Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон 50 нафарро дар шимоли Афғонистон куштанд. САДО


Мақомҳои маҳаллӣ дар Афғонистон мегӯянд, дар ҳамла дар вилояти Сарипул, ки гурӯҳи Толибон ва як фармондеҳи "байъаткарда" бо ДИИШ анҷом доданд, ҳадди ақал 50 нафар кушта шуданд. Сухангӯи Толибон иддао кардааст, ки дар ин ҳамла ғайринизомиён кушта нашуда ва ҳеҷ гуна ҳамкорӣ миёни онҳо ва ДИИШ сурат нагирифтааст.

Мақомҳои афғон рӯзи 6-уми август эълом карданд, ки дар ҳамлаи ҷангҷӯён дар минтақаи Мирзо Оланг дар вилояти Сарипул то панҷоҳ нафар ҷони худро аз даст додаанд ва занону кӯдакон низ дар миёни қурбониён ҳастанд.

Дар ҳамлаи ҷангҷӯён дар минтақаи Мирзо Оланг дар вилояти Сарипул то панҷоҳ нафар ҷони худро аз даст додаанд ва занону кӯдакон низ дар миёни қурбониён ҳастанд.

Бино ба гузоришҳо, ҷангиён рӯзи шанбеи 5-уми август пас аз ду рӯзи даргириҳои шадид бо нерӯҳои амниятии афғон, контроли ин минтақаи муҳимро ба даст гирифтанд. Мирзо Оланг минтақаи дурафтодае аст, ки ҳам ҷангиёни Толибон ва ҳам афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар талош барои ба даст гирифтани он буданд.

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ба нақл аз Муҳаммад Зоҳир, раиси вилояти Сарипул мегӯяд, ки ба ҷуз қурбониёни низомӣ, "байни сӣ то чиҳил нафар" аз ғайринизомиён кушта шудаанд, ки "дар байни онҳо ҷасадҳои пиронсолон ва занон дида мешаванд. Ҳатто гуфта шудаааст, ки ҷасадаҳои кӯдакон мавҷуд аст."

Нур Раҳмонӣ Аминёр, аз мақомҳои баландпояи вилояти Сарипул ба хабарнигорон гуфтааст, ин ҳамла "бо ҳамкории Толибон ва ДИИШ" сурат гиифтааст. Ба гуфтаи оқои Аминёр, раҳбарии Толибон бо Мулло Нодир ва раҳбарии ҷангиёни ДИИШ бо Шермуҳаммад Ғазанфар будааст.

Толибон гуфтаанд, ки Ғазанфар аз афроди ДИИШ нест ва ҳеҷ ҳамкорӣ миёни онҳо ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" сурат нагирифтааст. Пеш аз ин миёни Толибон ва ДИИШ даргириҳое сурат гирифта буд. Аммо агар эътилоф ва ҳамкорӣ миёни ин ду гурӯҳ шакл гирифта бошад, ин масъала метавонад дар бӯҳрони Афғонистон нигарониҳое наве эҷод кунад.

Генерал Ҷон Никелсон, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон баҳори имсол дар мавриди чунин эҳтимоле ҳушдор дода буд. Генерал Никелсон дар моҳи апрел гуфт буд, "яке аз чизҳое, ки боиси нигаронии мо шудааст ва фикр мекунам лозим аст ҷаҳон аз он бохабар бошад, хатари ҳамгироии гурӯҳҳои мухталифи террористӣ бо якдигар дар Афғонистон аст."

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон, куштори афроди мулкиро дар рустои Мирзоавланг маҳкум кард. Ӯ рӯзи якшанбе дар иттилоияе гуфт, ба нерӯҳои амниятӣ дастур шудааст, ки бо тамоми тавон барои бозпасгирии ин русто иқдом карда, омилони ончиро ҷинояти нобахшиданӣ хондааст, саркӯбу нобуд намоянд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG