Пайвандҳои дастрасӣ

"Тарки ҳамоиш кори дуруст нест". ВИДЕО


Ҳайати Тоҷикистон дар моҳи сентябр нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшаваро тарк кард. Онҳо гуфтанд, ки иҷозаи ворид шудани мухолифони тоҷик ба ин нишаст, мухолифи усулҳои САҲА мебошад. Акс аз бойгонӣ.

Ҳайати Тоҷикистон дар моҳи сентябр нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшаваро тарк кард. Онҳо гуфтанд, ки иҷозаи ворид шудани мухолифони тоҷик ба ин нишаст, мухолифи усулҳои САҲА мебошад. Акс аз бойгонӣ.

Даниел Байер, сафири Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳошияи як нишасти созмон дар шаҳри Вена ба Радиои Озодӣ дар бораи озодии сухан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сӯҳбат кард. Бо дипломати амрикоӣ Фаррух Юсуфов, мудири бахши туркмании Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд.

Радиои Озодӣ: Ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Туркманистон таҳдид ва ё ҳамла мекунанд. Яке аз онҳоро чанде пеш дастгир карданд. Худойбердӣ Алашовро ҳамроҳ бо 5 узви хонааводааш дастгир карданд. Мо чӣ гуна метавонем, хабарнигоронро дар кишварҳое ба мисли Туркманистон муҳофизат кунем?

Даниел Байер: Возеҳ аст, ки матбуоти Туркманистон бояд роҳи дарозеро пушти сар кунад ва вазъи мушкиле доштааст. Мо ҳамчунон қазияи ҷаноби Алашов ва хонаводаи ӯро пайгирӣ мекунем. Ман медонам, ки ҳамкори ман дастёри вазири умури хориҷии Амрико ҳафтаи гузашта дар бораи нигарониҳои мо дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Гамбурги Олмон сӯҳбат кард. Ҷон Керрӣ бо чаҳор вазири кишварҳои минтақа сӯҳбат кард, Рашид Миредова вазири умури хориҷии Туркманистон онҷо набуд ва Ҷон Керрӣ натавонист ӯро бубинад. Вале мо

Даниел Байер, сафири Амрико дар САҲА.

Даниел Байер, сафири Амрико дар САҲА.

парвандаи Алашов ва хабарнигор Небесқулиев ва хабарнигорони дигареро, ки шумо ном бурдед, пайгирӣ мекунем. Ин хабарнигорон шоҳиди зӯровариву таҳдид шудаанд ва ё ба зиндон афтодаанд. Ҳамаи ин возеҳ аст ва Туркманистон дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тааҳҳудот дорад ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ тааҳҳудот додааст. Дастгирии озодии сухан ва матбуоти озод на танҳо тааҳҳудоти байналмилалии Туркманистон аст, балки барои бунёди як кишвари қавӣ дар минтақаи мушкиле муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Шавкат Мирзиёв, раиси ҷумҳури Узбакистон қасам ёд кард ва аз замони таъйин шудан ба мақоми раиси ҷумҳури муваққат, қадамҳое бардоштааст, ки бисёриҳо онро умедворкунанда медонанд. Хабарнигорони узбакистонӣ, ки ман дидам, сӯҳбат кардам ҳаминро мегӯянд. Шумо ҳам ба ин ақида ҳастед, ки ҳукумати Узбакистон қадамҳои мусбат мебардорад.

Даниел Байер: Возеҳ аст, ки баъди 25 соли ҳукмронии Ислом Каримов, ҳоло барои Узбакистон фурсате пеш омадааст, ки саҳифаи наве бигардонад ва давраи нави бозтар шаффофтар ва демократитарро шурӯъ кунад. Аввали ин моҳ дар Узбакистон интихобот буд ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар баробари дигар ҷанбаҳо зикр кард, ки ба нозирони созмон иҷозаи назорат доданд. Баъзе аз ҷанбаҳои интихобот дар муқоиса ба гузашта шаффофтар буд. Ин марҳиларо метавон фурсате барои мардум ва раҳбарони Узбакистон донист, ки ҳамроҳ пешрафт кунанд. Фақат чанд ҳафта сипарӣ шудааст ва дар чанд ҳафта қазоват кардан мумкин нест ва инсонҳо ба вақт зарурат доранд, то ба корашон баҳо дода шавад. Вале мо аз тарафи худ возеҳ гуфтаем, омода ҳастем, ки ҳамкориро бо мақомот ва мардуми Узбакистон идома диҳем. Ва мо омодаем барои пешрафти демократия ба онҳо кӯмак кунем.

Радиои Озодӣ: Ду моҳ пештар як нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава баргузор шуд ва дар он намояндагони мухолифони давлати Тоҷикистон ҳузур доштанд. Мақомоти Тоҷикистон ва аз Қирғизистон ҳам Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо танқид карданд ва ба дафтари созмон дар Душанбе ҳамла сурат гирифт. Ба тарафи он санг андохтанд. Назари шумо дар ин бора чист?

Даниел Байер: Нишасте, ки шумо зикр кардед, ду даҳсола боз аст, ки баргузор мешавад. Як хусусияти муҳими нишаст ин аст, ки фаъолони ҷомеаи маданӣ ва аз ҷумла мунтақидони ҳукумат дар паси як мизе бо намояндагони ҳукумат менишинанд ва нигарониҳояшонро матраҳ мекунанд. Баъзан ин нигарониҳоро қотеъона матраҳ мекунанд ва баъзан бо нармӣ. Аҳамияти форум ҳам дар ин аст, ки намояндагони ҷомеаи маданӣ нигарониҳояшонро мустақим бо ҳукумат дар миён гузоранд. Вале

вақте ҳукумат худро канор мекашад ва форумро тарк мекунад, на фақат ба худаш зиён меорад, чун дигар тарафи масъаларо намегӯяд. Ба ҳамаи мо ҳам зиён мерасонанд, чун барои мо ҳам шунидани назари ҳукумат муҳим аст. Дар бисёр ҳолат сӯитафоҳум пеш меояд, шарҳ лозим аст, ё шавоҳиде барои шарҳи масъала пеш овардан зарур аст. Мо кӯшиш мекунем, намуна бошем. Масалан, Амрикоро башиддат танқид мекунанд. Мо аз танқидҳо намегурезем ва бо эҳтиром посух медиҳем, ки оё ба он мувофиқем ва ё мухолиф. Ҳатто агар танқид аз афроде бошад, ки ба фикри мо дар он мавқеъе нестанд, ки моро танқид кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG