Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ ҳини таваллуд беҳтар шудааст"


11 июл Рӯзи Ҷаҳонии нуфус ё аҳолӣ зери шиори “Дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ ҳангоми таваллуд” баргузор мешавад.

Бар асоси маълумоти Хазинаи нуфуси СММ, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар саросари ҷаҳон тақрибан 800 зан дар ҷараёни ҳомиладорӣ ва ҳангоми таваллуд ҷон медиҳад. Ин нишондод дар саросари ҷаҳон соле 291 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон низ фавти модарон ҳангоми таваллуд ҳанӯз аз меъёрҳои таъйиншудаи байналмиллӣ бештар аст. Намояндагии Бунёди аҳолии СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, соли 2011 фавти модарон аз ҳар 100 ҳазор таваллуд 37 нафарро ташкил додааст, дар ҳоле, ки ин нишондод дар соли 2002 - 50-51 нафарро ташкил медод.

Сураё Назарова-момодояи яке аз зоишгоҳҳои марказии Душанбе мегӯяд, мутаассифона то ҳол мавориди фавти модарон ҳангоми ба дунё овардани кӯдак мушоҳида мешавад. Баъзе занони ҳомила, ки гирифтори бемориҳои модарзодӣ ҳастанд, намехоҳанд давраи ҳомиларо пеш аз мӯҳлат қатъ кунанд ва дар чунин ҳолатҳо наҷоти онҳо ҳангоми таваллуд хеле мушкил мешавад:

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
“Масалан, ҳамин сол як зан фавтид, сабаби он нуқси модарзод буд. Дилаш бемор буд. Ба вай ҳомиладорӣ мумкин набуд. Ё сабаби дигар гепатит ё бемории зардпарвин ва бемории қанд аст. Ба наздикӣ як занро аз ноҳияи Турсунзода ба мо оварданд. Вай ба бемории гепатити “В” гирифтор буд ва набояд ҳомиладор мешуд. Дар давраҳои аввал низ нахостааст ҳомиладориро қатъ кунад. Вақте, ки кӯдаки батнаш нӯҳмоҳа шуд ва ба маркази мо оварданд, тифл дар батни модар мурда буд ва худи модар ҳам саратони ҷигар буд. Ҳангоми таваллуд ҷигараш аз кор монд”.

Хонум Назарова мегӯяд, аксари даргузаштҳо на аз хунравӣ ё баланд шудани фишори хун ҳангоми таваллуд ё бемориҳои бачадон, балки аз бемориҳои модарзодӣ рух медиҳанд, ки мӯҳлати сиқти ҷанин дер шудааст. Дар чунин вазъ ёрии тиббӣ тақрибан таъсир надорад.

Наргис Раҳимова - раҳбари барномаи саломатӣ оид ба репродуктивии Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон низ ба ҳамин сабабҳо ишора мекунад ва мегӯяд, солҳои ахир вазъ дар Тоҷикистон дар ин замина рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таваллуд дар зоишгоҳҳо рӯ ба коҳиш оварда буд, зеро набуди доруву дармон ва хадамоти зарурӣ эътимоду бовариро ба зоишгоҳҳо камтар карда буд, вале ҳоло шумораи таваллуд дар хона камтар шудааст ва барои таваллуд ба зоишгоҳҳо бештар муроҷеа мекунанд.

Агар 5-6 соли пеш занон ҳангоми таваллуд ё дар ҷараёни ҳомиладорӣ аз хунравӣ ҷон медоданд, вале акнун дар аксари зоишгоҳҳо момодояҳо метавонанд аз хунравӣ занро наҷот диҳанд. Наргис Раҳимова мегӯяд, бо кӯмаки Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон момодояҳои минтақаҳои дурафтодаи кишвар давраҳои омӯзишӣ дидаанд ва дар баъзе зоишгоҳҳои минтақаҳо низ таҷҳизоти зарурӣ насб шудааст.

“Муриши занҳо аз хунравӣ дар ҷои аввал буд. Мо стандартҳои Созмони ҷаҳонии беҳдоштро дар ин ҷо ҷорӣ карда истодаем. Сифати хидматрасонӣ беҳтар гардид. Хунравӣ ва эквансия кам шудааст. Травмаҳо бисёр кам шудаанд”.

Ба гуфтаи хонум Раҳимова, даргузашти модарон ҳангоми таваллуд ё дар ҷараёни ҳомиладорӣ дар Тоҷикистон аз соли 2002 то соли 2011 - 23 дарсад камтар шудааст ва аз ҳар сад ҳазор таваллуд аз 50 фавт ба 37 фавти модар баробар шудааст. Дар барномаи “Ҳазораи СММ”, ки солҳои 2000 то 2015 дар бар мегирад, меъёри байналмиллалӣ 15 фавт муқаррар шудааст ва Тоҷикистон низ то соли 2015 бояд ба ҳамин меъёр бирасад.

Намояндагии Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, шояд Тоҷикистон то он вақт ба ин меъёр нарасад, вале бо кӯмаки созмонҳои байналмиллалӣ пешравӣ мушоҳида мешавад.

Гулбаҳор Ашӯрова - мудири бахши ҳифзи саломатии модар дар вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар марказҳо ва шаҳрҳо хидматрасонӣ нисбат ба минтақаҳои дурафтода беҳтар аст. Бино бар ин вазорат ба нақша гирифтааст, ки момодояҳоро бештар дар минтақаҳои дурафтода омӯзиш диҳад:

“Дар ноҳияҳои дурдаст кормандони тиб кам мебошанд ва ҳамаи душворӣ бар дӯши момодоя меафтад. Мо якҷо бо созмонҳои байналмиллалӣ барномарезӣ кардаем, ки дар минтақаҳо момодояҳоро омӯзонем ва агар дар оянда модаре хоҳад, ки дар хона таваллуд кунад, бояд ҳатман корманди тиб ҳузур дошта бошад”.

Тибқи нақшаи вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бо кӯмаки намояндагии Созмони Ҷаҳонии беҳдошт ва намояндагии Хазинаи Нуфуси СММ дар ин кишвар? бояд тадриҷан таҷҳизоти ташхиси занони ҳомила ва ташхиси бемориҳои онҳо насб шавад.
XS
SM
MD
LG