Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро "China town" ях баст? ВИДЕО


Ба таъхир афтодани бунёди шаҳраки "China town" дар шаҳри Хуҷанд садҳо сокинонеро, ки манзилҳояшонро бо ваъдаи додани хонаҳои нав дар биноҳои бисёртабақа хароб карда буданд, сахт нигарон кардааст. Мақомоти Хуҷанд таъхири сохтмонт чандмиллиондоллариро ба мушкили таҳияи лоиҳакашии биноҳои бисёрошёна дар замини нами соҳили рӯди Сир рабт медиҳанд.

Манзили заминии оилаи Ҳошимовҳоро мақомот дар қатори хонаҳои беш аз 30 сокини дигари хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд тобистони соли 2015 ба хотири холӣ кардани ҷои бунёди шаҳраки "China town" хароб карданд. Ҳоло ин оила, иборат аз 10 нафар дар манзили иҷора зиндагӣ доранд.

Чаро "China town" ях баст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Комил Ҳошимов, сарвари ин хонавода мегӯяд: “Вақти хароб кардани хонаҳо аз ҳукумат омада, моро ба кӯчидан хеле шитоб кунонданд. Мо дар муҳоҷирати кории Русия будем, зуд омада, ба шартномаи кӯчидан имзо кардем. Баъди он дигар ҳама ороманд ва кор хоб аст.”

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси пешини шаҳри Хуҷанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси пешини шаҳри Хуҷанд.

Ҳамсари ӯ Рафоат Ҳошимова мегӯяд, зистан дар як манзили иҷораи бинои бисёртабақа бо ду писари оиладору кӯдакони барояшон вазнин аст. Ӯ афзуд, онҳо тибқи қарордод, ба шарти он ба тахриби манзилашон ризоят дода буданд, ки баъди як сол калиди манзили навро ба онҳо месупоранд.

Бунёди шаҳраки нав дар хиёбони Раҳмон Набиеви Хуҷанд, ки аз он ба номи "China town" ном бурд мешавад, моҳи августи соли 2015, ҳангоми мулоқоти раиси собиқи Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири кулли ширкати "Пекин" Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳе аз меъморону сохтмончиёни Чин ниҳоӣ шуда буд. Бар пояи хабарҳои расмӣ, тибқи қарордод тарҳи ин шаҳрак, бунёди 15 бинои бисёртабақа барои 1200 оила, мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоиро дарбар гирифта, мӯҳлати анҷомаш дар 5 сол пешбинӣ мешуд.

Вале бо гузашти тахминан яку ним сол, ба ҷуз тахриби хонаҳои сокинони маҳали сохтмон ва тоза кардан аз шикастапораҳо, дигар коре иҷро нашудааст. Шумори онҳое, ки дар робита бо ин тарҳ аз манзилҳои собиқи худ берун бароварда шуда дар мунтазири бунёди хонаҳои нав ҳастанд, ба беш аз 300 нафар мерасад.

Рӯзи 18-уми январ, ки ба ҷои бунёди ба истилоҳ шаҳраки чинӣ рафтем, он ҷоро чун пештара холӣ аз коргарон дидем. Танҳо чизе, ки аз маҳали сохтмони оянда дарак медод, тунукабандӣ будани атрофаш буд. Ба гуфтаи сокинони пештараи ин маҳал, сохтмони ин шаҳракро ширкати тоҷикистониву чиноии “Ҳусноро-1” дар шаҳри Хуҷанд бар ӯҳда дорад, вале масъулони ин ширкат сабаби аслии таъхир др сохтмони шаҳраки навро ба онҳо баён накардаанд.

Бо гузашти тахминан яку ним сол ба ҷуз тахриби хонаҳои сокинони маҳали сохтмон ва тоза кардан аз шикастапораҳо, дигар коре иҷро нашудааст.

Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд ақиб афтодани иҷрои тарҳи бунёди "Chinatown"-и овозадор дар Хуҷандро ба мушкили кашидани лоиҳаи биноҳои баландошёна дар соҳили рӯди Сир рабт дод. Ӯ дар нишасти хабарии худ рӯзи 18-уми январ гуфт, “ҳоло корҳои лоиҳакашӣ дар марҳалаи ҷамъбаст расидааст. Вале то лоиҳа омода нашавад ва аз ташхиси давлатӣ нагузарад, ба корҳои сохтмон иҷоза дода наметавонем. Корҳои сохтмонро як ширкати муштараки Чину Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.”

Шарифзода вале нагуфт, тарҳ кай омода ва сохтмони биноҳои истиқомативу иншоотҳо шурӯъ хоҳад шуд. Ва ин норӯшанӣ сокинони умедвори хонаҳои наву барҳаво ва аз манзилҳои қаблӣ маҳрумшударо нигарон медорад.

Бархеи онҳо мегӯянд, гӯё зимни санҷиш аз ҷойи таҳкурсӣ ё пойдевори биноҳо об баромада, сармоягузори чиниро аз маблағгузорӣ ба тарҳ дар соҳили рӯди Сир, дилсард кардааст. Дар ин робита як манбаи наздик ба иҷрои тарҳ дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, сармоягузорони чиноӣ гуфтанд, бинобар намнокии замини шаҳрак, хароҷот барои бунёди биноҳои истиқомативу иншооти дигари иҷтимоӣ дар ин маҳал зиёдтар мегардонд, аз ин рӯ қисмати бунёди ҷои фароғативу сайругашт дар канори шаҳрак ва соҳили рӯди Сир аз тарҳи аслӣ хориҷ карда шавад, вале мақомоти тоҷик инро қабул накардаанд.

Намое аз шаҳри Хуҷанд.
Намое аз шаҳри Хуҷанд.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи раиси шаҳри Хуҷанд, қарордоди Тоҷикистону Чин сари бунёди нахустин "China town" дар соҳили рӯди Сир ҳанӯз побарҷост ва мушкили пешомада сари иҷрои он рафъ карда мешавад. Ӯ гуфт, тибқи шартномае, ки сокинони манзилҳояшон харобшуда бо ширкати Чину Тоҷикистон доранд, зери ҳимояи қонун ҳастанд ва то замони додани калиди манзилҳои нав ба дасти онҳо, ширкати “Ҳусноро-1” иҷорапулии онҳоро пардохт хоҳад кард.

Ин нахустин маблағгузории бахши хусусии Чин ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Суғд барои сокинон хоҳад буд. Вале ин ширкат ӯҳдадор шудааст ҳудуди 70 дарсади коргаронро аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб кунад. Ҳамчунин масъулони ин ширкат тибқи қарордод, манзилҳои биноҳои бунёдкардаи худро барои фурӯш ба сокинони Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд кард.

Чин аз баҳрабардорони аслӣ аз конҳои маъдани шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Саҳмияҳои корхонаи муштараки тилои “Зарафшон” умдатан ва корхонаи сурбу рӯҳи шаҳраки Зарнисор (Олтинтопгани собиқ) - ро Чин дар даст дорад. Дар ҳоли ҳозир Чин дар шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ) низ корхонаи бузурги дигари сурбу рӯҳ месозад. Ҳамчунин, кишвари Чин аз талабгорони асосии баҳрабардорӣ аз захоири Кони Мансур, дувумин кони бузурги нуқра дар ҷаҳон, воқеъ дар тахминан 50-километрии шимоли Хуҷанд аст.

XS
SM
MD
LG