Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп бори дигар гуфт, ки "бо Русия ҳеч тавофуқе набуд"


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – бори дигар таъкид кард, ки миёни ситоди интихоботии ӯ ва намояндагони ҳукумати Русия ҳеч тавофуқ ва ҳамкорӣ вуҷуд надошт. Трамп дар ин бора рӯзи 2-юми декабр дар Кохи Сафед бо хабарнигорон суҳбат кард.

Майкл Флинн ба иттиҳоми дурӯғгӯӣ ба FBI бо панҷ соли ҳабс рӯ ба рӯст.

Пеш аз ин, Майкл Флинн, мушовири собиқи амнияти миллии маъмурияти Доналд Трамп, эътироф кард, ки дар мавриди тамосҳояш бо сафири пешини Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк (аз моҳи ноябри 2016 то январи 2017) ба FBI дурӯғ гуфтааст. Бар асоси гузориши расонаҳо, Флинн мувофиқат кардааст, баёнот диҳад, ки аз тарафи як мақоми аршади тими интиқолӣ дастур гирифта буд, то бо ҳукумати Русия дар тамос шавад.

Дар ҷараёни нишасти хабарии мухтасари рӯзи шанбе дар Кохи Сафед як хабарнигор аз Доналд Трамп пурсид, оё дар мавриди чизҳое, ки мумкин аст Флинн ба Роберт Мюллер, масъули таҳқиқот бигӯяд, нигарон нест? Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "не, нигарон нестам. Чизе, ки нишон дода шудаст, ҳеч муомила нест. Ҳеч гуна ҳамкорӣ нест. Мутлақо ҳеч муомила ва ҳамкорӣ набудааст. Бино бар ин, мо бисёр хушҳол ҳастем ва шаби гузашта яке аз бузургтарин шабҳо буд."

Майкл Флинн
Майкл Флинн

Хабарнигор аз Трамп пурсид, ки оё то охир дар канори генерал Флинн хоҳад истод? Ӯ гуфт, "хоҳем дид, ки чӣ итттифоқе меафтад." Майкл Флинн танҳо 24 рӯз ба ҳайси мушовири амнияти миллии маъмурияти Доналд Трамп кор кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 2-юми декабр, инчунин, дар як паёми твиттерӣ гуфт, бояд генерал Флиннро барканор мекард, чун ба қавли ӯ, "ба муовини раиси ҷумҳур ва ФБР дурӯғ гуфта буд". Трамп дар идома навишт, "Флинн ба он дурӯғҳо эътироф кард. Ин шармовар аст, чун иқдомҳои ӯ дар ҷараёни давраи интиқолӣ қонунӣ буданд ва чизе барои пинҳон кардан набуд."

Майкл Флинн ба иттиҳоми дурӯғгӯӣ ба FBI бо панҷ соли ҳабс рӯ ба рӯст. Аммо маҳкум шудани ӯ эҳтимол ба андозаи ҳамкориаш бо муҳаққиқон вобаста хоҳад буд.

Роберт Мюллер
Роберт Мюллер

Таҳқиқи робитаи эҳтимолии намояндагони Трамп бо агентҳои Русияро мушовири вижаи Департаменти адлия Роберт Мюллер пеш мебарад. Баъд аз Пол Манафорт, раҳбари ситоди интихоботии Трамп, шарики тиҷоратии Манафорт - Рик Гейтс ва мушовири сиёсати хориҷии Трамп Ҷорҷ Пападопулос, Флинн нафари чаҳорум аст, ки дар чаҳорчӯби таҳқиқи ин парванда айбдор шудааст.

Моҳи январ ҷомеаи истихбороти ИМА хулосаи худро дар бораи дахолати Русия ба умури интихоботи президентӣ ироа кард, ки бар пояи он ҷиҳати таъсиргузорӣ ба интихоботи президентии соли 2016 ба фоидаи Трамп, ҳукумати Русия маъракаи муташаккилро ба роҳ монд.

XS
SM
MD
LG