Пайвандҳои дастрасӣ

Нобовар Чаноров: Агар тӯйро аз мо бигиранд, ҳунар мемирад


Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, гуфтааст, ки нархи хидматрасони тӯйхонаҳо, кирояи либоси арӯс ва хидматрасонии наворбардорону сарояндагон ниҳоят гарон аст бояд танзим карда шавад.

Ҳоло, ки меҳмонон каманд, боз ҳам нархи тӯйхонаҳо мисли пештара аст. Ин бар чӣ асос аст? Танҳо барои чор девор ва мизу курсӣ?

Дар Маҷлиси охирини вакилони халқи вилоят Суғд, ки рӯзи 7-уми октябр дар Хуҷанд ҷараён гирифт, Абдураҳмон Қодирӣ гуфтааст, арзиши 3 соат кирояи “фата”-и арӯс 8 ҳазор сомонӣ, нархи хидматрасонии тӯйхонаҳо 8-10 ҳазор сомонӣ ва 3 соат овозхонии ҳунармандон 8 ҳазор сомонӣ аст, ки аз ин нархҳои гарон мардум “ба дод омадаанд”.

“Танҳо барои чор девор ва мизу курсӣ?”

Таъкиди Қодирӣ ба иҷрои қонуни танзими расму оинҳо буд, ки даҳ соли пеш қабул шуда, соли ҷорӣ баъди тағйиру иловаҳо такмил гардид. Ин қонун, ки аксар паҳлӯҳои маишату тафреҳ ва маросими азои сокинонро таҳрир кардааст, яке аз баҳсбарангезтарин қонунҳои солҳои охир ба шумор меравад. Президент Эмомалӣ Раҳмон, як ташаббускори қабули ин қонун, гуфт, дар давоми даҳ соли иҷрои ин қонун 18 миллиард сомонӣ пули мардум сарфа шуд.

Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Бархе аз мақомоти баландпоя баъди ин ҳам талош мекунанд, паҳлӯҳои дигари маъракаҳои мардумиро таҳрир кунанд ва зоҳиран таъкиди раиси вилояти Суғд ҳам идомаи ин кор аст. Музаффар Юнусов, раҳбари шӯъбаи таҳлил ва итттилооти дастгоҳи иҷроияи вилояти Суғд, рӯзи 12-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қонуни танзим шумораи меҳмонони тӯю маъракаҳо хеле камтар муқаррар шудаанд, аммо нархи хидматрасонии тӯйхонаҳо мисли пештара боқӣ мемонад.

Ӯ гуфт, “ҳоло тибқи муқаррароти қонуни танзим дар тӯйҳо шумораи меҳмонон набояд аз 150 нафар бештар бошад. Тамоми тӯйхонаву тарабхонаҳо ҳоло ин муқарраротро риоя мекунанд. Аммо як масъалаи ташвишовар ин гарон боқӣ мондани нархи тӯйхонаҳо аст. Пештар шумораи меҳмонон зиёд буд ва гаронии нархро фаҳмидан мумкин буд. Аммо ҳоло, ки меҳмонон каманд, боз ҳам нарх ҳамон, мисли пештара аст. Ин бар чӣ асос аст? Танҳо барои чор девор ва мизу курсӣ?”

Чаро касе намегӯяд, ки маслан нархи мошини “Мерседес” қимат аст? Он қимат нест, он мувофиқи сифаташ арзиш дорад ва касе хост, онро мехарад. Мо мардумро маҷбур намекунем. Онҳо бо хоҳиши худ моро киро мекунанд.

Маркази нав – барои хидматрасонӣ дар тӯй

Юнусов гуфт, ки баъди суханронии раиси вилоят, бо дастури ӯ, як комиссияи вижа асоснокии нархи хидматрасонии тӯйхонаҳоро барои мардумро месанҷанд ва аз натиҷааш ба раиси вилоят ҷиҳати андешидани чора пешниҳод мекунанд.

Раиси вилояти Суғд дар ин иҷлосия дастур додааст, ки дар назди шӯъбаҳои ақди никоҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят марказҳои махсуси хидматрасонии иҷтимоӣ ташкил карда шавад. Юнусов гуфт, “марказҳои иҷтимоӣ аз дастаи ҳунармандон, ровиҳои тӯй, наворбардорон ва, инчунин, мошинҳои ороста барои шаҳу арӯс иборат хоҳанд буд. Нархи хидматрасонии ин марказҳо бояд барои оммаи васеъ дастрас бошанд. Мо хидматрасонии дигарро маҳдуд намекунем, балки дар бозор як хидматрасонии арзону дастраси дигарро фароҳам мекунем.”

Музаффар Юнусов гуфт, айни замон ин гуна марказҳо дар вилоят ташкил нашудааст ва мақомот роҳҳои иҷрои ин дастури раиси вилоятро баррасӣ доранд. Дар баробари таъсиси марказҳои иҷтимоӣ, Абдураҳмон Қодирӣ таклиф кардааст, ки наварӯсон минбаъд аз бар кардани фатта даст кашида, ба либоси миллӣ, масалан, атлас рӯ биоваранд.

