Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду тоҷики узви "ДИИШ" дар фурудгоҳи Харков


Фурудгоҳи шаҳри Харков
Фурудгоҳи шаҳри Харков

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони узвият дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар фурудгоҳи шаҳри Харкови Украина боздошт шудаанд.

Расонаҳои Украина рӯзи шанбеи 25-уми июн хабар доданд, ки мақомоти интизомии он кишвар ду шаҳрванди Осиёи Миёнаро, ки аз Истанбули Туркия вориди қаламрави он кишвар шуданд, дар фурудгоҳи Харков боздошт кардаанд. Ном ва ҳувияти ин афрод то ба ҳол эълон нашудааст, аммо аксари хабаргузориҳои русӣ ва украинӣ, онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Украина, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон пас аз боздошт дар фурудгоҳи шаҳри Харков, барои бозпурсӣ ба боздоштгоҳ интиқол дода шудаанд. "Украинская Правда" аз қавли як манбаи худ дар мақомоти интизомии он кишвар навиштааст, ки "ин ду нафар барои фаъолият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштаанд. Онҳо омӯзишҳои низомиро дар тамрингоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз худ намуда ва дар муноқишаҳои низомӣ дар қаламрави Сурия ширкат доштаанд."

Ба навиштаи расонаҳо, кормандони интизомии Украина аз ин афрод наворҳои таҳияи бомба ва маводи тарканда ва ҳамин тариқ роҳҳои истифода аз телефонҳои дастӣ барои таркишҳои канорироҳиро кашф кардаанд.

Пойгоҳи хабарии "Vlasti.net" бо такя ба манобеи худ дар Хадамоти амнияти Украина навиштааст, ки "боздоштшудагон эътироф кардаанд, ки қасди роҳандозии инқилоби исломӣ дар Тоҷикистонро доштанд."

Ин расонаҳо ҳамзамон навиштаанд, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди онҳо ба кишваре, ки онҳоро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст, матраҳ мебошад.

Аммо мақомоти тоҷик то ба ҳол дар робита ин қазия изҳори назар накардаанд.

Хабари боздошти ин ду шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина ба гумони узвият дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик аз Пулиси байналмилал ё «Интерпол» хостаанд, даҳҳо шаҳрванди кишварро, ки гуфта мешавад, ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» пайвастаанд, боздошт кунад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷумла аз кишварҳои узви Интерпол хостааст, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилиро боздошт кунанд, ки моҳи апрели соли гузашта ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайваста буд.

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ мемонад. Ба иттилои расмӣ, беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва танҳо аз Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо расидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши шаҳрвандонаш ба гурӯҳҳои ифротгаро як силсила тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла дар Кодекси ҷиноии ин кишвар банди вижаи “зархаридӣ” шомил карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.

Ҳамзамон барои он ҷанҷӯёни тоҷике, ки довталабона аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, афви гуноҳ пешниҳод шудаст. Соли гузашта беш аз 50 нафар аз ин пешниҳод истифода карда, аз Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргаштанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки қаламравҳои васеи Ироқу Сурияро ишғол кардааст, бо қатлу куштор ва бераҳмии хос ва бахусус сар буридани шаҳрвандони ғарбӣ ва ғайримусулмон ном баровард. Дар Тоҷикистон он ба ҳайси созмони террористӣ шинохта шудааст.

XS
SM
MD
LG