Пайвандҳои дастрасӣ

Дар чаҳор моҳи ҳатмӣ шудани ташхиси тиббии пеш аз издивоҷ дар Тоҷикистон, 32 506 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд. Натиҷаи ин ташхис беш аз 110 нафарашонро бемор нишон додааст ва дар ин миён муайян шудааст, ки 9 нафар вируси норасоии масъунияти бадан доранд. Аз рӯи ин қарор, баргузории туйи номзадҳои бемор то анҷоми табобат ба таъхир монда мешавад.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, “аз ҳама беш беморони гирифтори “гепатети Б” дарёфт шуданд, ки зиёда 161 нафаранд. Дар ҷои дувум беморони “гепатети С” -- 30 нафар мебошанд. Беморони сил 8 нафар дарёфт гардид. Гирифторони вируси норасоии маснуияти бадан мутаассифона 9 нафар ҷавонон ба қайд гирифта шудаанд. Агар ҳамин 9 нафар аз муоинаи тиббӣ нагузашта ва зану шавҳар мешуданд, оилаҳои худро ба ин беморӣ гирифтор мекарданд.”

Шералӣ Раҳматуллоев.

Шералӣ Раҳматуллоев.

Мақомот мегӯяд, аксари ин афрод танҳо баъди ташхиси тибии пеш аз издивоҷ аз бемории худ огоҳ шуданд ва агар қонун онҳоро ба ин кор водор намекард, эҳтимол нохудогоҳ ҳар яке боис ба сироят ёфтани зану фарзандони ояндаи худ мегаштанд.

Таваллуди кудакони маъюб

Гирифторони вируси норасоии маснуияти бадан мутаассифона 9 нафар ҷавонон ба қайд гирифта шудаанд.

Парлумони кишвар соли ҷорӣ бо қабули тағйиру иловаҳо ба 3 кодексу қонунҳо никоҳи хешутабориро манъ ва ташхиси тиббии пеш аз издивоҷро ҳатмӣ кард. Агарчӣ на ҳама аз ин қонун ҷонибдорӣ мекунад ва бархе онро нақзи ҳуқуқи худ ҳам меҳисобад, аммо ба иддаои масъулин, барои пешгирӣ аз таваллуди кӯдакони маъюб ва бунёди оилаи солим, ин амри зарурӣ буд.

Қаблан ташхиси тиббии пеш аз издивоҷ дар Тоҷикистон ихтиёрӣ буд ва ба гуфтаи масъулин, арӯсу домодҳо аз муоина намегузаштанд. Ин ҳолат ҳам боис ба афзоиши кӯдакони маъюб ва оилаҳои носолим шудааст.

Бунафшаи Абдураҳим ҳамроҳ бо шавҳаршавандааш аз аввалинҳое буданд, ки қабл аз издивоҷ аз ташхиси тиббӣ гузаштанд. Бунафша мегӯяд, фақат барои боварӣ ҳосил кардан ба ҳамдигар ва пешгирӣ аз нофаҳмиҳо дар оянда, тасмим гирифт муоина шаванд.

Бунафша мегӯяд, ки “ин пеш аз ҳама барои солимии оилаи худи мо муҳим аст. Аз сӯйи дигар, ҳоло бисёр мушоҳида мешавад, ки мардон аз муҳоҷират меоянд, оиладор мешаванд, фардо кӯдакон ба ягон беморие таваллуд мешаваду дар натиҷа дар хона ҷангу ҷанҷолҳо сар мешавад. Зан мардро айбдор мекунаду мард занро. Вақте аз муоинаи тиббӣ гузаштем, ба ҳамсафари ояндаи худ боварии бештар пайдо кардам ва мутмаин шудам, ки ӯ ба ягон намуди беморӣ гирифтор нест. Худам ҳам мутмаин шудам, ки ба ягон беморӣ гирифтор нестам ва ин барои ояндаи мо хеле муҳим аст.”

Расмиёти зиёд ва саргардонӣ

Муллораҷаб Юсуфӣ.

Муллораҷаб Юсуфӣ.

Мулораҷаб Юсуфӣ гуфт, “ҳатмӣ кардани ташхис аз нигоҳи аввал барои солимии оила хуб аст, аммо бо он тартибе, ки ҳоло дар кишвар анҷом мешавад, расидан ба ҳадаф ғайриимкон аст. Дар ҷараёни таҳқиқот муайян шуд, ки табибон бо пул бе ягон ташхиси тиббӣ ба бемор ҳуҷҷатро медиҳанд.”

Шикоятҳо аз тағйирот дар Кодекси оила танҳо марбут ба пулситонӣ набуда, миёни сокинон, махсусан онҳое, ки дар гузашта бо никоҳи мусалмонӣ иктифо карда, ҳоло мехоҳанд издивоҷашонро расмӣ кунанд, нофаҳмиву мушкилиҳо ба бовар овардааст. Мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ мегӯянд, шояд дар оянда дар қонун барои шахсоне, ки қабл аз тағйирот бо ҳам издивоҷ кардаанд, истисное пешбинӣ шавад.

Ҷӯрахон Ғозиев, масъули Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, "барои мисол, ба онҳое, ки чанд соли пеш бо хешу табор никоҳ кардаанд ва имрӯз мехоҳанд аз ақди никоҳи давлатӣ гузарад, талаботи моддаи 14 монеа эҷод мекунад. Онҳо ақди никоҳ баста наметавонанд. Ҳамчунин, як шаҳрванд муроҷиат кард, ки мо 10 сол боз зиндагӣ дорем, соҳиби чанд фарзандем, магар зарур аст аз ташхис гузарем. Мо ба онҳо фаҳмондем, ки ин ба шумо ҳеҷ зараре надоранд ва барои ояндаи шумо муҳим аст. Агар беморе будед, табобат мегиред.”

Саодат Амиршоева, вакили пешини дар парлумони Тоҷикистон аз ҷумлаи касоне буд, ки манъи никоҳи хешутабориро пешниҳод карда буд.

Саодат Амиршоева, вакили пешини дар парлумони Тоҷикистон аз ҷумлаи касоне буд, ки манъи никоҳи хешутабориро пешниҳод карда буд.

Масъулини соҳаи тибби Тоҷикистон дар пайи таҳлилҳо ба ин хулоса омадаанд, ки дар 30-35 дар сади ҳолатҳо дар пайи никоҳҳои хешутаборӣ кӯдакони носолим ва маълул ба дунё меоянд ва дар 15- 20 дарсади мавридҳои дигари бемориҳои сироятии волидон боис мешавад, то кӯдакон бо нуқсонҳои мухталиф таваллуд шаванд. Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар -- ниҳоде ки муаззаф аст зарурати манъи хешу табори ва ташхиси пеш аз издивоҷро ба мардум расонад ва аз ҷараёни он назорат барад, аз натиҷаҳои хуби ин тағйирот истиқбол мекунад.

Мақомот: Қабули қонун дуруст буд

Маҳбубаи Азимова, як масъули Кумитаи занон мегӯяд, "ин қонун самараи хеле хуб ҳам дода истодааст. Ба он хотире, ки мо имрӯз тавонем солимии ҷомеаро пойбарҷо нигоҳ дорем ва оилаҳои солим дар раванди ҷомеа ташаккул ёбанд. Аз ҳамин хотир зарурати манъи никоҳи хешутаборӣ ва пеш аз издивоҷ гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба миён омад.”

Аз рӯи омори расмӣ, дар 11 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 63 ҳазор никоҳ ба қайд гирифта шуда ва 8207 оила аз ҳам пошидаанд. Мақомот яке аз сабабҳои азҳампошии оилаҳоро ба омилҳое рабт медиҳанд, ки дар натиҷаи ташхиси қабл аз иҷдивоҷ, метавонад он ошкор шавад.

Вобаста

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG