Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари нави ҷангиёни узбак дар Сурия як тоҷикистонӣ шудааст


Ба ҷои Шайх Салоҳиддин -- раҳбари катиба ё гурӯҳи ҷангиёни узбак ба номи имом Ал-Бухорӣ, ки дар Сурия кушта шуд, як тоҷикистонӣ бо номи Абу Юсуф интихоб шудааст. Дар ин бора "Озодлик" -- бахши узбакии Радиои Озодӣ бо такя ба гузоришҳои мустақили масъулони гурӯҳҳои ҷангӣ дар Сурия хабар додааст. Зодаи Намангони Узбакистон Акмал Ҷӯрабоев, ки дар миёни ҷангиёни гурӯҳҳои тундрав бо номи Шайх Салоҳиддин маъруф буд, яке аз бунёдгузорони гурӯҳ ё катибаи Имом Ал-Бухорӣ ба ҳисоб мерафт.

Қатли Салоҳиддин

Ба гуфтаи намояндагони гурӯҳҳои ҷангӣ дар Сурия, Шайх Салоҳидини 43-сола рӯзи 27 апрел ҳини адои намози хуфтан дар яке аз масоҷиди шаҳри Идлиби Сурия тавассути яке аз аъзои гурӯҳи мухолиф бо зарби гулӯла кушта шуд. Ҳини ҳодиса ба ҷуз Шайх Салоҳиддин, се ҷангии дигар низ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.

Зодаи Намангон Акмал Ҷӯрабоев, ки дар миёни ҷангиёни гурӯҳҳои тундрав бо номи Шайх Салоҳиддин маъруф буд, яке аз бунёдгузорони гурӯҳ ё катибаи Имом Ал-Бухорӣ ба ҳисоб мерафт.

Фарди ҳамлакунанда ба Шайх Салоҳиддин ва ҳамроҳонаш пас аз анҷом додани ин ҳамла аз маҳали ҳодиса фирор кардааст. Ҳамон рӯз катибаи имом Ал-Бухорӣ фарди ҳамлакунандаро дар ҷустуҷӯ қарор дод ва ҷоизае барои маълумот дар бораи ӯ дар ҳаҷми 1 миллион фунти суриягӣ муодили 4700 доллари амрикоӣ муайян намуд.

Каме баъд ин гурӯҳ эълом кард, ки ҳамла ба Шайх Салоҳиддин аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи “Хуросон” -- тобеъ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом шудааст. Ин гурӯҳ аз ҷангиёни Осиёи Миёна таркиб ёфтаст. “Дирӯз амири катибаи Имом Ал-Бухорӣ бар асоси шариат барои ҳама ҷурмҳои худ ба муҷозот расид”,-гуфта шуда буд дар изҳороти гурӯҳи “Давлати исломӣ" дар сафҳаи Телеграм. Дар нимаи дувуми рӯзи 28 апрел як узви катибаи имом Ал-Бухорӣ ба "Озодлик" -- бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки қотили Шайх Салоҳиддин боздошт шудааст.

“Гурӯҳи мо ҳама нерӯи худро сафарбар кард то қотилро боздошт кунад. Рӯзи ҷумъа ӯ аз тарафи ҷангиёни мо боздошт шуд. Ҳамлавар Ҷобир ном дорад. Бачаҳои мо хонаеро муҳосира карданд, ки ӯ дар онҷо ҳузур дошт. Дар дохили хона 12 зан ва 10 мард ҳузур доштанд. Онҳо хонаводаҳои ҷангиёни узбак ва тоҷиканд, ки ба қаламрави гурӯҳи “Давлати исломӣ” омадаанд”,-гуфтааст яке аз ҷангиёни катибаи имом Ал-Бухорӣ ба "Озодлик".

Шайх аз Намангон

Мулло Ҳайбатулло Охунзода, раҳбари Толибон.
Мулло Ҳайбатулло Охунзода, раҳбари Толибон.

Акмал Ҷӯрабоев -- номи ҳақиқии раҳбари кушташудаи катибаи имом Ал-Бухорӣ Шайх Салоҳиддин мебошад. Ӯ дар шаҳри Намангон, ки дар водии Фарғонаи Узбакистон воқеъ мебошад, ба дунё омада ва ба воя расидааст. Шайх Салоҳиддин раҳбарии катибаи ба номи имом Ал-Бухориро ҳамагӣ чанд вақт пас аз шурӯи ҷанги дохилии Сурия – аз оғози таъсиси ин гурӯҳ, ба ӯҳда гирифт. Катибаи ба номи Имом Ал-Бухорӣ бо иҷозаи раҳбари гурӯҳи Толибон таъсис ёфта буд. Ҷои ёдоварист, ки 19 июли соли 2016 катибаи имом Ал-Бухорӣ дар вебсайти худ хабар дод, ки ҷангиёни ин гурӯҳ ба раҳбари нави гурӯҳи Толибон Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунзода байъат карданд.

Катибаи ба номи Имом Ал-Бухорӣ дар соли 2013 ба яке аз гурӯҳҳои умдаи шӯришӣ дар Сурия мубаддал шуд, ки алайҳи режими Башор Асад меҷангиданд. Солҳои ахир раҳбари ин гурӯҳ Шайх Салоҳиддин миёни корбарони интернет бо суханронии худ дар мавзӯъҳои динӣ ва сиёсӣ маъруф буд. Аз суханони видеоии Шайх Салоҳиддин фаҳмида мешавад, ки вай қабл аз рафтан ба Сурия, барои муддати тӯлонӣ дар Афғонистон будааст ва бо чанде аз сарони гурӯҳи Толибон мулоқотҳо низ доштааст. Аз ҷумла иттилооте вуҷуд дорад, ки дар гузашта Шайх Салоҳиддин бо яке аз раҳбарони гурӯҳи Толибон Сироҷиддин Ҳаққонӣ дидор кардааст. Яке аз писарони Шайх Салоҳиддин соли 2015 дар шаҳри Идлиби Сурия кушта шудааст.

Раҳбари нави гурӯҳ

Ҷангиёни узбаки гурӯҳи "Тавҳид-вал-Ҷиҳод"
Ҷангиёни узбаки гурӯҳи "Тавҳид-вал-Ҷиҳод"

Тавре ҷангиёни узбак дар Сурия ба “Озодлик” хабар додаанд, як ҷангии маъруф бо номи Абу Юсуф раҳбари муваққатии катибаи ба номи имом Ал-Бухорӣ таъйин шудааст. Ба гуфтаи як рӯзноманигори узбак дар Истанбул, ки фаъолиятҳои ҷангиёни узбак дар Сурияро пайгирӣ мекунад, Абу Юсуф дар миёни ҷангиёни узбак ҳамчун фармондеҳ ва донандаи улуми динӣ шинохта мешавад.

Ин рӯзноманигор мегӯяд, дар бораи ин мард маълумоти зиёд дар даст нест. Ҳамин қадар маълум аст, ки вақтҳои ахир чандин амалиётҳоро алайҳи артиши Сурия ва чандин гурӯҳҳои шӯришӣ дар Идлиб, раҳбарӣ кардааст. Ӯ ба унвони яке аз стратегҳои низомӣ шинохта мешавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ӯ дорои маълумоти динӣ низ мебошад. Интизор меравад, ки номи раҳбари доимии катибаи ба номи имом Ал-Бухорӣ дар ояндаи наздик эълом шавад.

Ҷангиёни узбак дар Сурия

Ба таври маъмул, се гурӯҳи ҷангиёни узбак дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Яке аз онҳо катибаи ба номи имом Ал-Бухорӣ мебошад, ки онро Шайх Салоҳиддин раҳбарӣ менамуд. Тавре як рӯзноманигори узбак дар Истанбул мегӯяд, дар ҳайати ин гурӯҳ беш аз 500 ҷангӣ шомил мебошанд. Ба гуфтаи чандин манбаъ, аксари ҷангиёни ин гурӯҳ зодагони Узбакистон мебошанд.

Гурӯҳи дигари ҷангиёни узбак дар Сурия ва Ироқ бо номи “Тавҳид-вал- Ҷиҳод” шинохта мешавад ва наздик ба гурӯҳи “Ал-Қоида” мебошад. Ба гуфтаи манобеъ, ин гурӯҳ аз ҷумлаи узбактаборони Қирғизистон таркиб ёфтааст. Дар соли 2014 раҳбари ин гурӯҳ зодаи шаҳри Ӯши Қирғизистон Абу Салоҳ ба гурӯҳи Ҷабҳат-ан-Нусра”, ки бо Ал-Қоида ҳампаймон мебошад, байъат кард. Ин гурӯҳ дар қаламрави вилояти Идлиб воқеъ дар шимол-ғарби Сурия фаъолият мекунад.

Гурӯҳи савуми ҷангиёни узбак дар Сурия бо номи “Хуросон” маъруф аст ва ҷузъе аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад ва душмани қасамхӯрдаи гурӯҳи Ҷабҳат-ан-Нусра ба шумор меравад. "Озодлик" мегӯяд, ки дар мавриди шумораи дақиқи ҷангиёни узбак дар ҳайати ин гурӯҳ маълумоти дақиқе дар даст нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG