Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сад соли инқилоб. Фирори тоҷикон аз ватан ба ватан. ВИДЕО


Раҳматулло Усмон даҳсолаҳо пеш аз Тоҷикистон фирор кард.
Раҳматулло Усмон даҳсолаҳо пеш аз Тоҷикистон фирор кард.

“Инқилоби Октябр” барои аксари сокинони ноҳияи Хоҳони Афғонистон рамзи фироқ ва ҷудоии ҳамешагӣ аз зодгоҳ аст. Онҳо аз ҷумлаи беш аз сад ҳазор сокини Тоҷикистон ҳастанд, ки дар солҳои аввали таъсиси ҳукумати шӯравӣ, бо норизоӣ аз сохти коммунистӣ ватанро тарк карданд.

Рӯҳониёнро ҳамчун иртиҷоӣ ва торикфикр, ки гуё монеи бунёди коммунизм мешаванд, боздошту бадарға мекарданд ва ё мекуштанд.

Раҳматулло Усмон, сокини деҳаи Шаҳри Нави ноҳияи Хоҳони Бадахшони Афғонистон 9 сол дошт, ки ҳамроҳи волидонаш аз деҳаи Хостави Дарвоз дар солҳои 30-уми асри гузашта ба Афғонистон фирор карданд. Ҳоло дар ҳамин деҳа, ки аксарашонро пайвандони фирориён аз Тоҷикистон ташкил медиҳанд, зиндагӣ мекунад. Раҳматулло Усмон аз бошандагони камшумори деҳ аст, ки хотироте аз фирори тоҷикон ба Афғонистон дорад.

“То инқилоби октябр миёни Тоҷикистону Афғонистон марз вуҷуд надошт. Рафтуомад ба ҳарду тараф озод буд, баъдан, вақте русҳо омаданд, марз пайдо шуд ва рафтуомадро манъ карданд. Дар он тараф аммаҳоям шавҳар доштанд ва мо солҳои 30-ум Афғонистон фирор кардем.

Рустои Шаҳри Нав дар Афғонистон
Рустои Шаҳри Нав дар Афғонистон

Раҳматулло Усмон 15 фарзанд дорад ва дар бозор тиҷорат мекунад. Ӯ пас аз 60 соли фирор, баъди суқути шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон, ба зодгоҳ баргашт, ба ҳайси як шаҳрванди кишвари хориҷӣ. Дар Дарвоз хешонаш ҳастанд ва ягона хоҳишаш ин аст, ки низоми раводид барояшон сода шавад, то тавонанд, зуд-зуд ба дидори пайвандонашон дар Тоҷикистон бирасанд.

Теъдоди насле, ки аз Шӯравӣ ба Афғонистон фирор карданд, кам мондаанд, вале фарзандону наберагони онҳо зери таъсири қиссаҳои бузургсолон дар бораи Тоҷикистон бо ҳасрат сӯҳбат мекунанд.

Ҳасрати насли муҳоҷирон

Махдуми Исомиддин, сокини 40-солаи ноҳияи Хоҳон мегӯяд, гузаштагонаш 90 сол пеш аз мавзеи Дашти Ҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон фирор карданд. Ӯ видеои гӯристони деҳаро ба мо фиристод, ки нишон медиҳад, болои ҳар гӯр исми зодгоҳи фавтидагон дарҷ шудааст.

“Дар инҷо шоирҳо, нависандагон, домуллоҳоро дафн кардаанд, ки аз Кӯлоб муҳоҷир шудаанд. Мисли Домулло Абдуҳакими Даштиҷумӣ, Домулло Абдулло, ки аз Чорчашмаи Кӯлоб аст, Домулло Ғеш, ба номи домулло Барот, ки қабраш дар маркази вулусволист. Инҳо муҳоҷироне ҳастанд, ки аз Тоҷикистон омадаанд”.

Исмоил валади Абдуғаффор, сокини дигари ноҳияи Хоҳони Афғонистон мегӯяд, бино бар нақли бузургсолон, агар онҳо фирор намекарданд, қатл мешуданд. “Барои ҳамин ҳар дороие, ки доштанд, гирифтанду сарҳади Омуро убур карданд” – мегӯяд, Исмоил.

Сад соли инқилоб. Фирори тоҷикон аз ватан ба ватан.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

​Низоми шӯравӣ дар Тоҷикистон ба осонӣ барқарор нашуд, мухолифат ба низоми коммунистӣ зиёд буд. Амир Олимхон, охирин Амири Бухоро соли 1920 тариқи мавзеи Чубек, ҳоло ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар пайи шикаст аз Артиши Сурх, ба Афғонистон паноҳ бурд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон дастаҳои алоҳида ба сарбозони Шӯравӣ муқовимат мекарданд, ки дар таърихшиносии Шӯравӣ аз онҳо бо номи "босмачӣ" ёд мешуд. Дар ин муборизаҳо, ки то солҳои 1930-ум давом кард, садҳо нафар кушта шуд.

Холмуҳаммад Сафар, муаллими таърих мегӯяд, тарси онҳое, ки ба Афғонистон фирор мекарданд, беасос набуд.

“Сохти шӯравӣ бо афроди доро, ҳамчун синфи муфтхӯр мубориза мекард. Аксари оммаи камбағалро барои қассос аз сарватмандон атрофи худ муттаҳид карда буд. Рӯҳониёнро ҳамчун иртиҷоӣ ва торикфикр, ки гӯё монеи бунёди коммунизм мешаванд, боздошту бадарға мекарданд ва ё мекуштанд. Бисёриҳо бо ин далел мегурехтанд. Аммо аксаран, бо далели диндорӣ, ки мегуфтанд, Шӯравӣ занҳоро бараҳна мекунад, аз Тоҷикистон фирор карданд, ҳарчанд шояд ба онҳо касе коре намегирифт.”

Афғонистон - ягона интихоб барои фирориён

Дар мавҷи аввали фирориён аз Шӯравӣ ҳукуматдорон ва мансабдорони Аморати Бухоро буданд. Ба гуфтаи таърихшиносон, фирори дуюм, пас аз соли 1924 оғоз шуд. Он замон Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор шомили Узбакистон буд. Давраи сеюми фирор соли 1931 оғоз шуд, чун охиринҳои ҳаракатҳои муқовимат ба зидди болшевикҳо шикаст хӯрд. Танҳо соли 1936 Шӯравӣ марз бо Афғонистонро тақвият бахшид ва гузаштан ба он тараф сахт шуд.

Сайфулло Муллоҷонов
Сайфулло Муллоҷонов

Сайфулло Муллоҷонов, таърихишиноси тоҷик мегӯяд, бар асоси ҳисобҳои гуногун дар 20 сол, аз 100 то 200 ҳазор сокини Тоҷикистони шӯравӣ ба Афғонистон фирор карданд.

Ӯ гуфт:Афғонистон барои он рафтанд, ки интихоби дигар надоштанд. Ба Эрон ба хотири ангезаҳои мазҳабӣ наметавонистанд бираванд. Аз ин рӯ, Афғонистон ягона интихоб буд. ”

Мулоҷонов мегӯяд, то фавти Амир Олимхон дар соли 1944 муҳоҷирон умед доштанд, ки ба Тоҷикистон бармегарданд, вале баъди фавти охирин Амири Бухоро, умедашон камтар шуд.

Фирор аз ватан ба ватан

Мирзо Шукурзода, таърихшиноси тоҷик фирори тоҷикон аз Шӯравӣ ба Афғонистонро “фирор аз ватан ба ватан” унвон мекунад. Ӯ мегӯяд, марзи Шӯравӣ бо Афғонистон сунъӣ буд ва тоҷикони ду соҳилро аз ҳамдигар ҷудо кард.

Сад соли пеш, ҳафтуми октябри соли 1917 гурӯҳе бо номи “болшевикон” зери раҳбарии Владимир Ленин бо барканории ҳукумати подшоҳии Русия кишвареро бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ асос гузоштанд. “Болшевикон” соли 1918 ба Осиёи Марказӣ омаданд ва соли 1920 Аморати Бухороро сарнагун карданд ва Шӯравӣ ба тадриҷ марзҳои худро то лаби рӯди Ому расонд.

Дар роҳ ба сӯи соҳили Ому Артиши Сурх деҳа ба деҳа низоми коммунистиро ҷорӣ мекард ва норозиёнро бадарға, қатл ва ё зиндон интизор буд. Раҳматулло Усмон аз Ленин домангир аст, ки ӯро аз зодгоҳаш ҷудо кард, зодгоҳе, ки онро аз дур мебинад, вале иҷоза надорад, ки ҳар вақт дилаш хост ба онҷо биравад.

Садумин солгарди инқилобе, ки ҷаҳонро такон дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

XS
SM
MD
LG