Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалатӣ Баротова: "Қаҳрамон"-и ин видеои фаҳш ман нестам. САДО


Порае аз навори "Нури наҳзат"
Порае аз навори "Нури наҳзат"

Хонуме, ки исмаш дар як навори видеоии гурӯҳи худхондае бо номи “Нури наҳзат” гӯё ҳангоми ишқварзӣ бо як марди ношинос зикр шудааст, ин сабтҳоро тӯҳмат меномад ва мегӯяд, ин зан ӯ нест.

Ғалатӣ Баротова, сокини рустои Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон рӯзи 24 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди шунидани хабари ӯро бадномкунандаи нашри як навори видеоӣ, ки зери тамғаи телевизиони “Нури наҳзат” дар Интернет пайдо шудааст, дар ҳолати афсурдагӣ ва айни замон эътироз қарор дорад. Ғалатӣ Баротова мегӯяд, “зане, ки дар навори ишқварзӣ бо як марди чеҳрааш пардапӯш ба видео афтодааст, ман нестам ва ҳар касе ин наворро бардоштааст, танҳо як ҳадаф доштааст, доғдор кардани номи ман.”

Ғалатӣ Баротова мегӯяд, дар ин навор зани рӯймолбасаре, ки даст ба дуо мекушояд, дар ҳақиқат худи ӯст, вале "ҳар кас метавонад ба осонӣ муқоиса кунад ва бубинад, ки сурату суроби ман аз он зане ки бо он мард ишқварзӣ мекунад, хеле фарқ дорад."

Ғалатӣ Баротова мегӯяд, ӯро тӯҳмат кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:25 0:00
Линки мустақим

Ровии ин навор, ки дар таърихи 19 ноябр дар Интернет пахш шудааст, Ғалатӣ Баротоваро ба унвони як мубаллиғи дин ва ҳам узви фаъоли ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар амалҳои ғайриахлоқӣ айбдор карда, саҳнаи ишқварзии як зани миёнасолро бо як марди ношиносро, ки тахмин меравад, дар моҳҳои сентябр ва октябри имсол сабт шудааст, ба намоиш мегузорад. Чеҳраи ин мард пӯшида аст ва ба назар меояд, ки ӯ аз наворбардорӣ аз пеш бохабар буд. Хонум Баротова мегӯяд, худи ӯ дар бораи нашри ин навор ҳамин ду-се рӯзи пеш ҳангоми сафараш ба Душанбе огаҳ шудааст.

Ровии навор иддао дорад, ки “қаҳрамон”-и зан дар ин навор маҳз Ғалатӣ Баротова мебошад. Аммо худи ӯ инро башиддат рад мекунад: “Ман мехоҳам бигӯям, ки дар ин навор ман сабт нашудаам. Ин кадом зани дигарест, ки ҷавонтар аз ман аст. Лаънат ба онҳое, ки чунин тӯҳматро дар нисбати ман ва исми ман раво дидаанд.”

Ба думболи пахши ин навор занҳои узви ҲНИТ бо ҳадафи ташхиси дурустии сабт бадани ин занро муоина кардаанд. Ғалатӣ Баротова, мегӯяд, дар навор “зани ҷавонтар”-е сабт шудааст, ки танаш ба гуфти ӯ, “мисли шир сап-сафед аст”.

“Ман як зани 51-сола ва инсони касалмандам ва дар тани ман ҳам, модоме дар ин бора сухан меравад, ҳадди ақал 6 осори ҷарроҳӣ дида мешавад. Зане, ки дар навор омадааст, як зани бечораи бегонаи дигар аст ва хеле ҷавонтару зеботар аз ман аст. Инро хонумҳои ҳизб ҳам диданд.”- гуфт Ғалатӣ Баротова.

Аммо ин хонуми 51-сола, ки мегӯяд, худро таҳқиршуда ва беҳуқуқ дарёфтааст, нияти ба додгоҳ шикоят кардан надорад. “Ман барои судбозӣ пул надорам,”- афзуд ӯ. Ғалатӣ Баротова аз тарафи дигар, муроҷиат ба мақомот дар шароити кунунии Тоҷикистонро коре беҳуда ва беасар медонад, чунки, мегӯяд ӯ, “ҳама бе ин ҳам медонанд, ки дар пушти чунин корҳо киҳо истодаанд.”

Ғалатӣ Баротова гуфт, ки чанд сол пеш ҳамсарашро аз даст додааст. Ӯ соҳиби 4 фарзанд ва 12 набера буда, маълумоти олӣ надорад: “Дар навор мегӯянд, ки гӯё ман мехоҳам депутат шавам. Охир ман тамоми умр деҳқонӣ кардаам, саводи олӣ надорам, ки даъвои депутатӣ кунам. Ман 6-7 сол пеш ба узвияти ҲНИТ дохил шуда, як узви қатории ин ҳизб будам. Азбаски аз хурдӣ Қуръонро медонистам, дар миёни мардум гоҳе ба унвони бибимулло ҳам хидмат мекунам. Вале ман сиёсатмадор ё даъвогари мансабу корҳои баланд нестам, тавре дар ин сабт мегӯянд.”

Ғалатӣ Баротова мегӯяд, таҳти фишори сахте қарор дорад, чунки баъди чунин бадном шуданаш метарсад, ки фарзандон ва хешу табор аз ӯ рӯ гардонанд. Ӯ мегӯяд, умедвор аст, ки ҳоло баъди нашри ҳарфҳояш мардум мефаҳманд, ки ин ҳама дар ҳаққи ӯ як тӯҳмати нафратангез аст.

“Ин чӣ кишварест, ки ман зиндагӣ мекунам?”

Навори саҳнаи ишқварзии хонуми зоҳиран 45-50 солае, ки ба таври пинҳонӣ сабт шудааст, ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоии Ютюб ва Фейсбук роҳ ёфт.

Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов

Коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов баъди дидани ин навор дар Интернет дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ба афроде, ки ин сабтро таҳия, матни онро қироат ва баъдан барои тамошои умум дар Интернет гузоштаанд, “нафрат дорад”, зеро ин амали онҳо хориҷ аз доираи ҳама гуна меъёрҳои ахлоқӣ аст. Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ин навор ӯро дар ҳоли шок гузошт. “Ин чӣ кишварест, ки ман зиндагӣ мекунам?” - мегӯяд ӯ. Ба эътимоди коргардони тоҷик, аз тарзи сабти ин навор маълум аст, ки саҳнаҳои он “ҳадди аққал” бо ду камераи видеоӣ пинҳонӣ сабт шудааст ва як амали аз пеш аз пеш тарҳрезишуда аст.

Ровии наворҳои фаҳше, ки таҳти тамғаи “Нури наҳзат” нашр мешаванд, худро намояндаи ҲНИТ ва ҳадафи навобардориро поксозии суфуфи ҳизб аз афроди тасодуфӣ дар остонаи интихоботи порлумонии соли 2015 унвон кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ӯё дар ин ҳизб ба раҳбарии муовини раисаш Муҳаммадалии Ҳайит гурӯҳи вижае амал мекунад, ки аъзои бадахлоқи ин ҳизби мухолифро рӯи об мебарорад. Иддаое, ки дар ҲНИТ рад мекунанд ва мегӯянд, ҳеҷ гуна гурӯҳи вижа ба раҳбарии оқои Ҳайит вуҷуд надорад ва ин ҳама идомаи “дурӯғпароканӣ”-ҳои зидди ин ташаккули сиёсист.

Аз ин пеш дар телевизиони давлатии Тоҷикистон чанд гузориши видеоие пахш шуд, ки равобити ғайришаръии баъзе аъзои ҲНИТ-ро фош ва мавриди интиқод қарор дод. Охирин чунин маврид моҳи августи имсол буд, ки дар наворе бо исми "Муллое аз Лолазор" дар бораи дастдарозии як муллои узви ҲНИТ ба номуси духатарандараш гузориш медод.

Пахши навори саҳнаи ишқварзии як зани тоҷик дар Интернет ин нигарониҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст, ки гурӯҳҳои рақиб барои бадном кардани якдигар дигар ягон ҳадду ҳудудро намешиносанд ва аз ҳеҷ усуле парҳез намекунанд. Ҳоло баъзе коргарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин суолро мегузоранд, ки агар вуруд ба ҳарими хусусии инсонҳо дар Тоҷикистон қонуншиканӣ бошад, пас мақомоти ҳифзи тартибот бояд ин гурӯҳро ошкор кунанд ва ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Бо гузашти 5 рӯз аз нашри ин навор дар Интернет то ҳол ягон ниҳоди интизомӣ ё амниятии Тоҷикистон ба он вокуниш нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG