Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исрори Парвина ба "бегуноҳӣ"-и марди "таҷовузкор"


Додгоҳи ноҳияи Ҳисор
Додгоҳи ноҳияи Ҳисор

Парвинаи 14-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, ки гӯё аз ҷониби Аҳмадҷони Мавлон, як ҷавонписари ин ноҳия, мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтааст, мегӯяд, бо фишор алайҳи ин шахс баёнот додааст ва ҳабси ӯро ноодилона мешуморад.

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ҳанӯз 5-уми декабри соли 2013 Аҳмадҷони Мавлони 24- соларо ба иттиҳоми "ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидошта" ба 2 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Парвина, нафаре ки ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, аз сӯи Аҳмадҷони Мавлон мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст, рӯзи 7-уми апрел ҳамроҳи бародари Аҳмадҷони Мавлон -- Аъзам Нуралиев - ба дафтари Радиои Озодӣ омад ва гуфт, ӯ дар воқеъ дар аввалҳои моҳи январи соли 2013 аз ҷониби се ҷавони ношинос таҷовуз шуда буд, аммо додгоҳ ба ҷои онҳо Аҳмадҷонро маҳкум ба зиндон кардааст.

Ба нақли Парвина, ӯ қаблан зери фишори кормандони мақомот алайҳи Аҳмадҷони Мавлон дар хусуси таҷовуз шуданаш баёнот дода, акнун пушаймон шудааст ва намехоҳад, ки як ҷавони бегуноҳ пушти панҷара бошад. Бино бар ин, Парвина мехоҳад, то додгоҳ Аҳмадҷонро сафед кунад. Парвина мегӯяд, аслан Аҳмадҷонро намешиносад ва ӯро танҳо ду маротиба дар ҷараёни мурофиа дар толори додгоҳи ноҳияи Ҳисор дидааст.

Тавре аз гуфтаҳои ин духтари ноболиғ маълум шуд, ӯ ҳатто дар рӯзи охирини мурофиаи додгоҳӣ, қабл аз эълони ҳукм иброз доштааст, ки Аҳмадҷонро намешиносад, аммо додрас инро ба инобат нагирифтааст. Вай мегӯяд: «Вақте аз Душанбе ба Ҳисор рафтам дар назди «Хлебзавод», маро Руслан гуфтанӣ як милиса, ки қаблан мешинохтамаш, дастгир карда, ба Сӯҳроб ном пулиси дигар занг зад ва маро назди вай бурд. Руслан ба Сӯҳроб гуфт, ин духтарро Аҳмад таҷовуз кардааст. Вақте аз ман пурсиданд, гиря кардаму гуфтам, ин ҷавонро намешиносам. Баъдан маро ба милисахона бурда, боз ҷавобам доданд. Ман хонаамон рафтам, аммо кормандони прокуратураи ноҳия соати 12 -и шаб маро аз хонаамон гирифта оварданд.»

Ба гуфтаи Парвина, давоми чанд рӯз аз ҷониби кормандони додситонии ноҳияи Ҳисор бидуни ҳузури модараш мавриди бозпурсӣ қарор гирифта ва танҳо дар рӯзи охирини мурофиа модараш даъват шудааст: «Дар прокуратураи ноҳия ҳамеша маро мегуфтанд, ки бигӯям, Аҳмадҷон маро таҷовуз кардааст.»

Аъзам Нуралиев -- бародари Аҳмадҷони Мавлон низ иддао дорад, ки додгоҳи ноҳияи Ҳисор, ҳарчанд алайҳи бародараш далелҳои кофӣ дар даст надошт, аммо боз ӯро маҳкум ба зиндон кард. Тавре Аъзам Нуралиев мегӯяд, додситонии Ҳисор дар аввал алайҳи бародараш Аҳмадҷон бо моддаи 138-и Қонуни ҷиноӣ, яъне таҷовуз ба номус парванда боз кардааст. Аммо аз сабаби набудани далелҳои шайъӣ, муфаттиш маҷбур мешавад самти кори тафтишотро дигар карда, парвандаро бо дигар моддаи ҳамин қонун ба додситонӣ ирсол кунад: «Вақте ба Прокуратураи генералӣ аз болои прокуратураи Ҳисор шикоят кардем, парвандаро барои омӯзиш дубора пас гардонданд. Аммо вақте муфаттиш далелҳои кофӣ дар даст надошт, нисбати Аҳмадҷон боз ба моддаи 141-и Кодекси ҷиноӣ, яъне алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта бо шахси ҳанӯз ба синни 16 нарасида, парванда боз карданд.»

Аъзам Нуралиев мегӯяд, Додгоҳи олӣ низ ҳукми додгоҳи Ҳисорро бидуни тағйир гузошт. Вале додраси парванда дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаҳои Аъзам Нуралиев ва Парвинаро рад кард. Иброҳим Каримов, додраси парвандаи ҷиноии Аҳмадҷони Мавлон гуфт, додгоҳ дар баровардани ҳукм ба ҳеҷ хатогие роҳ надодааст. Ӯ мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Аҳмадҷони Мавлон бар асоси шикояти Шаҳзода Ниёзова, модари Парвинаи ноболиғ боз шуда буд.

Вай гуфт: «Суд ба хулоса омад, ки дар ҳаракатҳои маҳкум, Аҳмадҷони Мавлон, қисми яки моддаи 141-и Кодекси ҷиноятӣ дида мешавад ва бинобар ин бо ҳамин модда 5-уми декабри соли 2013 айб эълон кард. Аҳмадҷони Мавлон бо моддаи 141 ба мӯҳлати 2 солу шаш моҳ ва дар асоси қисми 6-и моддаи 67-и Кодекси ҷиноятӣ, бо роҳи қисман зам намудани бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳритус аз санаи 2-юми июли соли 2013 ба ҳукми нав илова карда ба муддати 3 сол аз озодӣ маҳрум кардем. Ҳамчунин Парвина дар баромади аввали худ дар додгоҳ гиря карда, ҳама нишондодҳои дар парванда бударо тасдиқ кард. Вале пас аз як рӯзи дигараш нишондоди худро рад кард, ки намедонам, чаро ин амалро анҷом дод?»

Додрас Иброҳим Каримов дар посух ба суоли ин, ки чаро иттиҳом дар парванда аз моддаи 138 - "таҷовуз ба номус" ба банди 141 - "ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидошта" иваз карда шуд?, гуфт, «азбаски модари Парвина пас аз шаш моҳи таҷовуз шудани духтараш ба додгоҳ муроҷиат кард, додгоҳ исбот карда натавонист, ки ин духтар оё аз ҷониби Аҳмадҷон мавриди таҷовуз қарор гирифтааст ё не. Аммо тафтишот исбот кард, ки Аҳмадҷон бо Парвина, ки ноболиғ аст, ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта анҷом додааст.»

Аммо додрас нагуфт, ки “ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта”- и Аҳмадҷони Мавлонро кӣ дидаву шоҳидӣ додааст? Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Аъзам Нуралиев -- бародари Аҳмадҷони Мавлон, Парвина бо вуҷуди ноболиғ буданаш, духтари сабукпо буда, мақомот аз ин сӯиистифода кардаанд.
Худи Парвина низ инро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ӯ дар қайди бахши ноболиғон шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Ҳисор буда, пас аз таҷовуз шуданаш сабукпо шудааст.

Вале ба қавли ҳуқуқдонҳо, дар сурати наёфтани далелҳои кофӣ додгоҳ бояд парвандаро қатъ мекард ва Аҳмадҷон сафед мешуд. Зафар Қурбонов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд: "Азбаски аломатҳои моддаи 141 дар парванда исботи худро ёфтааст, додрас тибқи ҳамин модда айб эълон кардааст. Аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда, дар сурате, ки муносибат бо розигии тарафай ба амал омада бошад, набояд додгоҳ ин гуна қарор мебаровард."

Дар ҳамин ҳол масъулони додгоҳ мегӯянд, ки қонунгузорӣ барои ҳамхоба шудан бо ноболиғ ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ кардааст ва ҳукм низ нисбати Аҳмадҷони Мавлон дар чорчӯби қонун содир шудааст. Зимнан, тибқи иттилои масъулони додгоҳи ноҳияи Ҳисор, Аҳмадҷони Мавлон қаблан аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шаҳритус барои истифодаи маводи мухаддир ба як соли зиндон маҳкум шуда буд. Аммо Парвинаи ноболиғ замоне ки, ба гуфтаи худаш, аз сӯи се нафари ношинос таҷовуз шуда буд, ҳамагӣ 12 сол дошт. Бо вуҷуди ин ки пулис рафтори ӯро пайваста назорат мекунад, вале ин ҳеҷ дигаргуниеро дар сарнавишти ӯ ворид накард.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон борҳо аз афзоиши шумори фоҳишаҳои ноболиғ изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, бар зидди ин падида мубориза хоҳанд кард. Дар аксар қазияҳои таҷовуз ба номус қаҳрамонҳои аслӣ фоҳишаҳои ноболиғанд, бисёри онҳо ё аз хонаҳояшон фирор кардаанд ва ё волидонашон аз баҳри онҳо гузаштаанд. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2013, 1641 занону духтарони фоҳиша ошкор шудааст, ки дар муқоиса бо соли пеш 338 нафар бештар будааст. Аз ин шумор 41 нафар духтарони ноболиғ будаанд. Дар маҷмӯъ соли гузашта дар Тоҷикистон 189 фоҳишахона кашфу ошкор шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 39 адад зиёд аст.
XS
SM
MD
LG