Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонӣ ё Раисӣ? Дар Тоҷикистон аз интихоботи Эрон чӣ интизоранд? САДО


Иброҳим Раисӣ ва Ҳасан Рӯҳонӣ

Интихоботи президентӣ дар Эрон таваҷҷӯҳи алоқамандонро дар Тоҷикистон низ ба худ кашидааст.

Сиёсати давлати Тоҷикистон “сиёсати дарҳои боз” аст. Ҳар кишваре, ки ҳусни нияти равобити нек дорад, мо қабул дорем ва ҳамкориҳоямонро бо он кишвар густариш мебахшем

Таҳлилгарон мегӯянд, рӯзи 19-уми май рақобати аслӣ барои курсии президентӣ зоҳиран миёни ду номзади пештоз – Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури кунунӣ ва номзади ислоҳталабон ва Иброҳим Раисӣ, номзади муҳофизакор сурат хоҳад гирифт. Дар Душанбе аз ҷараёни рақобатҳои интихоботӣ дар Эрон дар шароите мушоҳида мекунанд, ки дар пайи таҳаввулоти сиёсии ду сол пеши Тоҷикистон иртиботи сиёсиву иқтисодии миёни ду кишвар хеле маҳдуд шудааст.

Салимзода: Ҳар кишваре, ки нияти нек дорад...

Барои иштирок дар интихоботи президентии Эрон шаш нафар сабт шуда, баъдан ду нафари онҳо аз идомаи рақобат даст бардоштанд. Ҳоло чаҳор номзад ба мақоми президентӣ боқӣ мондаанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, рақобати асли миёни Рӯҳонӣ ва Раисист
Барои иштирок дар интихоботи президентии Эрон шаш нафар сабт шуда, баъдан ду нафари онҳо аз идомаи рақобат даст бардоштанд. Ҳоло чаҳор номзад ба мақоми президентӣ боқӣ мондаанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, рақобати асли миёни Рӯҳонӣ ва Раисист

Дар Тоҷикистон бештар масъулони давлатӣ, фаъолони ҷомеаи маданӣ, фарҳангиён ва коршиносон аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон мушоҳида мекунанд. Хабарҳои охир дар ин замина бештар тавассути пойгоҳҳои интернетӣ ва телевизионҳои байналмилалӣ пахш мешавад. Аксар ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар ин замина гуфтанд, вижагии интихоботи Ҷумҳурии Исломӣ ин аст, ки натиҷаҳои ниҳоии он ғайри қобили пешбинист ва аз ҳамин назар ҳам интригаи интихоботӣ бештар мешавад.

Назарсанҷиҳои ахир шанси Ҳасани Рӯҳонӣ ва Иброҳим Раисиро барои бурдани курсии баланди ҳукуматӣ тақрибан баробар арзёбӣ мекунанд.

Олим Салимзода
Олим Салимзода

Омори расмӣ: Мизони гардиши коло миёни Тоҷикистону Эрон дар соли 2013 ба миқдори 292,3 миллион доллар, соли 2014 ба миқдори 228 миллион доллар, дар соли 2015 ба миқдори 165 миллион доллар ва дар 9 моҳи соли гузашта 74,9 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар масоили байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, гуфт, ӯ ҳам аз Душанбе рақобатҳои сиёсии Эронро назорат мекунад. Вай мегӯяд, "умед дорем, бо омадани раиси ҷумҳури нав муносибот беҳтар мешавад. Сиёсати давлати Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз аст. Ҳар кишваре, ки ҳусни нияти равобити нек дорад, мо қабул дорем ва ҳамкориҳоямонро бо он кишвар густариш мебахшем."

Равобити Теҳрону Душанбе баъди ҳодисаҳои сентябри 2015

Эрон то ду соли пеш яке аз шарикону муттафиқони наздики Тоҷикистон буд ва ин қаробат танҳо бо ҳамкориҳои фарҳангӣ маҳдуд нашудааст. Вале баъд аз саркӯби ошӯби соли 2015-и Ҳоҷӣ Ҳалим ва ранҷиши Тоҷикистон аз меҳмондории Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби баъди ин ҳодисаҳо мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ дар Теҳрон, тадриҷан равобити ду кишвар хеле маҳдуд шуд. Ҳоло коршиносони тоҷик мегӯянд, мақомдорон дар Душанбе ҳамон вақт маҳз аз ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ ранҷиданд ва эҳтимол аст, ки дубора ба мақоми президентӣ омадани ӯро тарафдор бошанд.

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад
Қосимшоҳи Бекмуҳаммад

Ба бовари Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақаӣ, дурнамои равобити Тоҷикистону Эрон бештар ба шахсият, яъне номзади ислоҳталабон ё усулгароҳо бастагӣ хоҳад дошт. Ӯ рӯзи 18-уми май гуфт, "дар сурати интихоб шудани Ҳасани Рӯҳонӣ, фикр намекунам, ки дар сиёсатҳои байналмилалӣ ва минтақавии Эрон тағйиру таҳаввули ҷиддие рух диҳад. Агар Иброҳим Раисӣ пирӯз шавад, сиёсатҳои Эрон дар қиболи кишварҳои минтақа тағйир карда, сатҳи пешини ҳамкорӣ бо кишварҳое, ки бо Эрон равобити суннатӣ ва таърихӣ доштанд, тармим ва бозсозӣ хоҳад шуд. Эҳтимол он вақт дар равобити феълии Эрону Тоҷикистон низ таҷдиди назар шавад."

Бо ва бе Аҳмадинажод

Аз дидгоҳи соли 2017, зоҳиран даврони гармтарини равобити миёни ду кишвар ба аҳди президентии Маҳмуди Аҳмадинажод (2005-2013) рост меояд. Аҳмадинажоду президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама робитаҳои хуби дӯстона дошта, ҳамроҳ бо раҳбари вақти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар фикри таъсиси телевизиони муштараки форсизабон буданд ва ба таҷлили Наврӯзҳои байналмилалии якдигар мерафтанд. Дар замони раҳбарии Аҳмадинажод чанд тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бунёд шуд.

Ҳомиди Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон
Ҳомиди Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон

Вале баъд аз соли 2015 ва “душманона” сифат додани пазириши Кабирӣ аз тарафи Теҳрон, Душанбе ба таври якҷониба нисбат ба чанд тарҳу барномаҳои амалкунандаи Эрон иқдом кард. Аз ҷумла, дафтари Кумитаи Имдоди Хумайнӣ ва дигар созмонҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломӣ баста шуда, содир шудани виза барои шаҳрвандони Эрон дар фурудгоҳ бекор гардид. Барои вуруди бархе аз анвои ғизо аз Эрон ба Тоҷикистон низ таҳрим ҷорӣ ва вуруди моли эронӣ ба кишвар ҳам хеле маҳдуд шуд.

"Мушкили амниятӣ не, сӯитафоҳум аст"

Ҳумани Фулодӣ, устоди забони англисӣ, ки аз соли 2009 дар Тоҷикистон дарс медиҳад, гуфт, дар солҳои ахир дар равобити Эрону Тоҷикистон то андозае сардӣ эҳсос мешавад. Вале ба эътиқоди ӯ, ин мушкил усулӣ набуда ва имкон дорад аз тариқи гуфтугӯ ҳал шавад. Вай афзуд, “агар ин ду давлат бештар равобит ва ҳамкориҳо дошта бошанд, мушкил аз байн меравад. Чун фикр мекунам байни Тоҷикистону Эрон мушкили иқтисодӣ ё амниятӣ нест. Шояд сӯитафоҳуме ҳаст, ки аз тариқи гуфтугӯ бояд бартараф шавад”.

Агарчӣ дар Эрон раиси ҷумҳур, мақоми баландтарини интихобӣ аст, вале ҳарфи ниҳоиро дар кишвар Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон мезанад.

Ҳумани Фулодӣ гуфт, рӯзи 19 май нуқтаи раъйгирӣ дар сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе ба пои сандуқи раъй рафта ва аз номзадии Ҳасан Рӯҳонӣ пуштибонӣ хоҳад кард.

Эрониҳо: Дар Тоҷикистон мушкил надорем

Беҳбуди равобити Тоҷикистону Эронро айни замон на танҳо доираҳои сиёсӣ ва давлатмардон, балки шаҳрвандони эроние, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд, низ интизоранд. Яке аз онҳо Абулфазли Ҷалоли Молиён аст. Ин тоҷири эронӣ мегӯяд, ҳудуди 10 соли ахир дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ карда ва дар ин муддат барояш мушкиле пеш наомадааст. Вай гуфт, интизороташ аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон ин аст, ки раиси ҷумҳури ҷадид барои беҳбуди бештари равобит ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон гомҳои мушаххас бардорад.

Аз назари таҳлилгарони ғарбӣ, барои эрониҳои хостори ислоҳот дар низоми Ҷумҳурии Исломӣ сари қудрат мондани Ҳасан Рӯҳонӣ нисбат ба дигар номзадҳо муносибтар аст. Онҳо мегӯянд, замони Рӯҳонӣ бахше аз таҳримҳои иқтисодии Ғарб бардошта шуд ва ҳам озодиҳои нисбии сиёсӣ ба мушоҳида расид. Номзади муҳофизакорон Иброҳими Раисӣ, аз дидгоҳи таҳлилгарон, шахси пойбанд ба режим буда, хости ҳамоиши наздиктари Эрон бо ҷаҳони беруна нест.

Агар дар интихоботи рӯзи ҷумъа касе пирӯз нашавад, ду рақиби аслӣ дар даври дуввум дар рӯзи 26-уми май рақобат хоҳанд кард.

Ҳафтае пеш аз интихобот, назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ аз Иброҳим Раисӣ -- рақиби аслӣ ва муҳофизакораш пешсаф аст. Раисӣ мегӯяд, созиши атомӣ, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эронро дар ивази сабукӣ дар таҳримот маҳдуд кард, фоидаи иқтисодӣ наёвард. Иброҳим Раисӣ қавл дод, ки ҷойи кор меофарад ва ба мардуми фақир кӯмакҳои молӣ медиҳад. Вай афзуд, “ёронаҳоро барои мардуми фақир бояд се баробар зиёд кард ва ба якуним миллион риёл (46 доллар) расонида шавад.”

Агарчӣ дар Эрон раиси ҷумҳур, мақоми баландтарини интихобӣ аст, вале ҳарфи ниҳоиро дар кишвар Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон мезанад. Дар Эрон 56 миллион нафар ҳаққи раъйдиҳӣ доранд. Соли 2013 дар интихоботе, ки Ҳасани Рӯҳонӣ пирӯз шуд, 73 дар сади мардум дар интихобот ширкат карданд. Дар интихоботи имсола ҳузури раъйдиҳандагон муҳим аст. Агар дар интихоботи рӯзи ҷумъа касе пирӯз нашавад, ду рақиби аслӣ дар даври дуввум дар рӯзи 26-уми май рақобат хоҳанд кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG