Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Трамп мулоқот бо вакили русро таъйид кард


Доналд Трампи хурдӣ
Доналд Трампи хурдӣ

Бино бар гузоришҳо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, писари Доналд Трамп ва чанд фарди дигар дар ҷараёни маъракаи интихоботи президентии он кишвар, бо як вакили дифои рус, ки гуфта буд, маълумоти зиёноваре дар мавриди ситоди Ҳиллари Клинтон дорад, мулоқот кардааст.

Рӯзномаҳои New York Times ва Washington Post рӯзи 9-уми июл гузориш доданд, ки Ҷорд Кушнер, домод ва Павел Манафорд, мудири он замони ситоди интихоботии Трамп низ дар ин мулоқот, ки нуҳуми июни соли 2016 (як сол қабл) сурат гирифта буд, ҳузур доштанд. Оқои Кушнер дар ҳоли ҳозир аз мушовирони баландпояи раиси ҷумҳури Амрико аст. Павел Манафорд чанде баъд ба фаъолияташ дар ситоди интихоботии оқои Трампро хотима поён дода буд.

Ба гузориши Ню-Йорк Таймз, писари Доналд Трамп дар баёнияе дар робита ба гузоришҳои ахир, дидори худ бо Наталия Веселнитская - вакили дифои русро бидуни онки номе аз ӯ бибарад, таъйид кардааст. Ин рӯзнома ба нақл аз баёнияи писари Доналд Трамп мегӯяд, дар ин дидор "он зан эълом кард маълумоте дорад, ки нишон медиҳад афроди вобаста бо Русия кӯмаки молӣ дар ихтиёри Кумитаи миллии ҳизби демократӣ (рақиби интихоботии Трамп) қарор додаанд ва аз хонум Ҳиллари Клинтон ҳимоят кардаанд."

Ҷорд Кушнер -- домоди Доналд Трамп.
Ҷорд Кушнер -- домоди Доналд Трамп.

Дар идома омадааст, ки "ҳарфҳояш пӯшида ва бемаънӣ буд. Ҷузъиёте ё санаде дар мавриди ин маълумот ироа ё ҳатто пешниҳод нашуд. Хеле зуд мушаххас шуд, ки маълумоти хосе дар ихтиёр надорад."

Писари раиси ҷумҳури Амрико навиштааст, ки хонум Веселнитская пас аз он дар мавриди кӯдакони рус, ки ба фарзандхондагӣ гирифта шудаанд ва қонуни Магнитский аз соли 2012 дар бораи таҳрими русҳои гумонбар ба нақли ҳуқуқи башар, сӯҳбат кардааст.

Ба ақидаи писари Доналд Трамп "мушаххас буд, ки ин масъалаҳо аз масъалаҳои асосӣ ҳастанд", ки вакили дифои рус моил аст дар мавриди онҳо сӯҳбат кунад ва "иддао дар мавриди санадҳое, ки мумкин аст маълумоти муфидеро дар бар гирад, баҳонае барои дидор буд."

Марк Коралло, сухангӯи тими ҳуқуқии раиси ҷумҳури Амрико, низ баёнияе содир карда ва мегӯяд, Доналд Трамп "ҳеҷ маълумоте аз дидор миёни Наталя Веселнитская ва писараш надошта ва "дар он ширкат накардааст."

Соли гузашта мақомоти истихбороти Амрико пас аз натиҷагириҳо эълон карданд, ки Русия дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дахолат кардааст. Ҳадди ақал ду кумита дар Конгрес ва низ Пулиси федеролии Амрико ё FBI дар ҳоли таҳқиқ дар мавриди иттиҳомоти воридшуда дар ин бора ҳастанд.

Бахше аз ин таҳқиқот дар мавриди тамосҳо миёни аъзои баландояи ситоди Трамп ва мақомҳои рус мебошад. Доналд Трамп иттиҳомот дар ин мавридро рад карда ва матлабҳои нашршуда дар расонаҳоро "ахбори сохта ва ҷаълӣ" номидааст. Мақомҳои баландпояи рус низ борҳо эълом кардаанд, ки дар раванди интихоботи Амрико, ҳеҷ дахолате накардаанд.

XS
SM
MD
LG