва гузаргоҳ низ бо ибтикори ҷониби Узбакистон баста шуд. “Ҳоло ҳамин деворро, ки аз лойи похсагин бунёд шуда буд, канда истодаанд. Ҳамчунон сохтмони терминали нави гумрукӣ қариб ба анҷом мерасад. Як бинои хеле наву замонавӣ аст. Бар замми ин, то дами гузаргоҳ роҳи мошингард аз нав тахту ҳамвор ва асфалтпӯш карда шуд”.

"Визаро лағв кунанд". Боздид аз марзи Тоҷикистону Узбакистон

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, дар марвиди кай боз шудани гузаргоҳ маълумоти дақиқ надорад, аммо аз байн рафтани девор ва сохтмони терминали нави гумрукӣ дар арафаи поёнёбист.

Узбакистон соли 2010 девор зад

Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар ҷамоати Саразми Панҷакент яке аз 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Узбакистон аст, ки то соли 2010 боз буд. Моҳи ноябри соли 2010 бо ибтикори ҷониби Узбакистон ин гузаргоҳи пурравуои Тоҷикистон бо ҳамсоякишвараш баста шуд.

Сокинони деҳаҳои наздимарзӣ мегӯянд, пас аз чанд моҳи баста шудани ин гузаргоҳи муҳим бо Узбакистон мақомот роҳи байни ду гузаргоҳро низ девор заданд. Сокинони ноҳияи Панҷакент мегӯянд, бо масдуд шудани ин гузаргоҳ роҳи равуои онҳо бо Узбакистон, ки дар онҷо хешу ақрабои наздикашон ба сар мебаранд баста шуд.

Улмас Носиров, сокини Панҷакент, мегӯяд, бо банд шудани гузаргоҳ аёдати наздикон барои онҳо бисёр душвор шуд. Ӯ гуфт, баъди соли 2010 тақрибан 600 километр роҳро тай карда, тариқи гузаргоҳи Ойбек аз ноҳияи Мастчоҳ ба аёдати наздиконаш меравад, дар ҳоле ки аз гузаргоҳи “Ҷартеппа” то хонаи хешовандони ӯ ҳамагӣ 80 километр роҳ аст.

Носиров гуфт, агар ин гузаргоҳ боз шавад, садҳо нафар аз ду ҷониби марз ба дидори азизони худ мерасанд ва савдову тиҷорат низ байни ду кишвар рушд мекунад.

“Мо дар ин сӯ, хешу табор дар он сӯ”

Шоҳини Равшан, хабарнигори тоҷик дар Панҷакент, мегӯяд, боз шудани гузаргоҳ барои сокинон чӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва чӣ инсонӣ хеле муҳим аст. “Дар ноҳияи Паҷнакент 283 ҳазор нафар сукунат доранд. Аз ин теъдод тақрибан 40 дарсади мардуми ноҳия дар он сӯи марз хешу ақрабо доранд”, - афзуд ӯ.

Тоҷикистон як соли қабл роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакентро бо кумаки молиявии Бонки Осиёии Рушд аз нав бунёд кард, ки мутобиқ ба стандартҳои шоҳроҳҳои байналмилалӣ аст. Кишвар умедвор аст, ки дар ояндаи наздик идомаи ин шоҳроҳ ба ҷониби Узбакистон боз шавад, ки кӯтоҳтарин роҳ то ба шаҳри Самарқанд хоҳад буд. Ноҳияи Паҷакент бо ноҳияи Ургути Узбакистон ҳамсарҳад аст.

Дигаргуниҳо аз тирамоҳи соли гузашта шурӯъ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон

Дар баробари хабари барчида шудани девор ва сохтмони терминали нави гумрукӣ ширкати ҳавопаймоии “Узбекистон ҳаво йулларӣ” низ эълон кард, ки сокинони Тоҷикистон бо истифода аз фурудгоҳи Тошканд метавонанд, ба кишвари севум бидуни виза сафар кунанд. Рӯзи 5-уми октябр дар маркази матбуоти “Узбекистон ҳаво йулларӣ” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни виза дар терминали Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд метавонанд, то 24 соат бошанд ва дар ин муддат ба кишварҳои дигар парвоз кунанд.

Ин ҳама дигаргуниҳо дар пайи даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев имконпазир шуд. Равобити Тоҷикистону Узбакистон аз тирамоҳи соли 2016 ба гармӣ гаравид ва раҳбарони ду кишвар борҳо дар ҳошияи мулоқоти минтақавӣ гуфтугӯҳои самимона доштанд.

Имсол ҳайатҳои иқтисодӣ ва соҳибкорони ин ду кишвар бо ҳам дидор ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд. Танҳо дар ҷараёни намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти кишвар дар Душанбе дар моҳи апрели имсол, миёни ширкат ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG