Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти ду "танфурӯш" бо дастаи каланд


Дар Интернет навори видеоии аз сӯи як марди узбак ба як гунаи таҳқиромез ва пуршиканҷа ҷазо додани ду зани ҷавони гумонбар ба танфурӯшӣ нашр шудааст.

Дар Интернет тақрибан як ҳафта боз навори видеоии муҷозоти худсарона” ё “самосуд”-и ду зани ҷавони гумонбар ба танфурӯшӣ аз сӯи як марди узбак дар вилояти Фарғонаи Узбакистон нашр шуд. Дар ин видеои 8-дақиқаӣ як марди миёнасол ду зани ҷавонро пушти ҳам ба замин гузошта, дастонашро мебандад ва бо дастаи каланд онҳоро бераҳмона латукӯб ва ҳатто чандин бор таҳдиди куштан мекунад. Ин мард ҳар замон ин ду занро “қанчиқлар” гуфта, дашномҳои қабеҳ медиҳад ва ба он айбдор мекунад, ки бо фоҳишагӣ оилаҳои мардумро вайрон мекунанд.

Муҷозоти ин ду зани гумонбар ба танфурӯшӣ дар пои девори хонаи сохтмонаш нотамоме дар пеши чашми мардуми зиёде сурат мегирад. Ҳама дар ин навор ба забони узбакӣ сӯҳбат мекунанд ва чанд нафари дигар, аз ҷумла як наврас ва як зан низ ба раванди “тарбия”-и ин ду зани ҷавон, ки либосҳои аврупоӣ дар тан доранд, ҳамроҳ мешаванд.

Аз ҷумла як зан аз байни тамошобинон ин ду зани дастонашон бастаро дашномҳои қабеҳ медиҳад ва дигаре гӯшии телефонро ба яке аз онҳо наздик меорад, ки бо кадоме гап занад.

Дар навор яке мегӯяд, ки ин ду нафар гӯё ҳиҷоб дар тан ба маҳаллаи онҳо омада, баъди расидан ҳиҷобро бо либоси аврупоӣ иваз кардаанд. Аз садоҳое, ки дар навор шунида мешаванд, чунин бармеояд, ки ин ду зан бо як хеши марде, ки дастаи каланд дар даст онҳоро бераҳмона латукӯб мекунад, қарор гузоштаанд, ки “мо меоем, пиво гирифта монед, маишат мекунем.”

Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ, аз ҷумла сокини вилояти Фарғона Бекпӯлод Аҳмадов, мегӯянд, ин “самосуд” дар шаҳори Яйпан, маркази ноҳияи Узбакистони вилояти Фарғона сурат гирифтааст: “Дар шаҳри Қӯқанди вилояти Фарғона кӯчае ҳаст бо номи Бабушкин. Дар ин кӯча занони далла манзилҳои худро ҳамчун фоҳишахона истифода мебаранд. Онҳо аз сӯи милисаи маҳаллӣ пуштибонӣ мешаванд ва касе ҳаққи дахолат дар ин “бизнес”-и пурдаромадро надорад.”

Бино ба маълумоти Бекпӯлод Аҳмадов, ин ду зани ҷавон дар ҳамин кӯчаи Бабушкин “кор” мекарданд ва вақте дастгир ва таҳқиру латукӯб шуданд, ки ба Яйпан, воқеъ дар наздикии шаҳри Қӯқанд ба “гастрол” рафтаанд.

Манобеи Озодӣ мегӯянд, лаҳҷаи узбакие, ки ин ду зани гумонбар ба танфурӯшӣ сӯҳбат мекунанд, хоси Данғара, минтақае дар ҳамсоягии Яйпан дар вилояти Фарғона мебошад.

Нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба по кардааст. Бархе корбарони узбак навиштаанд, ки агар мақомот қазияро пайгирӣ кунанд, марде ки ин ду занро бо дастаи каланд бераҳмона латукӯб мекунад, метавонад бар пояи 2 моддаи Кодекси ҷиноии Узбакистон – 104 (қасдан расондани осеб ба саломатии инсон) ва 110 (шиканҷа) – ба ҷавобгарӣ кашонда шавад. Гуфта мешавад, баъди гузориши Озодӣ гурӯҳе аз фаъолони маҳаллӣ ба Хадамоти амнияти Узбакистон муроҷиат кардаанд, то ин мардро пайдо ва муҷозот кунанд.

Аммо бархе корбарони дигар аз муҷозоти танфурӯшон истиқбол карда, гуфтаанд, ки вақте мардум ба адолати милиса бовар надорад ва медонад, ки мақомоти интизомӣ ба ҷои таъқиб, танфурӯшонро ҳимоят ва “парасторӣ” мекунанд, даст ба чунин “самосуд” мезананд.

Дар посух ба ин афрод, Дилобар Эркинзода, як фаъоли ҳуқуқи башари узбак гуфтааст, “пас байни ин “ҳайвонӣ” -е, ки дар ин навор дидем, ва ваҳшонияте, ки созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ намоиш медиҳад, чӣ фарқ ҳаст?”

Қаблан ҳам дар Интернет наворҳои видеоии “муҷозот”-и занони тоҷику узбаку қирғиз ба далели танфурӯшии онҳо нашр шуда буд.

Акс аз навори муҷозоти ду зани тоҷикистонӣ бо гумони танфурӯшӣ
Акс аз навори муҷозоти ду зани тоҷикистонӣ бо гумони танфурӯшӣ

Аз ҷумла дар як навори 10-дақиқаӣ, ки моҳи сентябр расонӣ шуд, 2 ҷавони тоҷик 2 зан аз Тоҷикистонро барои он ки бо танфурӯшӣ “обрӯ ва шаъни ҳамватанон”-и худро паст задаанд, дар хонае бо алфози қабеҳ таҳқиру мазаммат ва таҳдиди куштан мекунанд ва дар охир бо нидои “Сарашро кал кун!” дасту пойҳои онҳоро баста, ба тарошидани мӯйи сарашон шурӯъ мекунанд. Аммо қабл аз ин либос ва сумкаҳои он ду занро мекобанд ва аз яке 7 ҳазор рубли русӣ ва ангуштариеро берун оварда, аз худ мекунанд. Танҳо аз суханони ҷавонон ва “эътироф”-и худи занҳо маълум мешавад, ки онҳоро гӯё барои сабукпоияшон ба ин ҷазо “маҳкум” кардаанд. Гуфта мешуд, ки ин ду зан аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, худи ин навор дар Сургути Русия бардошта шудааст. Ин ду зан аз азиятдиҳандагони худ зорӣ мекунанд, то “аз гуноҳи онҳо гузаранд ва ҳозиранд ба Қуръон қасам хӯранд ва дигар ба роҳи бад нахоҳанд рафт.

Аз он пеш дар як навори видеоии низ зоҳиран дар Русия сабтшуда гурӯҳи ҷавонони қирғиз як зан аз Қирғизистонро барои он "истинтоқ" мекарданд, ки бо мардони тоҷик хуфтухез кардаанд. Дар поёни он навор низ сари он занро тарошида буданд.

XS
SM
MD
LG