Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Комилов: "Сохтмони Роғунро қатъ накунед. Балки, биёед, кафолатҳоро машварат кунем". САДО, ВИДЕО


Абдулазиз Комилов – вазири умури хориҷии Узбакистон – рӯзи 5-уми июл дар Тошканд гуфт, ки кишвараш "дар маҷмӯъ, мухолифи сохтмони нирӯгоҳи Роғун нест, аммо ин сохтмон бояд бо назардошти манфиати кишварҳои минтақа сурат гирад".

Вазири умури хориҷии Узбакистон, инчунин, гуфт, масъалаи Роғун чизе нест, ки ҳалнашаванда бошад. Ӯ аз таҷрибаи баҳсҳои байналмилалӣ мисол овард, ки дар натиҷаи музокирот Амрикову Канада ҳам замоне тавонистаанд баҳсҳои обии худро ҳаллу фасл кунанд.

Ин нахустин бор аст, ки раҳбари сиёсати хориҷӣ ва як мақоми баландпояи Узбакистон дар бораи тарҳи барои Тоҷикистон сарнавиштсози Роғун ба ин лаҳн сӯҳбат мекунад. Баёноти Абдулазиз Комилов аз мавқеи ҳукумати даврони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, комилан фарқ дорад.

Комилов дар масъалаи Роғун дар гуфтугӯи мустақими аввалинаш дар пресс-клуби байналмилалии Тошканд изҳори назар кард. Дар робита бо шурӯи сохтмони ин нирӯгоҳ ва мавқеи ҳукумати Узбакистон ба дурнамои ин тарҳ саволе аз як сокини Приаралйе ворид шуд.

Вазири умури хориҷии Узбакистон дар посух ба ин мавзӯъ муфассал сӯҳбат кард ва аз ҷумла гуфт, барои ҳалли баҳси Роғун СММ ду эъломияро пешниҳод кард, ки марбут ба Амударё ва Сирдарё аст. "Барои мо ин санад дар маҷмӯъ қобили қабул аст, барои Қазоқистон ҳам мақбул аст. Тоҷикистон онро баррасӣ дорад, Қирғизистон ҳанӯз посухи рӯшан надодааст. Мавқеи мо ин аст, ки дигар алтернативаи расидан ба созиши минтақавӣ оид ба танзими оқилонаву одилонаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад".

Абдулазиз Комилов дар бораи сохтмони Роғун ва кафолатҳо сӯҳбат кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим

Абдулазиз Комилов гуфт, умедвор аст, музокироти гурӯҳҳои коршиносон дар ин замина базудӣ шурӯъ мешавад ва ҷонибҳо ба тафоҳум даст меёбанд. "Ин танҳо роҳҳал аст", - гуфт вазири умури хориҷии Узбакистон. Вай дар идома гуфт, "он ки мо ба шурӯи сохтмони Роғун вокуниш накардем, ба маъное нест, ки мавқеи мо дигар шудааст. Мавқеи принсипиалие, ки мо ҳифз кардаем, ин аст, ки дар ҷараёни сохтмони чунин саддҳои азим, бояд мавқеи кишварҳои болообу поёноб ба инобат гирифта шавад. Мо ба дӯстони тоҷикамон намегӯем, ки “сохтмони Роғунро қатъ кунед”. Марҳамат, бисозед. Вале биёед дар заминаи баъзе кафолатҳо бар асоси ҳамин эъломияҳо ба тавофуқ бирасем. То ки ҳаққи шумову мо навишта шавад. Механизме бояд бошад, ки дар сурати сар задани баҳс онро ҳал кунад".

Ӯзбекистон мухолифи сохтмони Роғун набудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Комилов аз таҷрибаи байналмилалии ҳалли баҳсҳои обии миёни Амрико ва Канада, Амрикову Мексика ва кишварҳои Ховари Миёна ёд кард, ки муваффақиятомез будааст.

Комилов дар пресс-клуб суханронӣ мекунад
Комилов дар пресс-клуб суханронӣ мекунад

​Вазири умури хориҷии Узбакистон инчунин гуфт, кишвараш хостори равобити дӯстонаву хуб бо Тоҷикистон аст ва ин мавзӯъ, ба гуфтаи ӯ, ахиран дар як филми мустанаде инъикос шуд, ки дар телевизиони маҳаллӣ ба намоиш даромад. Вай, аз ҷумла, гуфт: "Дар ин филм масъалаи доғе ба мисли обанбори Фарҳод чунон матраҳ шудааст, ки кас мехоҳад худи фардо рафта созиш кунад. Ҳалли ин баҳс бо бародарони тоҷикамон хеле боназокат пешниҳод шудааст".

Сохтмони Роғунро президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба роҳ андохт
Сохтмони Роғунро президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба роҳ андохт

Обанбори Фарҳод дар ҳудуди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷойгир аст ва ҷониби Узбакистон хостори дастрасии озод ба ин обанбор мебошад.

Ислом Каримов
Ислом Каримов

Дар гузашта ҳукумати Ислом Каримов мегуфт, ки хатари рахнашавии сарбанди Роғун ва эҳтимоли сар задани фоҷеаи экологӣ метавонад на танҳо ба Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари минтақа ҳам таъсири манфӣ гузорад. Ислом Каримов моҳи сентябри соли 2016 бар асари сактаи мағзӣ даргузашт ва дар пайи интихоботи президентии декабри ҳамон сол Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури ин кишвар шуд.

Дар пайи ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон ва нав шудани бахше аз аъзои ҳукумат, иқдоми муайяне дар амри беҳтар шудани равобит бо Тоҷикистон гирифта шудааст. Яке аз онҳо – роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои миёни пойтахтҳои ду кишвар аст, ки давоми 25 сол масдуд шуда буд. Ахиран дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ, рӯзҳои фарҳанги Узбакистон ва мулоқоти соҳибкорон ҳам баргузор шуд. Сафари ҳайатҳои ҳукумативу намояндагони фарҳангу ҳунари ду кишвар ба қаламрави якдигар низ афзудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Охири моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон маросими сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун шурӯъ шуд.

Нерӯгоҳи Роғун аз шаш агрегат иборат буда, дар сурати пурра ба кор даромаданаш то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои интиқол ба минтақаҳое дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Бар асоси нақша, чархаи аввал ва дувуми нерӯгоҳи Роғун дар солҳои 2018 ва 2019 фаъол шуда, чархаҳои дигар марҳила ба марҳила ба кор андохта мешаванд.

XS
SM
MD
LG