Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Туркия -- аз масоили иқтисодӣ то таҳдидҳои амниятӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазири Туркия.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазири Туркия.

Юлдирим Туғрул Туркеш – муовини нахуствазири Туркия – рӯзи 17 феврал дар шаҳри Душанбе гуфт, ки кишвараш мехоҳад бо Тоҷикистон як бонки муштарак таъсис диҳад. Вай дар ҷамъи хабарнигорон ҳадафи сафарашро ба Тоҷикистон “баррасии масоили амниятиву иқтисодӣ” номид.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ дар мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо Туркеш, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои миёни ду кишвар баррасӣ шуда, “дидори имрӯза идомаи мантиқии ҳавасмандии ҳар ду кишвар ба рушди бештари робитаҳо мебошад”.

Тарафҳо изҳор доштаанд, ки имсол аз оғози робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия 25 сол сипарӣ шуда, миёни ду кишвар беш аз 60 созишнома ва тавофуқнома дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра имзо шудааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар новобаста аз таъсири бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ устувор будааст.

Муовини нахуствазири Туркия гуфт, ки кишвараш мехоҳад бо Тоҷикистон як бонки муштарак таъсис диҳад. Вай ҳадафи сафарашро ба Тоҷикистон “баррасии масоили амниятиву иқтисодӣ” номид.

Як рӯзи пеш дар ҳамоиши тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода гуфт, ки ду соли гузашта ҳаҷми табодули маҳсулот миёни ду кишвар ба 650 миллион доллар баробар будааст. Ҳарчанд ин рақам дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ коҳиш ёфтааст, вале ҳоло ду кишвар қасд доранд, ин оморро ба 1 миллиард доллар бирасонанд.

Дар ҳамоиши тоҷирони ду кишвар намояндаҳои 50 ширкати туркӣ ва ҳудуди 400 тоҷири тоҷик иштирко кардаанд. Туғрул Туркеш ба навбати худ гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон 88 ширкати туркӣ ва муштарак фаъолият мекунанд. Ба ин далел гумон меравад, ки таъсиси бонки муштарак низ дастгирии ин ширкатҳоро ҳадаф дорад.

Аммо дар дидори имрӯза ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ, “бавижа дар ҳифзи фазои идеологии кишварҳо аз паҳншавии ақидаҳои ифротиву тахрибгарона” табодули афкор карда, доир ба аҳамияти ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ ибрози назар кардаанд.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов
Абдуғанӣ Маҳмадазимов

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик, рӯзи 17 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо эҳтимоли зиёд дар дидори президент Раҳмон бо муовини нахуствазири Туркия, мавзӯи ширкати зодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷангҳои Сурия низ матраҳ шудааст.

Ӯ гуфт, “чанд рӯз пеш дар Истанбул як зодаи Узбакистон амали террористӣ анҷом дода буд. Ҳоло гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ дар Сурия бо шикаст рӯ ба рӯ ҳастанд. Мутмаинам, ки дар дидори президенти Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Туркия масоили безарар гардондани аъзои гурӯҳҳои террористӣ аз Тоҷикистон матраҳ шудааст. Зеро, мақомоти Тоҷикистон намехоҳад, ки онҳо ба ватан баргарданд. Дар ин сурат дар қаламрави Туркия боздошт ва чораҷӯӣ кардан дар нисбати онҳо соддатар мешавад.”

Хурсанд Хуррамов, сиёсатшиноси тоҷики муқими Русия, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 17 феврал эҳтимоли сӯҳбатҳои Раҳмон бо Туғрул Туркеш дар робита ба боздошти шаҳрвандони тоҷики иштирокдорони ҷангҳои Сурияро баъид надонист.

Хурсанд Хуррамов.
Хурсанд Хуррамов.

Аммо вай афзуд, “гузашта аз террористҳо, дар Туркия теъдоди зиёди ҷонибдорони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистон мехоҳад, бо кӯмаки мақомоти Туркия онҳоро боздошт ва ба Душанбе истирдод кунад. Ин мавзӯъ низ метавонад дар меҳвари сӯҳбатҳои имрӯза қарор дошта бошад. Аммо, бо дарназардошти ин нукта, ки феълан ҳокимият дар Туркия дар дасти исломгароҳо аст, раҳбарияти ин кишвар дар ин замина бо Тоҷикистон ҳамкорӣ нахоҳад кард.”

Охири соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу дар Душанбе хоста буд, дар боздошту истирдоди он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои амалҳои террористиву экстремистӣ мавриди кофтукоб қарор дошта ва дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд, мусоидат кунад.

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Туркия.
Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Туркия.

Вай, инчунин, ба зарурати роҳандозии чораҳои ҳамоҳангшуда барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ, ки аз қаламрави Туркия барои рафтан ба ҷангҳои Ховари Миёна истифода мекунанд, таъкид кардааст.

Солҳои охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи марзҳои Туркия ба Сурия гузаштаанд ё дар марзҳои ин кишвар бо Сурия боздошт шудаанд. Дар гузашта Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” низ дар ин кишвар паноҳ бурда ва соли 2015 дар як сӯиқасд кушта шуд.

XS
SM
MD
LG