Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ТоҷИрон" аз кор монд. Нокомии Эрон ё бениёзии Тоҷикистон? ВИДЕО


Баъди 10 соли фаъолият дар Тоҷикистон, корхонаи муштараки тракторсозии “Тоҷ-Ирон” ҳам аз кор монд. Дар ҳоле, ки мақомоти тоҷик сабаби қатъи фаъолияти ширкати тракторсозиро ба нокомии он дар идомаи фаъолияташ рабт медиҳанд, масъулони эронии он мегӯянд, Тоҷикистон дигар ниёз ба кори ин корхонаро надорад. “Тоҷ-Ирон” яке дигар аз сохторҳои эронӣ аст, ки дар як соли охир фаъолияташро дар Тоҷикистон қатъ мекунад.

Корхонаи муштараки “Тоҷ-Ирон” бар асоси шартномаи миёни вазорати саноати Тоҷикистон ва ширкати тракторбарории Ҷумҳурии Исломӣ моҳи июни соли 2006 корашро дар Душанбе ба роҳ монд. Иқтидори лоиҳавии корхонаи муштарак 2 ҳазор адад трактор дар як сол буда, 51 дарсади саҳмияҳои он ба Эрон тааллуқ дошт.

Дар ҳоле, ки мақомоти тоҷик сабаби қатъи фаъолияти ширкати тракторсозиро ба нокомии он дар идомаи фаъолияташ рабт медиҳанд, масъулони эронии он мегӯянд, Тоҷикистон дигар ниёз ба кори ин корхона надорад.

Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, ин корхона тахминан як сол пеш фаъолияташро қатъ карда, дар ин муддат чизе истеҳсол накардааст. Масъулини вазорати саноати Тоҷикистон низ қатъ шудани фаъолияти “Тоҷ-Ирон”-ро тасдиқ намуда гуфтанд, ки дар ин тасмим “ҳеҷ ангезаи сиёсӣ вуҷуд надорад, балки “корхона дар бозори кишоварзӣ натавонист худро ҳифз кунад”. Феълан дар Душанбе танҳо дафтари кории ширкат фаъол асту бас.

Масъулини корхона ҳам мегӯянд, барояшон гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон “дигар талабот барои тракторҳои эронӣ намондааст” ва онҳо бояд бозорро тарк кунанд. Самад Дагипур, раиси корхонаи муштараки тракторсозии “Тоҷ-Ирон” рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣгуфт, феълан корхона пурра аз кор мондааст ва аз Эрон дигар қисмҳои трактор дигар ворид карда намешавад.

Бар асоси созишномаи миёни ду кишвар, баъди вориди Тоҷикистон шудан, қисмҳои эҳтиётии тракторҳои эронӣ дар корхонаи воқеъ дар Душанбе онҳо ҷамъ ва ба шакли тракторҳои тайёр ба истифода дода мешуданд. Самад Дагипур гуфт: “Феълан тавлид надорем, тракторҳои навъи “Белорус” бо нархҳои то ду ҳазор доллар арзонтар аз тракторҳои “Тоҷ-Ирон” ворид карда мешаванд. Мо як тракторро дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар ворид мекардем”.

Дагипур гуфт, дар давоми солҳои фаъолияти корхона, ҳукумати Тоҷикистон гоҳҳо барояш сабукиҳо ҷорӣ карда, корхонаро аз андозбандӣ озод мекард. Раиси корхона бо таассуф аз кор мондани корхона гуфт, агар Тоҷикистон манфиатдори фаъолияти ин корхона бошад, азсаргирии кори он мушкил нест. Айни замон Самад Дагипур гуфт, сабаби тасмими Тоҷикистон барои онҳо маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, сабаби қатъ шудани фаъолияти корхонаи муштараки «Тоҷ-Ирон» танҳо заминаи иқтисодӣ дорад ва ба масъалаи сиёсӣ ҳеҷ иртибот надорад. Амрулло Қодиров, корманди Раёсати мошинсозии вазорати саноат ва технологияҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз имзои санад дар соли 2006, «Тоҷ-Ирон» амалан дар соли 2008 ба ворид намудани тракторҳо ба Тоҷикистон оғоз намуд. Қодиров гуфт, ки бо вуҷуди панҷ сол аз андоз озод намудани ин корхона, натавонист «дар рақобат бо ширкатҳои дигари воридкунандаи трактор ба Тоҷикистон», муваффақ шавад.

Вай гуфт “иллати аслии аз кор бозмонадани ин корхона заминаҳои иқтисодӣ дорад. Ҳоло хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон ба трактори навъи “Белорусия” алоқа доранд, зеро ин корхона бо қарзу лизинг низ моли худро пешкаш мекунад, «Тоҷ-Ирон» бошад танҳо бо пешпардохт тракторҳои худро мефурӯхт». Ба гуфтаи ин мақоми вазорати саноат, аз назари сифати кору қисмҳои эҳтиётиаш тракторҳои Эрон чандон босифат набуданд. «Системаи истифодаи маводи сӯхти ин тракторҳо зуд-зуд хароб мешуд, аз ин рӯ талабот ба корхона дар як соли охир кам шуд ва ҳоло дигар муроҷиат ба ин навъи тракторҳо тамоман нест”, гуфт Қодиров.

Ба қавли мақомот, ширкатҳои кишоварзии назири "Тоҷикагролизинг", "Мадади Турсунзода», "Агролизинг" ва дигарҳо, ки бо ворид намудани тракторҳо сохтаи Белорус машғул ҳастанд, солона то 250 адад тарктори сохташуда дар ин кишвари собиқи Шӯравиро ворид мекунанд.

Қиссаи тракторҳои бидуни муштарӣ ва ё баста шудани муассисаи муштараки Тоҷикистону Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Дар ҳоле, ки ҳарду ҷониб тасмими басташавии кори корхонаи истеҳсолиро сирф “иқтисодӣ” меноманд, коршиносон мегӯянд, «Тоҷ-Ирон» ҳам як қурбонии дигари тасмимҳои Душанбе дар заминаи берун кардани тиҷорати Эрон аз хоки Тоҷикистон шуд. Дар як соли охир дар ин қаламрав дафтари як қатор корхонаву созмонҳои эронии собиқадор баста шуд.

Аз ҷумла, ширкати тавлидкунандаи маҳсулоти ширии “Полуд”, ки солҳои 2000-ум вориди бозори Тоҷикистон шуд, аз ҳаққи идомаи фаъолият маҳрум шуд. Дар миёни созмонҳои ҷамъиятӣ - Кумитаи имдоди Хумайнӣ, яке аз собиқадортарин бунёди хайрия низ июли соли 2016, баъди 20 соли фаъолият дар Тоҷикистон аз кор монд. Он замон Вазорати адлия гуфт, ки ин созмон қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро нақз карда, огоҳиҳои ниҳоди давлатии Тоҷикисторо нодида гирифт, вале мушаххасан нагуфт, ки ин камбудиҳо аз чӣ иборат аст.

Гардиши ҷиддӣ дар равобити ду кишвари замоне шарику дӯсти наздик декабри соли 2015 рух дод. Тоҷикистон, ки ҲНИТ-ро масъули ташкили ошӯби мусаллаҳонаи моҳии сентябри соли 2015 унвон кард, аз даъвати расмии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизби мамнӯъшудаи сиёсӣ ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон ва дидори ӯ бо раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба хашм омад. Раҳбарияти ҲНИТ ин иттиҳомотро сохтаву бепоя унвон карда, иттиҳомоти ҳукуматро ҳамеша рад кардааст. Бо ин ки Эрон баъди ин ҳодиса талош кард муносибот бо Тоҷикистонро дубора оддӣ гардонад, зоҳиран Душанбе дигар мавқеашро тағйир надод.

То соли 2015 Эрон яке аз панҷ кишвари асосӣ дар миёни коршарикони тиҷории Тоҷикистон буд. Бо сармояҳои ин кишвар дар Тоҷикистон нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзобро сохта, нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар ҷануби кишвар ба кор андохта шуд ва феълан хабаргузориҳои «Форс», «Садои Хуросон», «Press TV” ва «Садо ва симои Эрон», кори худро дар Тоҷикистон идома медиҳанд.

Гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон дар ду соли охир тадриҷан коҳиш ёфтааст. Омори давлатӣ ҳокист, ки агар дар соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар 292 миллион долларро ташкил медод, соли 2016 ин нишондод то ба 116 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG