Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 17 дарсади масҷидҳои Русия тоҷикон имом-хатиб интихоб шуда, аксари намозгузорон низ муҳоҷирони кории тоҷик будаанд. Аммо аз пешсаф шудани тоҷикон дар масоҷид намозгузорони тотор хушҳол нестанд. Тоторҳо бар ин боваранд, ки мусалмонҳои Осиёи Миёна мехоҳанд, “исломи худ” ва боварҳои худро бар дӯши онҳо бор кунанд.

Тоторҳо аз паси имомони тоҷик намоз намехонанд?

Асли масъала дар он аст, ки худи тоторҳо камтар ба масҷид мераванд. Баръакс, шумори намозгузорон аз ҳисоби тоҷикон ва миллатҳои дигари Осиёи Миёна зиёд аст. Аз ин рӯ, бисёре аз имомон аз ҳисоби тоҷикон ва ё миллатҳои дигар интихоб шудаанд

Як пажӯҳиши Маркази Корнеги дар Маскав мегӯяд, ки солҳои охир ҳудудан имоматии 17 дарсади масҷидҳои Русияро рӯҳониёни тоҷик соҳиб шудаанд. Алексей Малашенко таҳлилгари масоили дину мазҳаб, ки ин пажӯҳишро якҷоя бо кормандони Марказ анҷом додааст, рӯзи 31-уми июл гуфт, “дар минтақаи Поволже ва Урал раванди, ба истилоҳ, тоҷикишавии масҷидҳо дар ҷараён аст.”

Ӯ гуфт, ин ҳолат аҳолии мусулмони маҳаллӣ, махсусан тоторҳоро нороҳат кардааст. “То ҳадде ки онҳо аз намозгузорӣ дар масоҷиде, ки хатибаш тоҷик аст, худдорӣ мекунанд”, - афзуд Малашенко.

Алексей Малашенко
Алексей Малашенко

Решаи ин нороҳатӣ аз як сӯ дар ин аст, ки ҳарчанд тоторҳои маҳаллӣ мусалмонҳои суннӣ ҳастанд, муҳофизакор нестанд ва шеваҳои диндориро бо арзишҳои дунявӣ канори ҳам овардаанд. Аз ин рӯ, онҳо ба диндории муҳоҷирони корӣ ва имомҳои онҳо бо назари шубҳа менигаранд.

Масҷид ба ҷойи сирку театру кино?

Пажӯҳиши Маркази Корнегии Маскав мегӯяд, аксари намозгузорон, ё ба ҳисоби миёна аз 3 ду ҳиссаи онҳо дар масҷидҳои Русия, махсусан дар минтақаи Урал ва Поволже муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ҳастанд.

Масҷид барои аксари муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба ҷуз аз макони ибодат ҳамчунин ҷойи ҳамоиш, гуфтугӯ ва шунидани мавъиза аст. Бештари онҳо вақт, сармоя ва шароити рафтан ба маконҳои фарҳангиву тафреҳӣ ба мисли театр, кино ва сирку музейро надоранд ва масҷид ягона макони дастрас боқӣ мемонад.

Қазон
Қазон

Аммо мусалмонҳои маҳаллӣ аз омадани меҳмони нав хушнуд нестанд ва мегӯянд, навомадагон аз шариат бардоштҳои худро доранд ва мехоҳанд “исломи худро” ба дӯши онҳо таҳмил кунанд.

"Маро нагузоштанд, ки ба масҷид дароям"

Лидия Акбердиева, сокини вилояти Тюмени Русия, ки аз маҳалли сукунати тоторҳост, гуфт, чанде пеш огоҳ шуд, тоҷике имоми масҷиди маҳаллаи онҳо таъин шудааст. “Мо ва аҳли оилаи мо ҳар рӯз масҷид намеравем. Лекин дар як сол ҳадди ақал ду бор дар идҳои Рамазону Қурбон масҷид меравем. Мо занҳо низ дар масҷид намоз мегузоштем. Ин бор дар Иди Рамазон мисли ҳарвақта ба масҷид рафтам, аммо маро роҳ надоданд. Масҷид пур аз муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Миёна буд. Ҳарчанд талош кардам, имоми минбар даромадни моро манъ кард. Ман ҳайрон шудам.”

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, то ин замон имоми масҷид аз шумори тоторҳои маҳаллӣ буд, ки расму оин ва боварҳои мардуми маҳаллиро медонист. “Аммо имрӯз имомхатибони тоҷик мехоҳанд, исломи худро ба мо таҳмил кунанд, ки қобили қабул нест”, - мегӯяд Акбердиева.

"Исломи мо аз Исломи тоторҳо ҳеҷ фарқ надорад"

Аммо як муҳоҷири тоҷик дар вилояти Пенза гуфт, мазҳабе, ки тоҷикон аз он пайравӣ мекунанд, аз мусулмонҳои маҳаллӣ ҳеҷ фарқ надорад. Маҳмадулло Зарипов гуфт, тоҷикон ҳам дар қатори дигар ақаллиятҳои миллии Русия ҳаққи намоз гузоштан ва гуфтугӯ кардан бо забони модарии хешро доранд. "Вақте ба масҷид меравем, бисёр тоҷикон ва ё узбакҳоро мебинем. Барои ҳамин, дар масҷидҳои хурд имомон ё тоҷик ваё узбак ҳастанд. Онҳо бо забони мо мавъиза мекунанд то ҳама фаҳмад. Тоторҳо хеле каманд дар масҷид ва агар имом бо тоторӣ гап занад, гапашро ба ғайри се-чаҳор нафар каси дигар намефаҳмад."

Идораи мусулмонони Русия низ мегӯяд, чунин танишҳо вуҷуд дорад ва онҳо барои ҳалли мушкил тасмим гирифтанд, аттестатсияи сартосарии имомхатибони масҷидҳои Русияро ба роҳ монанд.

Имомони тоҷикро аз ғалбер мегузаронанд

Ринат Исломов, роҳбари раёсати корҳои дохилии Идораи мусулмонони Русия мегӯяд, воқеан, аз минтақаҳои таърихан мусулмоннишин – маҳалҳои сукунати бошқирдҳо ва ё тоторҳо ҳамин гуна шикоятҳо ба мо ворид мешаванд. “Лекин асли масъала дар он аст, ки худи тоторҳо камтар ба масҷид мераванд. Баръакс, шумори намозгузорон аз ҳисоби тоҷикон ва миллатҳои дигари Осиёи Миёна зиёд аст. Аз ин рӯ, бисёре аз имомон аз ҳисоби тоҷикон ва ё миллатҳои дигар интихоб шудаанд, ки намозгузорони зиёд дорад. Бинобар ин, зарурати интихоби имом аз ҳисоби тоҷикон ба вуҷуд меояд.”

Ринат Исломов
Ринат Исломов

Исломов афзуд, ҳоло Идораи мусулмонони Русия дар сартосари кишвар шеваи нави интихоб ва тасдиқи имомхатибонро рӯи даст гирифтааст, ки санҷиши дониши динии хатибонро қабл аз тасдиқ шудан дар ин симат дар назар дорад.

Мақомот аз мазҳабӣ шудани муҳоҷирон хушнуд нестанд

Мақомоти тоҷик аз мазҳабӣ шудани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хушнуд нестанд. Баръакс, мақомот нигарони онанд, ки маҳз дар масҷидҳои Русия муҳоҷирони тоҷик мавриди мағзшӯии эмиссарҳои хориҷӣ қарор гирифта, ба гурӯҳҳои тундрави мустақар дар Сурияву Афғонистон мепайванданд.

Ин масъаларо ҳанӯз дар соли 2011 вазири вақти хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ бо намояндаи собиқи Русия дар НАТО – Дмитрий Рогозин матраҳ карда буд. Рогозин дар як суҳбаташ баъдан аз мулоқоташ бо Зарифӣ нақл карда буд, ки ӯ гуфтааст “Тоҷикистон бо камоли майл шаҳрвандонашонро ба Русия ба мардикорӣ мефиристанд, то инки зери таъсири толибони иртиҷоӣ ва исломиҳо қарор нагиранд ва дар Русия бо фарҳанг ва тамаддун ошноӣ пайдо кунанд. Вале, баръакс, муҳоҷирони мо аз Русия муҷоҳид ва иртиҷоӣ шуда бармегарданд.”

Дар ҳамин ҳол, дар чанде аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аксари имомхатибони тоҷики ин кишвар пайрави исломи муътадил ҳастанд ва аз пайвастани ҷавонон ба гуруҳу ҳаракатҳои тундрав ҷилавгирӣ мекунанд. Зимнан ҷамъиятҳои тоҷикон дар вилояти Хабаровск, Комсомолск на Амуре ва вилояти Челябинск аз ҳисоби пули муҳоҷирон масҷидҳои худро бунёд кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG