Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, омодааст миёни Қатар ва чаҳор кишвари арабӣ миёнҷигарӣ кунад


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 7-уми сентябр аз омодагии худ барои миёнҷигарӣ байни Қатар ва чаҳор кишвари арабӣ хабар дод. Ба гузориши хабаргузории "Асссошиэйтед Пресс", Доналд Трамп, ки дар як нишасти хабарӣ бо Шайх Сабоҳ Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, амир Кувейт дар Кохи Сафед сӯҳбат мекард, изҳор дошт, "ман ҳам омода ҳастам миёнҷигарӣ кунам."

Доналд Трамп афзудааст, "пештар ба амири Кувейт ҳам гуфтугӯ кардам. Агар битавонам мушаххасан байни Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ миёнҷигарӣ кунам, тамоюл дорам, ин корро бикунам. Фикр мекунам хеле зуд тавофуқе дар ин хусус ҳосил шавад. Ба назарам ин масъалае аст, ки ба осонӣ ҳал мешавад."

Раиси ҷумҳури Амрико аз кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба унвони муттаҳидони Амрико дар набард бо терроризм ёд кардааст.

Се кишвар -- Миср, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо раҳбарии Арабистони Саудӣ дар моҳи майи имсол ҳамсояи араби худ, яъне Қатарро бо таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ ва ҳамчунин робитаи дӯстона бо Ҷумҳурии исломӣ муттаҳам карданд ва барои барқарории муносибатҳо, 13 шарт пешниҳод намуданд. Аз ҷумлаи ин шартҳо коҳиши сатҳи робита бо Эрон, бастани шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира ва барчидани пойгоҳи низомии Туркия, буданд. Аммо Қатар ин шартҳоро радд кард ва онро нақзи ҳокимияти миллии худ донист.

Раиси ҷумҳури Амрико аз кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба унвони муттаҳидони Амрико дар набард бо терроризм ёд кардааст. Бо ин ҳол вай гуфтааст, иттиҳоди аъзои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс барои мубориза бо кишварҳои "зиёдахоҳ" ва набард бо гурӯҳҳои террористӣ муҳим аст.

Доналд Трамп ҳамчунин дар ин конфронсӣ хабарӣ аз нақши Кувейт дар миёнҷигарӣ дар бӯҳрони Қатар ситоиш кард. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, "воқеан Кувайт раҳбарии талошҳо барои ҳалли ин бӯҳрон ба ӯҳда доштааст ва мо ва мо воқеан аз иқдомоти ин кишвар ташаккур мекунем. Аммо бовар дорам, ки метавонем ин масъаларо ҳал кунем. Агар ҳал нашуд, ман дар ҳамин Кохи Сафед кори миёнҷигариро анҷом медиҳам."

Амири Кувайт қаблан ба "оқибатҳои номатлуб"-и бӯҳрони Қатар барои Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс ҳушдор дода буд. Вай гуфта буд, "барои мо, ки 37 сол пеш Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форсро бунёд гузоштем, бисёр сахт аст, ки бибинад ихтилофот мумкин аст, ки чи оқибатҳои номатлубе дар пай дошта бошад. Амири Кувайт барои ҳалли буҳрони Қатар ҳафтаи қабл ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи арабӣ сафар карда буд, аммо талошҳои вай натиҷае дар пай надоштааст.

XS
SM
MD
LG