Пайвандҳои дастрасӣ

Брюс Паннир, Радиои Озодӣ

Раиси ҳозираи Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон – тадриҷан аз нуфузу мақоме, ки дар гузашта дошт, маҳрум мешавад. Дар давоми 25 соли истиқлоли Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати ин кишвар ба ҳисоб мерафт. Пеш аз барканории Убайдуллоев аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе як ҷараёни тадриҷии омодагӣ ба ин тасмим пушти сар шуд.

Омодагӣ ба барканории Убайдуллоев

Лаҳзаи барҷаставу ошкорои аз мақоми шаҳрдор маҳрум шудани Убайдуллоев рӯзи 12 январи имсол фаро расид, вақте Рустами Эмомалӣ, писари 29-солаи президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои ӯ ба курсии мири пойтахти Тоҷикистон таъйин шуд.

Брюс Паннир, ношири ин матлаб мегӯяд, баъди беш аз 20 соли раҳбариаш президент дар талоши нав кардани симои ҳукумат шудааст: “Раҳмон баъди 20 сол як системаи худро бунёд кард. Одамҳои худро ба вазифаҳо таъйин намуд ва дар бархе вазифаҳо наздикони ӯ ҳастанд. Ҳоло ӯ боз ҳам нирӯмандтар шудааст, чунки атрофиёнаш на танҳо тарафдорон, балки хешовандонаш ҳам мебошанд.”

Убайдуллоев наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор кардааст. Вале то расидан ба рӯзи барканории ӯ чанд ҳодисаи дигаре буд, ки зоҳиран заминаҳои онро фароҳам овард.

"Дасти рости" шаҳрдори собиқ

Ду сол пеш сардори раёсати сохтмони шаҳрдорӣ Саидшариф Анваров ҳамроҳ бо чанд мақомдори дигар боздошт шуд. Дар ҳоле ки ин яке аз дастовардҳои Убайдуллоев дар навсозии симои шаҳри Душанбе гуфта мешуд, баъди боздошти зердастони собиқаш дар заминаи сарфу харҷи ҳадафмандонаи маблағҳои буҷа шубҳа пайдо гардид.

Анваров аз солҳои 2000-ум яке аз наздиктарин муттафиқони Убайдуллоев буд ва бархе ӯро “дасти рости” раиси шаҳр ҳам меномиданд. Боздошту иттиҳоми ӯ баъди беш аз 10 соли раҳбариаш дар бахши сохтмони шаҳрдорӣ сурат гирифт.

Баъди се моҳи барканории Убайдуллоев

Се моҳ баъди барканории Убайдуллоев, дар моҳи апрел додгоҳ Анваровро ҳангоми бунёди Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар фасодкорӣ айбдор ва ба мӯҳлати 18 сол зиндонӣ кард. Додгоҳ Анваровро муваззаф кард, ки дар ҳаҷми 9 миллион сомонӣ (муодили беш аз 1 миллион доллар) ҷубронпулӣ ҳам пардохт кунад. Вале Анваров ягона муттафиқи Убайдуллоев набуд, ки кораш ба додгоҳ рафт.

Нафари масъули дигар – Фазлиддин Маҳмудов аст. Ин раҳбари ширкати сохтмонии “Тоҷикколхозсохтмон” ва муовинаш Фирӯз Раҳмонов, ҳамчунин, бо иттиҳоми изофанависӣ ва ҳам пешниҳоди пора мутаносибан ба 18 ва 5 соли зиндон маҳкум шуданд. Мақомот гуфтанд, ки Раҳмонов ҳангоми аз номи Анваров пешниҳод кардани пора дар ҳаҷми 450 ҳазор доллар аз ҷониби ходимони Оҷонсии зидди коррупсия боздошт шуд.

Ин дар ҳолест, ки даромади солонаи як сокини Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 3 ҳазор доллар беш нест. Маҳмудов ҳам мисли Анваров бояд 9 миллион сомонӣ маблағро ба фоидаи давлат пардохт кунад. Дар миёни дигар муттафиқони Убайдуллоев, ки ҳамчунин ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, раҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ - Тоҳирҷон Тағоев – раҳбари "Жилстрой", Олим Саидов – раҳбари ПМК-278, Тоҳирҷон Мирзоҷонов – раҳбари ширкати "Хонасоз-4" ва Қосим Фатҳуллозода – раҳбари "Саманд 2010" мебошанд. Ин афрод ҳамчунин барои пораву истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ба ҳангоми сохтмони "Истиқлол" гунаҳкор дониста шудаанд. Ин қазия ҳам ба Убайдуллоев рабт мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Душанбе рӯзи 15 феврал гуфт, ки дар ҷараёни сохтмони тарҳи “Душанбе плаза” ва маҷмааи табобатии “Истиқлол” 100 миллион доллар ғайримақсаднок масраф шудааст. Ин ду тарҳ таҳти масъулияти бевоситаи Убайдуллоев бунёд шудаанд.

Дар пай Раҳмон раҳбарияти оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро муваззаф кард, ки то рӯзи 1 июл таҳқиқи масрафи ин пулҳоро анҷом диҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG