Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл: Путин бо Эрдуғон мулоқот намекунад


Путин ва Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ
Путин ва Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ

Кремл гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳошияи анҷумани Порис бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот намекунад, чунки Туркия барои суқути ҳавопаймои Русия узр хостанӣ нест.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 27 ноябр сӯҳбатҳои ахири ҳамтои русаш Владимир Путин дар бораи масъулияти Туркия дар мавриди суқути ҳавопаймои ҷангии Русияро ғайриқобилиқабул номид. Путин як рӯз қабл Туркияро айбдор кард, ки дониста равобити дуҷонибааш бо Русияро дучори бунбаст кардааст.

Эрдуғон дар посух ба Путин гуфт, нирӯҳои ҳавоии Туркия рӯзи 24 ноябр ҳавопаймои ҷангии Русияро дар марзи Туркия бо Сурия барқасд назадаанд. Президенти Туркия гуфт, нирӯҳои ҳавоии кишвараш дар пайи ба ҳарими ҳавоии Туркия ворид шудани ҳавопаймои Русия ва сарфи назар кардани ҳушдорҳои батакрор чунин вокуниш нишон додаанд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия рӯзи сешанбе як ҳавопаймои СУ-24-и артиши Русияро, ки дар амалиётҳои низомии ин кишвар дар Сурия ширкат дошт, дар наздикии марзи Сурия суқут доданд. Як халабони ин ҳавопаймо бар асари тирборони ҷангиён аз қаламрави Сурия кушта шуд, вале якеи дигараш ҷон ба саломат бурд.

Путин рӯзи 26 ноябр ҳамчунин гуфт, Маскав мунтазири узрхоҳӣ ва ҷубронҳои дигар аз тарафи Туркия буда, ӯ интизор дорад, ки Анкара “ҷинояткоронро барои ин ҷиноят ҷазо медиҳад.”

Аммо Эрдуғон қаблан гуфт, ки ин Русия аст, ки бояд барои вайрон кардани ҳарими ҳавоии Туркия узр бихоҳад. Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушуғлу ҳам гуфт, Анкара “барои қазияе, ки мо дар он ҳақ ҳастем, узр нахоҳад хост.”

Низомиҳои Туркия навори ҳушдорҳои батакрореро нашр кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, ба халабони ҳавопаймои ҷангии Русия ирсол шуда буд. Аммо Маскав исрор меварзад, ки ҳавопаймояш аз ҳарими ҳавоии Сурия берун нашуда буд ва ягон ҳушдор ҳам нагирифтааст.

Путин суқути ҳавопаймои Русияро ҳамчунин “ханҷар аз пушт” ва “бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ номидаааст.

Путин ҳамин тавр, изҳори умед кардааст, ки “эътилофи воқеии байналмилалӣ”-е бо “нирӯи қудратманду ҳамоҳангшуда” ташкил ёфта, он аз амалиётҳои, ба гуфтаи ӯ, “комёб”-и низомиҳои Русия алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия пуштибонӣ хоҳад кард. Аммо Путин гуфта, ки кишварҳои Ғарб аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико барои ҳамкорӣ бо Русия омода нестанд.

Эрдуғон рӯзи 27 ноябр ҳамчунин иддаоҳои Владимир Путин дар бораи кӯмакҳои Туркия дар амри таъмини молии созмони тундрави “Давлати исломӣ” аз тариқи харидории нафт аз ин гурӯҳи ҷангҷӯро рад кард. Дар асл, ба гуфтаи раисиҷумҳури Туркия, Амрико шавоҳидеро ба даст овардааст, ки мегӯянд, ширкатҳои Русия ва ҷангиёни “Давлати исломӣ” нафтро ба режими президенти Сурия Башор Асад мефурӯшанд.

Баъди ин суханрониҳои Эрдуғон вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав ба ӯҳдадориҳои Анкара дар мавриди набард бо ҷангиёни “Давлати исломӣ” шубҳа дорад. Ҳамзамон сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, аз ҳукуматаш хостааст, то бастаи тадбирҳои муҷозотӣ алайҳи Туркияро омода кунад.

Лавров рӯзи 27 ноябр гуфт, яке аз ин тадбирҳо, ки аз 1 январ ба иҷро медарояд, лағви ҳаққи сафари бидуни раводид ба Русия барои шаҳрвандони Туркия хоҳад буд.

Медведев гуфт, суқути ҳавопаймои ҷангии Русия “амали ошкоро аггрессивӣ” буд ва барои иловаи посухҳои дипломативу низомии алакай андешидашуда зарур аст, ки Маскав бар илова рӯи “тадбирҳои иқтисодӣ” ҳам фикр кунад. Ӯ гуфт, Русия музокироти кунуниаш бо Туркия дар мавриди ироаи мақоми шарики тиҷории соҳибимтиёзро мунҷамид мекунад ва шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Туркия дар Русияро низ бозбинӣ хоҳад кард.

Қаблан сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, нишасти сарони Туркияву Русия дар шаҳри Санкт-Петербург “расман лағв нашудааст”, вале дар ин робита “суолҳои зиёде пеш омадаанд.”

Эрдуғон рӯзи ҷумъа изҳори умед кард, ки ӯ имкони мулоқот бо Путин дар ҳошияи нишасти ҷаҳонии махсуси масоили тағйири иқлим дар Порисро хоҳад дошт. Ин нишаст рӯзи 30 ноябр дори мешавад.

Аммо ёвари президенти Русия Юрий Ушаков рӯзи 27 ноябр гуфт, Путин ба далели сарпечии Туркия аз узрхоҳӣ барои суқути ҳавопаймои Русия дар Порис бо Эрдуғон мулоқот намекунад.

XS
SM
MD
LG