Маълум нест, ки то куҷо пешниҳоди раиси вилояти Суғд дар расму қоидаҳои тӯйдории ин минтақа тағйирот ворид мекунад, вале бархе сокинони саргарми тараддуди тӯй мегӯянд, воқеан, ҳам харҷу хароҷоти тӯй барояшон гаронӣ мекунад.

24 ҳазор сомонӣ – харҷи миёнаи тӯй

Ҳомид Юсупов, як сокини шаҳри Душанбе, ки ният дорад дар ду ҳафтаи оянда тӯйи набераашро баргузор кунад, гуфт, қимати бисёре аз хидматрасониҳо, аз ҷумла кирояи танҳо тӯйхона хеле гарон аст. Ҳомид Юсупов, ки миёнаҳол аст, барои арӯсии наберааш 24 ҳазор сомонӣ омода кардааст ва умедвор аст, хароҷот дар ниҳоят аз ин зиёд намешавад. Вай гуфт, ҳоло тӯйхонаҳо аз соҳибҷашн барои се соат тӯй аз 8 то 10 ҳазор сомонӣ пул мехоҳанд. Хидматрасонии овозхонҳое, ки ҷавонҳо мехоҳанд, аз ин ҳам баландтар - 12-13 ҳазор сомонӣ аст.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бо ин вуҷуд дар муқоиса бо солҳои пешин хароҷоти тӯй хеле камтар шудааст, вале нархи овозхони ҳунармандону тарабхонаҳо бе ягон далел боло аст, ки бояд танзим шавад.

Нобовар Чаноров: “Агар тӯйро ҳам аз мо бигиранд”

Аммо намояндагони мусиқиву ҳунар бо кӯшиши танзими даромади онҳо дар тӯй на ҳамеша розӣ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон ҳамин маъракаҳои мардум аст, ки кору даромади онҳоро зинда нигоҳ медорад.

Нобовар Чаноров, овозхони гуруҳи ҳунарии “Шамс” яке аз овозхонҳои хушхарид дар арӯсиҳои тоҷикӣ аст. Ӯ мегӯяд, нархи ҳар хидматрасониро на мақомот, балки бозор муайян мекунад. Ӯ гуфт, “мо дар як бозор қарор дорем. Чаро касе намегӯяд, ки маслан нархи мошини “Мерседес” қимат аст? Он қимат нест, он мувофиқи сифаташ арзиш дорад ва касе хост, онро мехарад. Мо мардумро маҷбур намекунем. Онҳо бо хоҳиши худ моро киро мекунанд. Ин ягона манбаи даромади мо аст. Дар гуруҳ мо 11 нафар ҳастем, ки дар маъракаҳои мардум хидмат мерасонем, ҳамаи инҳо зану фарзанд доранд, ки бояд таъмин кунанд. Бар замми ин новобаста ба даромадамон мо ҳар моҳ андоз месупорем.”

Нобовар Чаноров
Нобовар Чаноров

Чаноров гуфт, агар мақомот ҳаққи заҳмати овозхонҳоро низ танзим кунанд, вазъи овозхониву санъат дар кишвар хароб мешавад, чунки ин ягона манбаи даромади овозхонҳо аст.

“Бубинед, овозхонҳо аз консерт ҳеҷ фоида намебинанд. Мо ҳоло ҳам қарзи як консертеро, ки дар Кохи Борбад гузаронида будем, меканем. Мардуми мо фарҳанги ба консерт рафтанро ҳам тақрибан фаромӯш кардаанд. Ҳамин тӯй мондааст. Ҳаминро ҳам маҳдуд кунанд, дигар ҳамаи гурӯҳҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон пош мехӯрад”, - гуфт Чаноров.

Калонов: “Аз қонун сӯистифода нашавад”

Аз ҷорӣ шудани қонуни баҳсбарангези танзими расму оин дар Тоҷикистон 10 сол пур шуд. Соли 2017 талаботи қонуни ба маротиб сахттар шуда, додани таом дар ҳамаи маъракаҳои азо манъ шуд. Бисёриҳо ин қонунро хилоф бо озодиҳои инсонӣ ва мудохила ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон мешуморанд.

Аҷам Калонов, пажӯҳишгар ва ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди бархе аз ноқисиву каҷфаҳмиҳо, қонуни танзими расму оин дар икшвар натиҷаи мусбат ба бор меорад. Ӯ гуфт, “яке аз пешфарзҳои низоми демократӣ ин дахолат накардани давлат ба умури шахсии шаҳрвандон аст. Аммо дар баъзе мавридҳои хос, махсусан дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ки дахолати омили берунӣ зиёд мешавад, давлат ҷиҳати амалӣ намудани сиёсатҳояш бештар дар умури шахсии шаҳрвандон дахолат мекунад. Махсусан дар шароити кунунӣ, ки дар аксар кишварҳо амният бар озодӣ муҳимтар шумурда мешавад.”

Калонов гуфт, агар аз қонуни танзим дар Тоҷикистон сахт сӯистифода нашавад ва шурӯъ аз нухбагон ба меъёрҳои он риоят кунанд, бо мурури вақт талаботи ин қонун дар ҷомеа ба воқеият табдил меёбад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG