Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Тоҷикон дар Дубай ба ҳисоби ним млрд $ хона доранд"


Соҳибони манзилҳои шахсӣ дар Дубай аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон афзудааст. Департаменти замини шаҳри Дубай мегӯяд, дар се соли охир 6 ҳазор сармоягузор аз 12 кишвари пасошӯравӣ ба ҳисоби беш аз 3 миллиард доллар амвол хариданд.

Имороти Муттаҳидаи Араб мисли кишварҳои дигар ҳангоми харидани манзил сарчашмаи даромади шахсро талаб ё санҷиш намекунад.
Шӯҳрат Бобоҷонов

Дар миёни ин 12 кишвари пасошӯравӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон ном бурда шудааст. Департаменти замини Дубай, ки масъулияти сабти номи ҳама гуна амволи ғайриманқулро дар ин шаҳр ба ӯҳда дорад, рӯзи 25 ноябр дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки "дар се сол аз кишварҳои пасошӯравӣ 14 миллиард динор (беш аз миллиард доллар) сармоягузорӣ карданд." Дар ин Департамент ба саволи Радиои Озодӣ, ки саҳми шаҳрвандони Тоҷикистон дар тиҷорати манзили Дубай чӣ қадар аст, посух надода, гуфтанд, "пули кулли сармоягузорон аз кишварҳои пасошӯравӣ дар як радда ҳисоб шуда", вале тақсимбандӣ нашудааст.

"Дубай сарчашмаи даромадро намепурсад"

Бинобар арзёбии Шӯҳрат Бобоҷонов, як коршиноси IMEX - Оҷонсии амволи ғайриманқул дар Дубай, шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар Имороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла шаҳри Дубай, соҳиби на камтар аз ним миллиард доллар амвол ҳастанд. Бобоҷонов гуфт, Имороти Муттаҳидаи Араб ба фарқ аз кишварҳои дигар аз чанд ҷиҳат ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад.

"Имороти Муттаҳидаи Араб мисли кишварҳои дигар ҳангоми харидани манзил сарчашмаи даромади шахсро талаб ё санҷиш намекунад. Барои сармоядорони кишварҳои пасошӯравӣ, ки на ҳама вақт манбаи даромадашон қонунӣ аст, ин аргументи хеле муҳим аст", - афзуд ӯ. Бобоҷонов гуфт, баъди соҳиби манзил шудан, шахс аз рӯи қонунҳои Аморот соҳиби корти иқомати доимӣ дар ин кишвар мешавад ва ин чиз низ ҷаззобияти Дубайро барои харидорони манзил бештар мекунад.

Чӣ қадар тоҷикистониҳо дар Дубай хона доранд?

Бо зиёд шудани сармоягузорони русзабон, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Департаменти замини Дубай бо ширкати русии “РусБиз” шартнома бастааст, то ин ширкат барои сармоягузорони русзабон кулли маълумоти ҳуқуқӣ ва давлатиро дар робита ба амволи хусусӣ дар Дубай ироа кунад. Ҳоло торнамои ин департамент бо шаш забон, аз ҷумла забони рӯсӣ дастрас аст.

Иттилои дақиқ дар мавриди шумора ва ҳуввияти тоҷикистониҳои соҳиби манзил дар Дубай дар даст нест, аммо ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки дар ин шаҳр ба сар мебаранд ва бо Оҷонсиҳои авмоли ғайриманқул ҳамкорӣ доранд, гуфтанд, афроди бонуфуз ва сарватманди тоҷикро медонанд, ки дар инҷо дар манзилҳои худ зиндагӣ мекунанд.

"Риски ғасби амвол ба мисли Тоҷикистон чандон баланд нест"

Константин Бондаренко
Константин Бондаренко

Константин Бондаренко, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, Дубай танҳо ҷое нест, ки сармоядорони тоҷик талош мекунанд дороиҳояшонро ба он ҷо кӯч диҳанд. Ӯ гуфт, “дар Дубай ба мисли кишварҳои Аврупо ва ё Канада дахлнопазирии амвол хеле баланд аст. Яъне, риски ғасби амвол ба мисли Русия ва ё Тоҷикистон чандон баланд нест. Бинобар ин, сармоядорон талош мекунанд сармояҳоеро, ки бо роҳи қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ ба даст овардаанд, ба ҷойҳои амн кӯч бидиҳанд”.

Қимати хона дар сохтмонҳои бисёрошёнаи Дубай аз 200 ҳазор доллар ва ҳавлиҳо аз 1 миллион доллар шурӯъ мешавад. Бондаренко афзуд, нархи манзил дар Дубай сол то сол боло меравад ва сармоягузорон хариди манзилро дар ин шаҳр як роҳи хуби сармоягузорӣ ва ё афзун кардани дороиҳояшон медонанд.

Бонки миллӣ гуфт, омори фирори сармояҳоро надорад

Зимнан, Бонки миллии Тоҷикистон омори фирори сармояҳо аз кишварро пинҳон медорад. Миёнаҳои соли равон ҳангоми баррасии раванди иҷрои буҷа дар порлумон вакилон аз раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода пурсиданд, ки чӣ миқдор сармоя ҳар сол аз кишвар берун меравад? Ӯ гуфт, ин гуна омор дар Бонки миллӣ вуҷуд надорад. Аммо вакилонро ин посух қонеъ накард ва онҳо гуфтанд, чаро Бонки марказии Русия ҳар сол ин гуна оморро ошкор мекунад? Баъди ин баҳсу баррасӣ Шукурҷон Зуҳров ба раиси Бонки миллӣ гуфт, бонк бояд фирори сармояҳоро ҳисоб карда, ба унвонии вакилон пешниҳод намояд.

XS
SM
MD
LG