Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории вазири фарҳанг ва варзиши Узбакистон


Минҳоҷиддин Мирзо (Ҳоҷиматов)
Минҳоҷиддин Мирзо (Ҳоҷиматов)

Вазири фарҳанг ва варзиши Узбюакистон Минҳоҷиддин Мирзо (Ҳоҷиматов)-ро барканор кардаанд. Далели баъди ҳамагӣ якуним соли кор сабукдӯш шудани ӯ ҳанӯз маълум нест.

Бино ба хабари кӯтоҳи нашршуда дар сомонаи расии вазорати фарҳанг ва варзиши Узбакистон, Минҳоҷиддин Мирзо (Ҳоҷиматов) аз мақоми вазири фарҳанг ва варзиш сабукдӯш карда шудааст. Далелҳои барканории Минҳоҷиддин Мирзо аз ин мақом ва он ҳам ҳамагӣ якуним соли кор дар ҳукумат оварда нашудааст ва ҳам маълум нест, ки оё ба ҷои ӯ кӣ ба раҳбарии ин вазорат хоҳад омад.

Манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар сохторҳои вазорати фарҳанг ва варзиш дар ин авохир як навъ “поккорӣ” сурат гирифт ва дар натиҷа чандин мансабдор аз курсиҳои худ маҳрум шуданд. Бино ба маълумоти омада дар сомонаи вазорат, ҳоло курсиҳои вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқисто6, раҳбари саридораи фарҳанг ва варзиши пойтахт, шаҳри Тошканд, ҳамчунин раҳбари чунин идораҳо дар вилоятҳои Ҷиззаху Сирдарё холӣ шудаанд.

Минҳоҷиддин Мирзо рӯзи 26 феврали соли 2013 аз мақоми муовини аввали раиси ширкати давлатии телевизион ва радиои Узбакистон ба симати вазири фарҳанг ва варзиш омад. Гуфта мешавад, дар таъини ӯ ба ин мансаб ва пайвастанаш ба узвияти ҳукумат худи сарвазир Шавкат Мирзиёев нақши хеле фаъол дошт.

Турсуналӣ Қӯзиев
Турсуналӣ Қӯзиев

Минҳоҷиддин Мирзо дар раҳбарии вазорати фарҳанг вва варзиш Турсуналӣ Қӯзиеви 62-соларо, ки ба тахаллуфоти молӣ айбдор мешуд, иваз кард. Бо гузашти қариб ду сол аз ифтитоҳи он парванда то ҳол ҷузъиёти иттиҳомоти зидди вазири собиқи фарҳанг ва варзиши Узбакистон дастраси матбуот нашудааст. Аммо ба гуфтаи манобеи Озодӣ, Турсуналӣ Қӯзиев тавонист ба шарти ҷуброни зиёни расондааш худро аз ҳукми зиндон раҳо кунад.

Дар солҳои охир ин бори аввал нест, ки вазири фарҳанг ва варзиши Узбакистон иваз мешавад. Ин ивазшавиҳо аксаран дар пайи моҷароҳои марбут ба тахаллуфоти молӣ дар ин вазорат сурат мегиранд. Турсуналӣ Қӯзиев худ дар моҳи январи соли 2011 ба ҷои Анвар Ҷабборов вазир таъин шуда буд. Анвар Ҷабборов низ дар ин мақом муддати хеле кӯтоҳе кор кард ва ҳеҷ маълум нашуд, ки чаро ӯро зуд барканор карданд.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Аммо барканории Минҳоҷиддин Мирзо дар ҳоле сурат мегирад, ки дар кланҳои ҳокими Узбакистон ба далели ба якҷо, яъне ба 76 расидани синни раиси ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов чанд муддат боз як навъ мусобиқаи кланҳои мухталиф барои густариши нуфуз ва омодагӣ ба "набарди охирин" дар сурати фавти президент мушоҳида мешавад.

Сарвазир Шавкат Мирзиёев, ки 57 сол дорад, ва ҳамин тавр, раиси 70-солаи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов аз ҷумла ворисони эҳтимолии тоҷу тахти Ислом Каримов тахмин зада мешаванд. Рустам Иноятов, ба ақидаи нозирони умур, ба як гунаи то як ҳадди мумкин фаъолона машғули тақвияти нуфузи бе он ҳам фавқулоддааш дар арши сиёсии Узбакистон аст.

Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов ва дар гузашта яке аз ворисони эҳтимолии курсии ӯ, ба ҳабси хонагӣ андохта шуданаш аз тарафи падарашро натиҷаи "интрига"-ҳои генерал Иноятов ва ниҳоди зери назари ӯ медонад. Ба бовари духтари президентӣ кунунӣ, Иноятов бо кумаки генералҳои таҳти назораташ бо канор задани ӯ барои худ ба курсии раҳбари аввал роҳ мекушояд.

Рустам Иноятов
Рустам Иноятов

Ва аз ин нигоҳ аз ҳайати ҳукумати Узбакистон ва он ҳам баъди ҳамагӣ якуним соли кор "рӯфтан"-и вазири фарҳанг ва варзиш, ки номзади мавриди ҳимояту пуштибонии сарвазир Шавкат Мирзиёев дониста мешуд, метавонад талоши гурӯҳҳои рақиб, аз ҷумла клани Иноятов, барои заифтар кардани мавқеи сарвазири кунунӣ қабл аз ин "набарди охирин" талақӣ шавад.

XS
SM
MD
LG