Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули миллии Чин ҷойгузини доллар мешавад?


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон талош дорад, ки бо такя задан ба шонаҳои Чин фишори доллар болои сомониро камтар кунад. Ҳоло ин бонк қасд дорад, табдили мустақими сомонӣ ба юанро ба роҳ монад.

Бонки миллии Тоҷикистон мехоҳад, бо такя кардан ба шонаҳои Чин фишори доллар болои пули миллии сомониро камтар кунад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода -- раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло бо Бонки рушд, Бонки мардумӣ ва Бонки кишоварзии Чин барои ҷалби қарзҳои имтиёзнок ба кишвар гуфтугӯ доранд. Аз ҷумла, ба қавли ӯ, дар нақша аст аз Бонки рушди Чин 1 миллиард юан, муодили 500 миллион доллар гирифта шавад.

Оқои Нурмуҳаммадзода, ки 21 июл дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ин қарз дар сурати ҷалб шуданаш бидуни кафолати ҳукумат сурат мегирад ва дар ин ҳолат қарзи хориҷии давлат зиёд нахоҳад шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ҷалби юан аз Чин ба Тоҷикистон бо усули "своп" сурат мегирад ва дар ин сурат тоҷирони тоҷик метавонанд дар кишвар сомониро бо юан иваз карда, аз Чин бо асъори миллии худаш мол ворид намоянд. Дар ин сурат зарурати харидории доллар аз байн хоҳад рафт. "Своп" як навъ додугирифти асъорӣ миёни бонкҳо барои муддати муайян аст.

Нурмаҳмадзода:"Бонки миллӣ қурби сомониро ҳифз намуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Тоҷирони тоҷик низ, ки умдатан аз Чин мол ворид мекунанд ва бозорҳои Тоҷикистон моломоли маҳусулоти чинист, умедворанд, ки ояндаи наздик бидуни доллар аз Чин ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид хоҳанд кард. Ин ҳолат, ба гуфтаи тоҷирон, кори онҳоро ба маротиб осон мекунад.

То кунун тоҷирони тоҷик барои ворид намудани молу маҳсулот аз Чин аз Тоҷикистон доллар харидорӣ мекунанд ва онро дар бонкҳои ин кишвар бо юан иваз намуда, баъдан молу маҳсулот мехаранд. ​Парвиз Раҳимов, ки 15 сол собиқаи кор дар тиҷорат дорад, гуфт, дар сурати мустақим бо сомонӣ харидани юан - пули миллии Чин корро осон ва нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистонро бетағийр боқӣ хоҳад гузошт. Ин тоҷир мегӯяд, дар сурати табодули сомонӣ бо юан дар бонкҳои ду кишвар ҳатто нархи молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешавад, поёнтар хоҳад рафт.

Раҳимов афзуд, "гуфтанд, ки дар сурати розӣ шудани ду тараф дигар сомониро дар бонкҳои худамон месупорем ва рафта аз он ҷо юан мегирем. Беҳтараш ҳамин аст ва ин хеле барои мо фоидаовар аст. Дар ин ҷо дигар на вақт дар ҷустуҷӯи доллар сарф мешавад, на миёнарав мекобем. Агар ҳамин кор дар миёни Русия ва Чин шавад, дигар тамоми маҳсулот арзон мешавад ва курси доллар ҳам боло нахоҳад рафт."

Коршиносон мегӯянд, дар сурати мустақим иваз кардани сомонӣ бо юан ва додгирифт бо асъори миллӣ бозори Тоҷикистон ба як низоми муайян медарояд. Баҳром Шарифов, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар сурати пайдо шудани роҳи додугирифт бо асъори миллӣ миёни Чину Тоҷикистон, қурби доллар дар Тоҷикистон мӯътадил хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, "барои ба эътидол овардани вазъ дар бозор истифодаи ин омил ба фоидаи Тоҷикистон аст. Ин раванд яке аз омилҳои паст шудани қурби доллар ва мӯътадил шудани вазъият мешавад".

Тасмими истифодаи асъори миллӣ миёни Тоҷикистону Чин дар ҳолест, ки қурби доллар дар Тоҷикистон рӯз то рӯз боло меравад ва тоҷирон дар пайдо кардани он мушкил пайдо кардаанд. Ҳоло қурби 1 сомонӣ баробар ба 1,01 юан аст, аммо 1 доллар расман дар саррофиҳои Тоҷикистон 6 сомониву 52 дирам дар хариду фурӯш гузошта шудааст. Аммо тоҷирон мегӯянд, бо қимати расмӣ наметавонанд доллар пайдо кунанд ва ҳоло ғайрирасмӣ ва аз афроди алоҳида долларро то 675 сомонӣ дастрас мекунанд.

Чин ягона давлатест, ки бештари тоҷирони тоҷик аз ин кишвар молу маҳсулот ворид мекунанд. Гардиши тиҷорӣ миёни Чин ва Тоҷикистон 2 миллиард доллар баровард мешавад.

XS
SM
MD
LG