Пайвандҳои дастрасӣ

Умед Давлатзода мақоми муовини вазири иқтисодро тарк кард


Умед Давлатзода.

Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Дар хабари расмие, ки рӯзи 13 ноябр дар вебсайти президенти Тоҷикистон нашр шуд, сабаби барканорӣ гузаштан ба ҷои дигар гуфта мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо хитоб мансабдорони тозатаъйин гуфт, зимни иҷрои масъулияти давлатӣ ва вазифаҳои хидматӣ “поквиҷдон, содиқ ба давлату миллат ва ҳушёру зирак бошанд".

Ба ҷои ӯ дар ин мақом Тоҷиддин Ҷӯразода таъйин шуд, ки то имрӯз муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди президенти Тоҷикистон буд.

Давлатзода давоми 8 соли ахир дар мақоми муовини вазири иқтисод кор мекард ва аз камтарин мансабдорони баландмақоми тоҷик буд, ки бо расонаҳо роҷеъ ба масоили иқтисодии кишвар суҳбат мекард.

Ҳанӯз маълум нест, ки мақоми нави Умед Давлатзода чӣ мешавад. Ин хабар то ҳол расман эълон нашудааст. Умед Давлатзода то соли 2009 ба ҳайси муовини аввали раиси “Ориёнбонк” кор мекард, ки аз ҷониби Ҳасан Асадуллозода таъсис шудааст. Номзади илмҳои иқтисод мебошад.

Тағйироти дигари кадрӣ

Бар асоси фармонҳои раисҷумҳур ва қарорҳои ҳукумат рӯзи 13 ноябр дар сохторҳои давлатӣ чандин тағйиротҳо сурат гирифт. Аз ҷумла, Ҳикматулло Пиракзода, ба мақоми муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Нурулло Абдуллозода ба ҳайси муовини раиси ин ниҳод таъин гардиданд.

Ҳамчунин сардорони Раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳои мухтори Бадахшон, Хатлон ва як қатор отрядҳои сарҳадӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавон иваз шуданд. Солеҳ Ҳусайнзода аз вазифаи муовини Вазири мудофиа ва Айдибек Бекмурод аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” озод гардиданд.

Саидҷаъфар Сафаров ҳам бо як амри раисҷумҳур аз муовини якуми Директори “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” озод шуд.

Даъвати Раисҷумҳур: Хоксор бошед

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни муаррифии мансабдорони тозатаъин аз онҳо тақозо кард, ки “хоксору самимӣ” бошанд ва дар ҳамкорӣ бо мардум мушкилоти мавҷударо бартараф созанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо хитоб мансабдорони тозатаъин гуфт, зимни иҷрои масъулияти давлатӣ ва вазифаҳои хидматӣ “поквиҷдон, содиқ ба давлату миллат ва ҳушёру зирак бошанд.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мушкилоти мавҷуда бояд дар ҳамкорӣ бо мардум бартараф шаванд. “Хоксору самимӣ бошед ва дар ҳамкорӣ бо мардум фаъолият карда, мушкилоти мавҷударо бартараф намоед”- таъкид намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Қаблан низ раисҷумҳури Тоҷикистон аз мансабдорон талаб мекард, ки аз худнамоӣ дар миёни ҷомеа худдорӣ кунанд. Аммо бино ба қонунҳои нонавишта дар Тоҷикистон, мансабдорон аз имтиёзҳои фаровон ва “масуният”-ҳое бархӯрдоранд. Бахусус аз “об хушк баромадан”-и наздикони мансабдорони тоҷик аз қазияи пурсарусадо иддаҳоеро дар Тоҷикистон қувват додааст, ки қонун танҳо барои ашхоси оддӣ кор мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG