Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаҳои Шаҳнозу Мадина: бо СПИД ҳам зиндагӣ давом дорад...


Шаҳнозаи 19-сола ин рӯзҳо серташвиш аст. Ӯ ба маросими издивоҷаш омодагӣ мебинад. Мисли ҳар арӯси дигар Шаҳноз бо орзуҳои зиёд ба зиндагии нав шурӯъ мекунад ва дар такопӯи дарёфти зеботарин куртаи арӯсӣ аст. Аммо тӯйи ин ҷавондухтар аз маросимҳои дигари маъмулӣ фарқ дорад. Ӯ дар ҳоле пираҳани арӯсиро ба бар мекунад, ки олуда ба вируси норасоии масунияти бадан аст.

Вақте аз ВИЧ дар баданаш огоҳ шуд, ки обистан буд...

Риштаи умрашро Шаҳноз бо ҷавоне мепайвандад, ки ҳамтақдири ӯст, ҳарчанд мегӯяд, аз миёни ҷавонони солим ҳам хостгорҳо дошт. Вале ин арӯс бовар дорад, ки дарди ӯро фақат ҳамдардаш мефаҳмад. “Ӯ инсоне, аст, ки маро дарк мекунад ва ман ҳам ӯро. Мехоҳам фарзанди солим ва оилаи хуб дошта бошам. Табибон ҳам мегӯянд, шонси таваллуди кӯдаки солим зиёд аст».

Ҷавоне, ки акнун бо Шаҳноза издивоҷ мекунад, бахти дуввуми ӯ аст. Аз бахти аввал ин арӯс хотираҳои хеле бад дорад. Дар 16-солагӣ бо хоҳиши модар Шаҳноза ба ҷавоне дар Русия издивоҷ кард. Баъди якуним соли зиндагӣ, вақте ҳомиладор шуд, аз табибон фаҳмид, ки ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор аст, вале вақте фаҳмид, ки шавҳараш 3 сол боз бемор аст ва дидаву дониста ӯро олуда кардааст, зиндагӣ барояш маънии худро гум кард. Бо фикри худкушӣ 3 бор хост худро азошёна 13 ба поин андозад.

Вақте ҷомеа ҳазар мекунад...

Шавҳар маҳз аз тарси ин, ки баъди огоҳ шудан аз бемориаш, Шаҳноза ӯро тарк мекунад, ин дардашро пинҳон нигаҳ доштааст. Аммо ҳамин тавр ҳам шуд, Шаҳноза бо вирус ва тифли дар батн ба ватан баргашт. Фарзандаш ҳам, ки носолим ба дунё омада буд, баъди 6 моҳ аз дунё гузашт. Дар 18-солагӣ бо кӯмаки равоншиносон ва созмонҳои кор бо афроди сироятёфта, Шаҳноза дарк кард, ки зиндагиаш бо ин ба охир намерасад. Аммо ҳанӯз шурӯи талошҳо барои идомаи зиндагӣ ба табъиз ру ба рӯ шуд.

“Хостам ҷое дохил шуда хонам ва худро таъмин кунам. Ба вазири тандурустӣ бо кӯмаки созмонҳо нома навиштем. Вазир ҳам имзо гузошт, вале вақте ба қабули раҳбари як омӯзишгоҳ рафтем, якбора гуфт, наметавонад нафари гирифтор ба ин бемориро қабул кунад. Ҳатто аз дари кабинет маро нагузошт дохил шавад». Шаҳноза мегӯяд, баъди ин ба дигар омӯзишгоҳ дохил шуд ва бемориашро аз дигарон пинҳон кард.

Ба мушоҳидаи Шаҳноза, муносибати ҷомеа ба шахси гирифтори вируси СПИД ҳамвор нест – дар ҳоле, ки калонсолон ҳазар мекунанд, ҷавонҳо, ки эҳтимолан аз ин беморӣ иттило доранд, ботаҳаммултаранд.

Дар Тоҷикистон беш аз 6,5 ҳазор нафар ҳамтақдирони Шаҳноза ба сар мебаранд. Ҳар нафари сеюми онҳо занон мебошанд ва қисми зиёди онҳо – ҷабрдидаанд - нохудогоҳанд аз шавҳарони муҳоҷир ё нашъаманди худ олуда шудаанд.

Шаҳноза: Бо як гирифтори дигари СПИД издивоҷ мекунам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:41 0:00

"Аммо таҳаммулу дарки ҷавонҳо нисбат ба калонсолон бештар шудааст"

Дилшод Сайбурҳонов, муовини раҳбари Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо вируси заъфи масъунияти бадан дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт “ВИЧ дар Тоҷикистон мисли дигар кившарҳои ОМ сол аз сол зиёд мешавад. Ин беморӣ дар миёни гурӯҳои махсуси аҳолӣ паҳн шудааст. Дар оғоз асосан дар байни нашъамандони тазриқӣ буд. Вале тайи солҳои ахир тавассути чорабиниҳои мухталиф роҳҳои тазриқӣ кам шуд. Яке аз омилҳои асосии паҳншавии ин сироят муҳоҷирати аҳолӣ ба дигар кишварҳо аст. Шумори сироятёфтагон аз миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тариқи алоқаи ҷинсӣ олуда шудаанд, рӯ ба афзоиш аст.”

Барои ҷилавгирӣ аз ин ҳолат, ҳоло барномаи миллӣ барои солҳои 2017-2020 дар баррасии ҳукумат қарор дорад, ки самти аслиаш ҷилавгирии вируси норасоии масунияти бадан миёни муҳоҷирон меҳнатӣ аст.

Мадина - аз як қурбонии СПИД ба мушовири беморон

Мадина, як ҷавонзани дигари ҳамсӯҳбати мо ҳамроҳ бо ду тифлаш қурбони пинҳонкориҳои шавҳар шудааст. Шавҳари Мадина нашъаманд буд ва ӯ замоне аз бемории худ огоҳ шуд, ки аллакай ду тифл ба дунё оварда буд.

“Рӯзҳои аввале, ки фаҳмидам зиндагӣ бароям беранг шуд, аммо волидонам маро дастгирӣ карданд. Худро дур нагирифтанд ва барои ду тифлам даст ба кор шудам. Кӯдаконам ки 8 ва 9 сол доранд, ҳоло ба дарки ин беморъ намераванд, фақат медонанд, ки як вирусе дар ҷисмашон ҳаст ва ба фарқ аз дигар дӯстонашон онҳо бояд ҳар рӯз доруе истеъмол кунанд. Ман онҳоро оҳиста- оҳиста омода мекунам ва як рӯз ҳамаашро мефаҳмонам”.

Мадина ба фарқ аз бисёр дигар гирифторони вирус, дар бораи дардаш ошкоро сӯҳбат мекунад ва мехоҳад барои нафарони зиёди гирифтори беморӣ кӯмак кунад. Вай ҳоло мушовири Маркази ҷилавгирӣ ва мубориза бо вируси заъфи бадан аст ва талош мекунад, дарку фаҳм ва таҳаммули ҷомеаро нисбати афроди гирифтори СПИД тағйир диҳад.

Мадина: Орзу дорам, зудтар доруи зидди-СПИД барои духтарони ман пайдо шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:52 0:00

XS
SM
MD
LG