Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия бо атташеи FBI дар робита бо додгоҳи пулшӯиҳои Эрон саволу ҷавоб кард


Хабаргузориҳои туркӣ хабар доданд, ки полиси Туркия ахиран як афсари FBI - Бюрои федеролии тафтишотро дар робита бо як мурофиаи додгоҳӣ дар Амрико, ки нақзи муқаррароти таҳримҳо аз ҷониби Эронро баррасӣ мекунад, барои саволу ҷавоб даъват кард.

Матбуоти туркӣ рӯзи 13 декабр гуфт, ки як намояндаи Бюрои федеролии тафтишот дар сафорати ИМА дар Истамбул баъди он барои саволу ҷавоб даъват шуд, ки рӯзи 11 декабр Ҳусейн Кӯркмаз эътироф кард, ки

Онҳо нахоҳанд тавонист кудатои дар Туркия шурӯъшударо дар ИМА ба анҷом расонанд. Бекир Буздоғ, муовини нахуствазири Туркия

дар як пажӯҳиши соли 2013 президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар порагириву пулшӯӣ гумонбар шудааст. Ин қазия марбут ба нақшаи кӯмаки Эрон барои фирор аз таҳримҳои байналмилалӣ мебошад.

Сухангӯи Департаменти давлатӣ Ҳезер Нойерт рӯзи 13 декабр таъйид кард, ки атташеи FBI дар сафорати ИМА “ба вазорати Туркия даъват шуд”. Нойерт тафсилоти аз ин бештар надод.

Кӯркмаз ба додрасҳои додгоҳи Манҳеттен гуфт, ки дар солҳои 2012-2013 дар Туркия як парвандаи азими марбут ба фасодро таҳқиқ мекард. Ин парванда марбут ба нақшаи шустушӯи 1 миллиард доллар пулҳои Эрон ва даромадҳои ин кишвар аз фурӯши газу нафт буд, ки тавассути бонкҳои ИМА ва бо нияти фирор аз нақзи таҳримҳои Эрон роҳандозӣ шуд. Эрон он замон ба хотири барномаву силоҳҳои ҳастаиаш мавриди таҳрими байналмилалӣ қарор дошт.

Вай гуфт, ки ҳукумати Эрдуғон дафъатан пеш роҳи ин таҳқиқотро

гирифт ва ӯву дигар пажӯҳишгарон аз кор барканор ва ба зиндон андохта шуданд. Баъди озод шудани Кӯркмаз аз зиндон соли гузашта ӯ бо оилааш ба Амрико рафт ва парвандаи дар ихтиёрдоштаашро баъдан ба додситонҳои амрикоӣ таслим кард.

Кӯркмаз дар як мурофиаи рӯзи 13 декабр гуфт, ки аз FBI 50 ҳазор доллар маблағ гирифту дар пардохти харҷи иқоматаш кӯмак дарёфт кард. Вай гуфт, ин кӯмак ба хотири бекор буданаш дар он замон ба ӯ ироа шуд. FBI ин қазияро шарҳ намедиҳад.

Кӯркмаз дар баёнияи додгоҳиаш ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки таҳқиқоти ӯ дар Туркия дар оғоз дар нисбати Ризо Зарроб, як тоҷири турку эронинажод нигаронида шуда буд, ки ба қавли муфаттишон, нақшаи фирор аз таҳримҳоро амалӣ мекард. Вале баъдан ин таҳқиқоти вай афроди баландпоя дар ҳукумати Туркия, аз ҷумла худи Эрдуғонро ҳам ҳадаф қарор дод.

Зарроб аз ин пеш дар робита бо нақшаи пулшӯии дороиҳои Эрон боздошт шуд, вале моҳи ноябр бо тафтишот созиш карду розӣ шуд, ки ба ҳайси шоҳид баёнот диҳад. Мисли Кӯркмаз – ҳафтаи гузашта Зарроб ҳам баёнот дод, ки Эрдуғон ба Эрон ба хотири фирор аз таҳримҳо мусоидат кардааст.

Дар тафтишоти додситонҳои амрикоӣ исми нӯҳ нафар зикр мешавад, ки дар қазияи кӯмаки Туркия ба пулшӯии Эрон ширкат кардаанд, вале дар чаҳорчӯби ин парванда танҳо ду гумонбар – Ризо Зарроб ва Меҳмет Ҳоқон Атилла, раҳбари иҷроияи “Халқбонк”, ки моликаш давлат мебошад, боздошт шудаанд. Гумонбарони дигар, аз ҷумла вазири собиқи иқтисоди Туркия, дар озодӣ ба сар мебаранд.

Ризо Зарроб (аз рост) ва Меҳмет Ҳаққон Атилла (аз чап)
Ризо Зарроб (аз рост) ва Меҳмет Ҳаққон Атилла (аз чап)

Ҳуқуқшиносони Атилла рӯзи 13 декабр аз додгоҳи Ню-Йорк хостанд, ки мурофиаи додгоҳӣ эътироф нашавад, чунки, ба қавли онҳо, бархе баёноти Кӯркмаз набояд дар додгоҳ фош мешуд. Худи Атилла аз рӯи иттиҳоми ширкат дар пулшӯии дороиҳои Эрон худро бегуноҳ эълон кардааст.

Президент Эрдуғон ҳанӯз ба иттиҳомоти аз ҷониби додгоҳ садодода ба таври мустақим посух надодааст, вале худи мурофиаро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад карда гуфтааст, ки ин мурофиа аз ҷониби як душмани сиёсии ӯ тавтеа шудааст. Манзураш рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гӯлен аст, ки аз ҷониби ҳукумати Анкара дар талоши суқут додани ҳукумати Эрдуғон муттаҳам мешавад.

Эрдуғон - Гӯлен ва шабакаи пайравонашро дар ташкили кӯшиши сарнагун кардани қудрат айбдор кард. Худи Гӯлен ин иттиҳомотро комилан рад мекунад.

Рӯзи 13 декабр муовини нахуствазири Туркия Бекир Буздоғ додгоҳи Ню-Йоркро ҳамчун як мурофиаи “дурӯғггӯву ифлос” маҳкум кард ва гуфт, ки “онҳо нахоҳанд тавонист кудатои дар Туркия шурӯъшударо дар ИМА ба анҷом расонанд”.

Бекир Буздоғ
Бекир Буздоғ

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG