Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 ҳазор сокини "Ватан" комилан бебарқ монданд


Сокинони як ҷамоати ноҳияи Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, панҷ рӯз боз комилан аз нерӯи барқ маҳруманд. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” ин вазъро ба хароб шудани хатти интиқоли нерӯи барқ марбут дониста ва гуфтанд, ки “базудӣ масъаларо ҳал хоҳанд кард”. Дар ҷамоати “Ватан”-и ноҳияи Фархор 20 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Зимистон ва барфи зиёд имсол ба Тоҷикистон "пеш аз мӯҳлат" омад ва аз рӯзи 19 ноябр ба ин тараф дар кишвар сардии шадид ҳукмфармост.

Алишер, сокини деҳаи “30-солагӣ”-и ҷамоати “Ватан”, рӯзи 24 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи аввали бориши барф дигар ба онҳо нерӯи барқ дода нашудааст. Ин сокини Фархор афзуд, мардуми ҷамоат дар торикӣ ба сар мебаранд ва хонаҳои худро асосан бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд.

“Мо ба масъулони ҷамоат ва идораи "Барқи тоҷик" муроҷиат кардем, аммо то кунун касе ба арзи мо нарасидааст”, - гуфт Алишер ва афзуд, “рӯзи панҷум аст, ки қувваи барқ надорем. Қаблан аз лимит шикоят доштем ва ҳоло ҳамон нерӯи маҳлдуди барқро ҳам надорем. Ин вазъ тақрибан ҳар сол дар ҳамингуна сардиҳо такрор мешавад."

Ҷамоати деҳоти “Ватан” аз ҳафт русто иборат аст ва деҳаҳои “Орҷеникидзе", "30-солагӣ", "Деҳаи 18-ум", "Правда", "Гулобод", "Лоҳутӣ", "Баҳористон" ва "Қизилмоҷир" аз як хатти барқ таъмин мешуданд. Ҳоло ҳамаи ин деҳаҳо аз барқ комилан маҳрум шудаанд.

Қурбоналӣ Аҳмадов, роҳбари "Барқи тоҷик" дар ноҳияи Фархор, рӯзи 24 ноябр ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ҳоло ин масъала дар ҳоли ҳалшавист. Аҳмадов афзуд, феълан кормандони онҳо симҳоеро, ки бар асари чаппа шудани дарахтони пурбарф канда шудаанд, тармим доранд ва ин бегоҳ ба сокинони деҳаи “Орҷоникидзе” барқ дода мешавад.

“Ҳоло агар қувваи барқро сар диҳем, ба трансформатор шояд ягон ҳодиса шавад. Аз ин рӯ, симҳоро аз дарахтон озод карда, баъд қувваи барқро ба мардум медиҳем. Ин дарахтон низ аз сокинон аст. Мо дар моҳи сентябр ба онҳо гуфта будем, ки хоҳои нолозими дарахтонро бурранд, тоза кунанд», - таъкид кард ӯ.

Зимистон ва барфҳои зиёд имсол ба Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат фаро расид ва аз рӯзи 19 ноябр ба ин тараф дар кишвар сардии шадид ҳукмфармост. Ба қавли ҳавошиносон, сардӣ ва боридани барф тӯли як ҳафта идома хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сардии шадиди сармо дар ҳафтаи ҷорӣ ҳушдор дода ва аз сокинони кишвар даъват кард, ки дар манзилҳои худ ба миқдори зарурӣ сӯзишворӣ захира кунанд.

Сокинони ҷамоати "Ватан"-и ноҳияи Фархор мегӯянд, ҳоло дақиқ намедонанд, ки кай ба онҳо нерӯи барқ дода мешавад. Ин ҷамоат бо доштани 20 ҳазор аҳолӣ севумин ҷамоати бузург дар ҳудуди Фархор ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG