Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тамоюли саркӯбгарӣ дар Тоҷикистон бадтар мешавад"


Қасри миллат, Душанбе
Қасри миллат, Душанбе

Тоҷикистон дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён ду зина поин рафта, дар мақоми 155-ум ҷой гирифт. Вазъи озодии баёнро дар миёни 180 давлат санҷидаанд. Радабандии навро Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Sans Frontieres), қароргоҳаш дар Париж, 3-юми май, дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён, нашр кард.

"Барои беҳбуди фазо ирода нест"

Жанна Кавелйе, мудири барномаҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар RSF, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ вазъи озодии баёнро дар Тоҷикистон "бисёр бад" номид.

Ӯ гуфт: "Тоҷикистон дар гурӯҳи кишварҳои "бадтарин" мемонад. Мо иродаи сиёсиро барои беҳбуди фазои хабарнигорон ва тағйири вазъ намебинем. Ҳукумат дар Тоҷикистон мустақилии матбуотро на эҳтиром мекунад, на дастгирӣ."

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар солҳои 2022 ва 2023, пас аз ҳодисаи хунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, камаш ҳашт журналист ва блогерро аз 7 то 21 сол зиндон маҳкум карданд. Мақомот онҳоро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донистанд, аммо худашон дар паёмҳои ҷудогона аз боздоштгоҳу зиндон гуфтаанд, ки зери фишор ва латукӯбу нерӯи барқ ҷурмро пазируфтанд.

Ин бархӯрд, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, ба рӯҳия ва сифати кори хабарнигории мустақил дар Тоҷикистон осеб расонд. Тарсу худсензура, тарки кор ва бастани расонаҳо низ ба зеҳни журналистон фишор меорад.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели имсол аз "шароити торафт мушкили кори озоди журналистон дар Тоҷикистон ва сензураву фишори мақомот" танқид кард.

"Ҳукумат бояд саркӯбро бас кунад"

Жанна Кавелйе мегӯяд: "Тамоюли саркӯбгарии Эмомалӣ Раҳмон бадтар мешавад. Ҳукумат тамоми иттилоотеро, ки дар радио, телевизион ва интернет нашр мешавад, аз наздик назорат мекунад. Додгоҳи олӣ моҳи майи соли гузашта торнамои Pamir Daily News-ро баст, ки як манбаи бисёр муҳими хабарҳо аз минтақаи дурафтодаи ВМКБ мебошад. Мақомот журналистонро барои бозтоби азияту озори онҳо таъқиб мекунанд."

Жанна Кавелйе
Жанна Кавелйе

Ин намояндаи Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) афзуд, танҳо сӣ дарсади аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, вале он ҳам сахт назорат мешаваду баъзе аз торнамо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастнорасанд.

"Бисёре аз пойгоҳҳои хабарӣ ба хориҷа кӯчиданд. Бисёре аз журналистон ба хориҷа кӯчиданд ё ночор ба хунсензура гузаштанд. Журналистоне, ки ба танқиди ҳукумат ҷуръат мекунанд, бо хатари озори ҷисмӣ, таҳдид ва боздошту зиндонӣ шудан аз ҷониби пулис ё маъмурони амният рӯбарӯ ҳастанд," – илова кард Кавелйе.

Ба бовари ин муҳаққиқи озодии баён, мақомот дар Тоҷикистон бояд аз пайи ислоҳи вазъ шаванд: "Ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама президент Эмомалӣ Раҳмон, бояд саркӯби матбуоти озодро билофосила бас карда, аз пайи роҳандозии ислоҳоти мушаххас ва беҳтар кардани нишондодҳояш дар ин бахш шавад."

Хабарнигорони расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон аз фишори ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, талоши нокофии созмонҳои рӯзноманигорӣ барои пуштибонӣ аз онҳо ва набудани ҳамраъйии касбӣ танқид мекунанд. Ҳамин мушкилот, ба қавли онҳо, ба ҳабси дарозмуддати Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Улфатхоним Мамадшоева ва дигарон сабаб шудааст.

Аз Русия то Кореяи Шимолӣ

Созмони байнулмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз дар баробари Тоҷикистон вазъи озодии баёнро дар 34 кишвари дигар, аз ҷумла Узбекистон (148), Покистон (152), Туркия (158), Русия (162), Озарбойҷон (164), Беларус (167), Чин (172), Туркманистон (175), Эрон (176), Кореяи Шимолӣ (177) ва Афғонистон (178) “бадтарин” номидааст.

Ба гузориши RSF, дар умум вазъи озодии баён дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар як соли гузашта боз ҳам бад шуда, дар ин кишварҳо як қатор мушкил мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар ин қаламрав озодии матбуот кафолат дода намешавад ва матбуотро ҳарчи бештар барои роҳандозии маъракаи таблиғоти дурӯғин истифода мекунанд.

Муҳаққиқон гуфтаанд, баъд аз ҳуҷум ба Украина беш аз 1500 журналист Русияро тарк кардаанд. Дар ин кишвар феҳристи матбуот ва журналистоне, ки тамғаи “созмони номатлуб” ва “агенти хориҷӣ” мегиранд, меафзояд ва журналистон беасос ҳабс мешаванд. Аз ин лиҳоз, ба қавли RSF, шароити Русия ба Беларусу Туркманистон бисёр монанд аст.

Дар миёни кишварҳое бо нишондодҳои беҳтарини вазъи озодии баён дар ҷаҳон се давлати Аврупои Ғарбӣ – Норвегия, Дания ва Шветсия – номбар мешаванд. Ҳамзамон дар кишварҳое ба мисли Маҷористон (Венгрия) ва Словакия раҳбарони рӯ ба Кремлин талош доранд фазоро барои кори хабарнигории мустақил маҳдуд кунанд. "Нуфузи харобиовари Кремлин то Иттиҳоди Аврупо доман паҳн кардааст," – зикр шудааст дар Шохиси озодии баён.

XS
SM
MD
LG